Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саидҷаъфар Усмонзода бори дигар раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон шуд.ВИДЕО


Саидҷаъфар Исмонзода дар анҷумани навбатии Ҳизби демократ
Саидҷаъфар Исмонзода дар анҷумани навбатии Ҳизби демократ

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумони Тоҷикистон рӯзи 10-уми декабр барои бори сеюм раиси Ҳизби демократ интихоб шуд. Вай аз моҳи декабри соли 2012 ба ин тараф расман раёсати ҳизбро бар дӯш дорад.

Интихоби Усмонзода дар Анҷумани XVll-и ин ҳизб дар бинои "Кохи афсарон"-и Душанбе сурат гирифт.

Дар баробари ӯ чанд вакил номзадии Юлдошзода Ҷаббор, раиси дафтари ҳизб дар вилояти Суғдро пешниҳод карда буданд. Аз 74 вакил 70 нафар ба тарафдории Усмонзода овоз доданд. Ба ягона рақиби ӯ Ҷаббор Юлдошзода, ҳамагӣ 4 нафар раъй доданд.

Ба ин тартиб Саидҷаъфар Усмонзода, ки 10 соли ахир раисии ҳизбро бар душ дошт, бидуни рақибони зиёд ва баҳсҳои ҷиддӣ барои 5 соли дигар раҳбар интихоб шуд.

Саидҷаъфар Усмонзода бори дигар раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Ҳарчанд ҳизби ӯро мисли дигар ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон барои хомушӣ дар баробари мушкилоти ҷомеа интиқод мекунанд, худи ӯ мегӯяд, " пешрафтҳои ҳукуматро эътирофу дастгирӣ мекунем, вале аз камбудҳо низ мегӯем".

"Дар масъалаи қабули шаҳрвандон ва ё оид ба ҳаққу ҳуқуқи шаҳрвандон эрод мегирем ва ба сохтору зерсохтрҳи ҳукумат, ба номи президент ё Маҷлиси миллӣ муроҷиату пешниҳод мекунем. Дар тули 5 сол дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар баробари дигар ҳизбҳо мо ҳам фаъол будем. Бетараф нестем"-афзуд, ӯ.

Усмонзода ҳангоми суханронияш норозигии худро аз кори Вазоратҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва рушди иқтисоди кишвар баён дошт: "Ба назари мо кори ин вазорат дар сатҳи лозима ба роҳ монда нашудааст. Ҳанӯз ҳам мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ то охир ҳал нашудааст...Вазорати рушди иқтисод ва савдо маълумотеро, ки дар мавриди нишондодҳои рушди иқтисодии кишвар пешниҳод мешаванд, ба таври бояду шояд назорат намекунад. Метавонад маълумоти бардуруғ пешниҳод шавад."

Ҳизби замоне мухолиф, ки ҳоло гапдаро ва "кисагӣ"-аш мехонанд

Ҳизби Демократи Тоҷикистон дар ибтидои дастёбӣ ба истиқлол, аз аҳзоби мухолиф ба ҳисоб мерафт. Ҳоло бо вуҷуди интиқод аз кори баъзе вазоратҳо, дар кул аз сиёсати ҳукумати Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад. Дар доираҳои коршиносӣ низ яке аз ҳизбҳои ба қавле гапдаро ё "кисагӣ" дониста мешавад.

Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсилал-демократи Тоҷикисон баъди анҷумани Ҳизби демокарат дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин ҳизб дар парлумон намоянда дорад ва бояд фаъолтар бошад.

"Демократия ин раванд аст ва дар марҳилаи муосири давлатдории тоҷикон низ мушкилиҳо дар волоияти қонун, кафолату таъмини ҳуқуқу озоиҳои инсон, бисёрҳизбӣ ҳамчун шарти стратегӣ ва асосии ташаккули гуногунандешӣ ва мафкура вуҷуд дорад. Аммо ин ҳизб, ки дар парлумон дигар қишрҳои иҷтимоиро намояндагӣ мекунад, бояд ҳамин масъулиятро дарк карда, ба таври ошкоро ва бо риояи тартиби муқарраршуда фаъолият кунад, зеро рисолати ин ҳизб аз номаш бармеояд"- афзуд, Шокирҷон Ҳакимов.

Дар Тоҷикистон расман 7 ҳизби сиёсӣ фаъолият мекунад. Ба ҷуз аз Ҳизби сотсилал-демократ 6 ҳизби дигар дар парлумон намоянда дорад. Вале аксари курсиҳои парлумон ба Ҳизби ҳокими халқии демократӣ рост меояд. Интиқодҳо аз набуди сабқатҳои ҷиддӣ миёни чунин аҳзоб борҳо садо додааст.

"Ҳизби идеологӣ дигар, ҳизби парламентӣ дигар аст. Ҳизби идеологӣ барои ҳамдигар рақиб ё душман мешавад. Ҳизби парламентӣ рақиб намешавад, агар ба забони қадимаи тоҷикӣ гуем ин мусобиқа мешавад. Бо якдигараш мусобиқа мекунанд, ҳар кадоме, кӣ ба қудрат биояд беҳтар кор мекунад, вале мо ба ин ҳолат нарасидем. Пештар ҳам як ҳизб асос буд, ҳозир ҳам як ҳизб асосӣ аст"- гуфт, таърихнигор Иброҳим Усмонов, ки дар анҷумани ҲДТ ҳузур дошт.

Ду бор номзад ба президентӣ, аммо...

Дар интихоботи президентии соли 2020 Ҳизби демократи Тоҷикистон номзадии Саидҷаъфар Усмонзодаро ба мақоми президентӣ пешниҳод кард. Вале Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар ӯро барои сабқат дар ин маърака сабти ном накард. Он замон худи Усмонзода дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “мушкил сари имзо аст”, вале шарҳи бештар надод.

Рӯзи 10-уми декабр, дар анҷумани ҳизбаш ҳам Саидҷаъфар Усмонзода аз ин маърака ёдовар шуда, таъкид намуд, ки он вақт бархе аз онҳое, ки барои ширкати ӯ дар инихобот имзо гузошта буданд, аз имзои худ даст кашидаанд. Маълум нест, ки чаро онҳо аз тасмими худ даст кашидаанд.

Саидҷаъфар Усмонзода дар интихоботи президентии соли 2013 низ ҳамчун номзад иштирок карда, ба иттилои Кумисюни марказии интихобот овози камтар ба даст оварда буд. Бархе аз таҳлилгарон гуфта буданд, пешниҳоди номзадии ӯ ва дигарон ба хотири “пуррақобат” нишон додани интихобот дар Тоҷикистон буд. Вале худи ӯ чунин иддаоро беасос медонад.

Вай бори аввал моҳи январи соли 2007 раҳбари Ҳизби демократ шуд, аммо он вақт Вазорати адлияи Тоҷикистон эътирофаш накард. Баъдан, соли 2012 бо даъвати анҷумани нав расман раёсати ҳизбро бар уҳда гирифт.

Дар гузашта раҳбарии ин ҳизбро, ки таърихи бештар аз 30 сола дорад, афроди шинохта бар душ доштанд. Тибқи иттилои расмӣ ҳоло Ҳизби демократ бештар аз 80 ҳазор аъзо дорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG