Аз соли 2017 корманди Радиои Озодӣ дар Душанбе аст.
Ба фикри шумо кадом оила хушбахт аст, серпулу сарватманд, ё камбизоату вафодор. Хабарнигори Радиои Озодӣ бо ин суол, ки кадом оиларо хушбахт мешуморед, ба раҳгузарони ҷавону пир муроҷиат кард.
Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе рӯзи 10-уми март бардоштҳои худ аз сафари давлатии Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистонро баён доштанд.
Ҳосили сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон, ба Тоҷикистон, аз ҷумла иҷозаи сафари якмоҳа бидуни виза ба шаҳрвандони ду кишвар бо ҳазорҳо “лайк”-у шодбошӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ шуд.
Як рӯз пеш аз таҷлили рӯзи модар дар шаҳри Душанбе, ҷашнворае баргузор шуд, ки ширкатдоронаш ҳам занону модарон буданд. Дар ҷашнвораи ҷумҳуриявии кулчақанд ва нон ки рӯзи 7-уми март сурат гирифт, даҳҳо нафар кадбону аз тамоми гӯшаҳои кишвар ҷамъ омаданд. Ҳамкорони мо ҳам ба ин ҷашнвора рафтанд.
Баъзе аз занони роҳгузар дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе гуфтанд, ки шаҳваронашон танҳо дар вақти ид, аз ҷумла Рӯзи Модар, ибораи "дӯст медорам"-ро ба забон меоранд. Бархеи дигар гуфтанд, ки тақрибан ҳар рӯз ин ибораро мешунаванд ва он ба як бахши зиндагиашон табдил шудааст
Дар остонаи Рӯзи модар дар Тоҷикистон, ки ҳар сол рӯзи 8-уми март таҷлил мешавад, хабарнигори Радиои Озодӣ аз чанд зан пурсид, ки оё шавҳарашон ба онҳо муҳаббати худро нишон медиҳад ва мегӯяд, ки дӯсташ медорад? Видеоро бубинеду назаратонро нависед
Дар остонаи рӯзи модар, хабарнигори Радиои Озодӣ аз раҳгузарон дар Душанбе пурсид, ки дар рӯзи 8-уми март ба азизони худ чӣ ҳадя мекунанд. Шумо ҳам бубинед ва бигӯед, ки чӣ ҳадя мекунед.
Дар остонаи Рӯзи байналмилалии занон, рӯзи 8-уми март, ки дар Тоҷикистон ба ҳайси Рӯзи модар таҷлил мешавад, хабарнигори Радиои Озодӣ аз раҳгузарон дар Душанбе, пурсид, ки машҳуртарин занони тоҷик кистанд?
Қурутоб тоҷикист ва ё муғулӣ. Мавзӯе, ки имрӯзҳо корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба ду ҷабҳа тақсим кардааст. Яке мегӯяд, қурутоб ғизои миллист, дуввумӣ мегӯяд, қурутобро тоҷикон нусха бардоштаанд. Мо дар Душанбе айни суолро пурсидем ва пурсидем, ки ғизоро ба милливу бегона тақсим кардан мумкин аст?
Дар Тоҷикистон умдатан фарзандон мутеи волидайн ҳастанд ва зиёд бо онҳо дар бораи ҳаққу ҳуқуқи худ баҳс намекунанд. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз раҳгузарон пурсид, ки оё фарзанд бояд хатои падару модарро гӯяд, ё ба он чашм пӯшад.
Тоҷикистон соли 2020 интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дорад. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар як сӯҳбати сарироҳӣ аз чанд раҳгузар пурсид, ки президент шудан мехоҳанд. Ҷавобҳои ҷолиб гирифт. Шумо ҳам бубинед ва бигӯед, ки дар Тоҷикистон имкони президент шудани ҳар нафар ҳаст?
Чанде аз роҳгузарони хиёбонҳои шаҳри Душанбе дар суҳбати сарироҳӣ бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки нияти президентшавӣ доранд. Аммо онҳо бештар ба имкони маҳдуди худ ишора карданд, ки роҳи расиданашон то курсии раёсати ҷумҳуриро мушкилу дастнорас кардааст.
Вазорати фарҳанг дастуруаламали либосҳои тавсиявӣ барои занонро нашр кард. Ҳадаф дур кардани занон аз “либосҳои бегона” будааст. Афсонаи Акобиршо баъзе аз ин аксҳоро ба чанд духтар дар Душанбе нишон дод ва пурсид, ки оё маъқул мекунанд, ё не.
Ҳар сол 23-юми феврал дар Тоҷикистон на танҳо чун рӯзи Артиши миллӣ, балки чун рӯзи мардон низ таҷлил мешавад. Дар ин рӯз духтарон, ҳамсарону хоҳарон, хулоса занон, ба мардони хонавода ва ҳамкорони худ тӯҳфаҳо тақдим карда, онҳоро ҳамчун муҳофизони ватан ва хонавода табрик мекунанд.
Чун одати ҳарсола 23-юми феврал дар Тоҷикистон на танҳо чун рӯзи Артиши миллӣ, балки чун рӯзи мардон таҷлил мешавад.
Дар Тоҷикистон беш аз сад номгӯи ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ аз пардохти андоз комилан озод шуданд.
Адрасбофию шероздӯзӣ, рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, сангтарошӣ ва наю рубобсозӣ аз ҷумлаи 104 номгӯи ҳунару касбҳое шуданд, ки аз пардохти молиёт озод шуданд. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз роҳгузарон пурсид, ки дар бораи 104 касбу ҳунари мардумӣ чӣ медонанд?
Хабарнигорони Радиои Озодӣ дар як суҳбати сарироҳӣ аз сокинони Душанбе пурсиданд, ки дар як моҳ чанд дафъа ба тарабхонаҳо сар мезананд. Бархе гуфтанд, ки вақту пули “ресторан”-равӣ надоранд, баъзеи дигар гуфтанд, дар як моҳ то чаҳор бор барои суҳбат бо дӯстон ба тарабхонаҳо мераванд.
Сокинони шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, чаро ба тарабхона намераванд.
Сокинон дар бораи забондонии мансабдорон гуфтанд.
Ёфтҳои бештар