Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода дар ҷануби Тоҷикистон тамрини густурдаи қабули эҳтимолии то 10 ҳазор нафар гурезаро дар ҳолатҳои фавқуллодаи табиӣ баргузор мекунад. Ҳарчанд мақомот мегӯянд, ки ин тамрин танҳо ба манзури кӯмак ба паноҳандаҳо аз офатҳои табиӣ нигаронида шудааст, аммо коршинон мегӯянд, ки вазъи сиёсиву низомӣ дар Афғонистон боис шудааст, ки мақомоти тоҷик чунин омодагиро рӯи даст гирифтаанд.
Тамрини ташкили сарпаноҳ барои ҳазорҳо паноҳандаҳои шартӣ дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон садҳо шаҳрвандони Афғонистони ҷангзада паноҳ бурдаанд.
Ситоди марказии ин тамрин дар фурудгоҳи ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ воқеъ аст ва дар он масъулони вазоратҳои ҳолатҳои фавқуллода, корҳои хориҷӣ, вазорати корҳои дохилӣ, нерӯҳои марзбонӣ ва амният, сохторҳои дигари низомӣ ва намояндаҳои созмонҳои байналмиллалии муқими Тоҷикистон ва сафоратхонаҳои бархе аз кишварҳои хориҷӣ қарор доранд.
Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон 11-уми апрел гуфт, мақомот аз эҳтимоли вуруди теъдоди бузурги паноҳандагон аз кишварҳои ҳамсоя дар пайи вуқӯи ҳодисаҳои табиӣ нигарон ҳастанд ва мехоҳанд омодабошии сохторҳои зидахлро бисанҷанд. "Мо барои тамрин пешбинӣ мекунем, ки аз ин кишварҳо имкон дорад то 10 ҳазор паноҳанда вориди Тоҷикистон шавад",-афзуд Умеда Юсуфӣ.
Ба гуфтаи сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон, ниҳодҳои ширкаткунанда дар наздикии марз бо Афғонистон "шаҳраки муваққати хаймавӣ" бунёд мекунанд, ки метавонад то 10 ҳазор паноҳандаро ҷой диҳад. Вай афзуд, тамрин бо мусоидати созмонҳои байналмиллалии муқими Тоҷикистон баргузор шуда, дар ҷараёни он омодагии ҳамаи сохторҳо барои пазироӣ, интиқол ва таъмини саломативу амнияти нафарони гуреза санҷида мешавад.
Ҳарчанд Умеда Юсуфӣ баргузории ин тамрин дар марз бо Афғонистонро танҳо ба хотири эҳтимоли вуруди паноҳандагони афғон радд мекунад, вале соҳибназарон мегӯянд, ки ширкати созмонҳои байналмиллалӣ дар ин машқҳо гувоҳи он аст, ки мақомот маҳз аз эҳтимоли вуруди теъдоди бузурги паноҳандаҳо аз Афғонистон дар пайи бесуботӣ дар ин кишвар нигарон ҳастанд.
Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон 11-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки сохторҳои ин ниҳод низ дар тамрин ширкат мекунанд ва масоили марбут ба убури гурезаҳо аз кишвари ҳамсоя ва будубоши осоиштаи онҳо бо аҳолии маҳаллиро машқ мекунанд. Вай афзуд, ки ин тамрин аз сӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда баргузор мешавад ва нерӯҳои марзбонӣ танҳо ба сабти номи паноҳандаҳое, ки аз марз убур мекунанд, муваззаф шудааст.
Маҳдӣ Собир, коршиноси Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон 11-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳарчанд дар фасли баҳор селобҳо дар кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон як амри маъмулӣ аст, вале ин тамрин танҳо ба ҳадафи вуруди теъдоди зиёди паноҳандагони афғон дар пайи бесуботӣ дар кишвари ҳамсоя роҳандозӣ мешавад.
Вай гуфт, баргузории тамрин дар наздикии марз бо Афғонистон танҳо як ҳадаф дорад ва бо дарназардошти ташаннуҷи вазъи сиёсӣ дар шимоли Афғонистон, мақомоти тоҷик пешбинӣ мекунанд, ки эҳтимол дорад теъдоди зиёди сокинони минтақаҳои ҳаммарз бо Тоҷикистон аз ноамнӣ гуреза шуда, вориди қаламрави Тоҷикистон шаванд. "Мақомоти тоҷик ба ин хотир мехоҳанд омодабошии сохторҳои худро бисанҷанд",-афзуд Маҳдӣ Собир.
Шимоли Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, моҳҳои ахир маҳалли даргирии нерӯҳои ҳукуматӣ бо дастаҳоест, ки ба қавли мақомоти Кобул, аз тундгароёни кишварҳои собиқи Шӯравӣ иборатанд. Миёни ин афрод аъзои гурӯҳи мамнӯи "Давлати исломӣ" низ кам нестанд. Ахиран мақомоти Русия гуфтанд, ки иттилои мақомоти интизомии Тоҷикистон дар заминаи ба Афғонистон интиқол ёфтани 8 ҳазор аъзои "Двлати исломӣ" аз хоки Сурияву Ироқро мавриди санҷиш қарор медиҳанд.
Тамрини ташкили сарпаноҳ барои ҳазорҳо паноҳандаҳои шартӣ дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон садҳо шаҳрвандони Афғонистони ҷангзада паноҳ бурдаанд. Масъулони созмони ғайрирасмии кӯдакон, муҳоҷирон ва шаҳрвандони ниёзманд мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир дар маҷмӯъ 2500 гурезаи афғон дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва 500 тани дигар дар пайи пайдо кардани ҳуқуқи паноҳҷӯ ҳастанд.
Як гурӯҳ аз гурезаҳои афғон ҳоло дар шаҳри Ваҳдат, дар бист километрии шарқи шаҳри Душанбе, зиндагӣ мекунанд. 500 кӯдаки гурезаҳои афғон дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон ва 250 нафар дар мактаби “Сомониён” ва ҳудуди 20 нафар дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
Аз сӯи дигар ба далели мушкилоти иқтисодӣ ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди қабули теъдоди бештари паноҳандагони афғон бо мушкилиҳо рӯбарӯ аст. Зеро, будҷаи Тоҷикистон имкон надорад ба ҳамаи паноҳандагон шароити зиндагӣ, таъмини хадамоти тандурустӣ ва таҳсили кӯдакони гурезаҳоро таъмин созад. Ба ин хотир, дар тамрини имрӯзаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи низ созмонҳои имдодрасони байналмиллалӣ ва сафоратхонаҳои кишварҳои ғарбӣ ширкат мекунанд.