Бунёди бинои истиқоматӣ дар як гӯшаи Душанбе ҷанҷолбарангез шуд. Моликони ширкати сохтмонӣ мегӯянд, барои истифодаи қитъаи замин дар маҳаллаи Арғувони ноҳияи Сино санаду имзо доранд. Сокинон даъво доранд, ки бино дар як қисми варзишгоҳ сохта шуда, ҷойи бозӣ ва гаштугузори онҳоро танг мекунад.