Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигина, Ёсамин, Рафоат... Таронаҳои пуртамошобини соли 2022 ва "инқилоби" фарҳангиён. ВИДЕО


Ёсамин Давлатова соли 2022 яке аз пуршунавандатарин овозхонҳои тоҷик дар Интернет буд
Ёсамин Давлатова соли 2022 яке аз пуршунавандатарин овозхонҳои тоҷик дар Интернет буд

Соли 2022 соли таронаҳои нави Нигина Амонқулова ва рӯйи саҳна омадани Ёсамин Давлатова , "Ҷодугар"-и Меҳрнигори Рустаму “Метро”-и Сафармуҳаммад ва муаррифии таронаҳои Мубориз Усмонов дар берун аз Тоҷикистон буд.

Аммо шореҳони мусиқӣ мегӯянд, овозхонҳои тоҷик дар соли 2022 дар баробари муваффақияташон, мушкилиҳои дигар низ доштанд.

Нашъунамои Нигина, Ёсамин, Меҳрнигор...

“Бӯи борон” ва “Дилбар” - ду таронаи Нигина Амонқулова, овозхони тоҷик танҳо дар се моҳи ахири соли 2022 дар шабакаи сербинанда шуданд.

Нигина Амонқулова
Нигина Амонқулова

Худи Нигина мегӯяд, аз ин хушҳол аст ва бовар дорад талошҳояш беҳуда набуданд. Ӯ дар як суҳбати кутоҳ ба Радиои Озодӣ дар остонаи соли нав гуфт: “Аз соле, ки гузашт, розӣ ҳастам, зиёд меҳнат кардем. Бигузор дар соли нав оромӣ бошад ва зиндагии мо аз ин ҳам беҳтар шавад”.

Ёсамин Давлатова - дигар овозхони ҷавон ҳам аз Нигина Амонқулова кам наомад ва имсол парвози баланд дошт. Соли 2022 тақрибан ҳеҷ як маросими тӯю хурсандӣ бидуни таронаи “Кабутар” дар иҷрои ӯ нагузашт. Муаллифи ин тарона гурӯҳи "Шамс" аст ва Ёсамин онро ба тоҷикӣ бозхонӣ кард. Ин кори Ёсамин дар шабакаҳои иҷтимоӣ танқиди корбаронро ҳам ба миён овард.

Ёсамин Давлатова
Ёсамин Давлатова

Аммо худи ӯ гуфт, аз ин нороҳат нест ва кушиш мекунад таронаҳои тозаи худро пешкаши ҳаводоронаш кунад. “Баъд аз таронаи “Кабӯтар” суруди “Ёри кӯлобӣ” ҳам маҳбубият пайдо кард. Ин тарона танҳо барои як минтақа нест, ман мардумони тамоми Тоҷикистонро - чӣ хатлониву чӣ суғдӣ, чӣ раштӣ - ҳамаро дӯст медорам”.

Меҳрнигори Рустам, овозхони ҷавони тоҷик соли 2022-ро бо таронаи “Ҷодугар” гусел мекунад. Ӯ мегӯяд, ки дар соли ҷорӣ шумори ҳаводорони таронаҳояш афзуда, клипи таронаи "Ҷодугар", ки дар Туркия сабт шуда буд, “дар шабакаи YouTube қариб чор миллион тамошобин дошт”.

Меҳрнигори Рустам
Меҳрнигори Рустам

Меҳрнигор дар баробари забони тоҷикӣ боз бо забонҳои англисӣ, пашту, русӣ, туркӣ ва арабиву итолиёӣ низ оҳанг мехонад.

Бурду бохт ва хотироти овозхонҳои тоҷик аз соли 2022
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:18 0:00

Сафармуҳаммад: "Ҳеҷ гоҳ аз худ розӣ нестам"

Аммо бародараш Сафармуҳаммади Рустам, ки ҳамчунин овозхонӣ мекунад, аз муваффақиятҳояш дар соли 2022 чандон розӣ нест. Ҳарчанд чандин сурудҳояш дар ин сол машҳур шуданд. Сафармуҳаммад дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, соле, ки меравад, барояш ҳам рӯзҳои хуб дошту ҳам рӯзҳои бад. “Дар як сол ман чор тарона офаридам, ки сетои он хит ё сершунаванда буд. “Баъди борон”, албатта, нав аст ва дар як моҳ ман ҳоло гуфта наметавонам, ки ин суруд машҳур шуд, вале аллакай дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳаводори зиёд пайдо кард. Суруди “Avenue” ё “Хиёбонӣ” танҳо дар шабакаи Инстаграм чанд миллион тамошобин дошт. Албатта ман метавонам бигӯям, ки ин тарона хит буд. Таронаи “Метро” ҳам аз тарафи мухлисон хуш пазируфта шуд. Ин суруд дар бораи ишқ нест ва дар он аз мушкили одамон гуфтам, ки руҳафтода ҳастанд”.

Сафармуҳаммади Рустам
Сафармуҳаммади Рустам

Ба қавли Сафармуҳаммад, вақте ин тарона нашр шуд, ҳаводоронаш барояш номаҳои зиёд фиристоданд, ки ин тарона дар вақти руҳафтодагӣ барояшон шодӣ бахшид. “Агар ман аз як мухлис барои сурудҳоям нома гирам, ин барои ман бурд аст. Вале намедонам, ҷавонӣ аст ё чизи дигар, ман ҳиҷ гоҳ аз худ розӣ нестам. Ҳамеша мехоҳам пеш равам ва ҳоло ба он ҷое, ки мехоҳам нарасидам”.

Таваҷҷӯҳи афзояндаи ҳунармандони Узбекистон ба мусиқии тоҷикӣ

Орзу Исоев, таронанависи маъруфи тоҷик мегӯяд, соли 2022 бисёр ҳунармандони тоҷик тавонистанд бо овозхонҳои кишварҳои дигар ҳамкорӣ карда ва истеъдоди хуби ҳунарии худро ба намоиш гузоранд. “Теъдоди зиёди овозхонҳои Узбекистон таваҷҷуҳ карданд ба таронаҳои тоҷикӣ. Ин як навъ инқилоби фарҳангиёни тоҷик низ ҳисоб мешавад. Онҳо тавонистанд муҳаббати санъати моро дар дили мардуми Узбекистон ҷой кунанд. Соли бобарор буд, чеҳраҳои нав ҳам рӯи саҳна омад. Мисли Фаррух Ҳасанов ва Ёсамин Давлатова ва чанд нафари дигар».

Мубориз Усмонов
Мубориз Усмонов

Вале Мубориз Усмонов аз ҷумлаи он овозхонҳои тоҷик аст, ки имсол таронаҳои худро дар кишвари ҳамсояи Узбекистон ба мухлисонаш тақдим кард. Вай гуфт, корҳои нотамоме ҳам дорад, ки соли 2023 ба амалӣ кардашон талош мекунад. Мубориз имсол таронаҳои дугона бештар дошт. Аз ҷумла, бо Мадина Ақназарова ва Нигина Амонқулова. “Сол - соли бисёр муваффақ барои ман буд, сипос ба ҳама”.

Соли 2022 ҳам на телевизион, балки шабакаҳои иҷтимоӣ ва интернету YouTube пойгоҳи асосии муаррифиву таблиғи таронаҳои нави овозхонҳои тоҷик гардид.

Овозхонҳо дигар ба умеди ТВ нестанд

Орзу Исоев мегӯяд: “Фазои интернет азбаски озод аст, ҳар рақам, ки хоҳанд, ҳунару истеъдоди худро пешкаш мекунанд, монеае нест. Дар шабакаҳои телевизионӣ (дар Тоҷикистон аксар телевизионҳо давлатӣ ҳастанд) як навъ монеа вуҷуд дорад. Ҳастанд афроде, ки ба телевизионҳо роҳ намеёбанд.

Орзу Исоев
Орзу Исоев

Ҳарчанд мегӯянд, ки ҳеҷ монеае вуҷуд надорад. Пас суол ин аст ки чаро Шабнами Сурайёву Зулайхо ва Меҳрнигор дар телевизионҳои давлатӣ нестанд? Садриддин ва чандин тани дигар, ки ҳунари воло доранд, ин посух ба чунин суолҳо аст”.

Ба қавли бархе, шабакаи Интернет дар муаррифиву таблиғи овозхонҳое ҳам хидмат кардааст, ки эҷодиёташон дар ҷомеа бо вокунишҳои зиддунақиз рӯбарӯ мешавад. Дар миёни хонандаҳои пуртамошобини шабакаҳои иҷтимоӣ, вале ба ҳамин андоза баҳсбарангез – Рафоати Ҷамшед ҳам мебошад.

Акси Рафоати Ҷамшед аз як видеояш дар YouTube
Акси Рафоати Ҷамшед аз як видеояш дар YouTube

Ӯро ахиран барои истифодаи алфози қабеҳ дар Интернет интиқод карданд ва ӯ ҳам дар як вокуниши видеоӣ аз ин рафтораш изҳори пушаймонӣ ҳам кард. Маълум нест, оё дар нашри ин видео нақши ходимони ҳифзи қонун ҳаст ё на.

Соли 2022 барои ҳаводорони ҳунар дар Тоҷикистон ва дӯстдорони оҳангҳои Дамирбек Олимов ғамангез шуд. Садамаи мудҳиши автомобилӣ дар моҳи феврал, ки ҷони ин овозхони боистеъдод ва хушсадоро гирифт, бисёриҳоро андӯҳгин кард. Ӯ ҳамагӣ 33 сол умр дид, вале тавонист аз худ чандин оҳангу таронаҳои хотирмоне гузорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG