Чанде аз роҳгузарон дар Душанбе ба хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин шабу рӯз аз бекорӣ, сармо ва нархи гарони маҳсулот азият мекашанд. Навор дар охири ҳафтаи гузашта сабт шуд. Матнро инҷо хонед:
- "Мушкили аз ҳама ҷидлӣ набудани ҷойи кор аст. Мо шаш сол боз дар берун кор мекунем. Дар кишвар ҷойи кор нест. Зангирӣ мушкил шудааст. Маҳр (қалин) 35-40 ҳазор. Барои ин бояд даҳ сол дар хориҷа кор кунем."
- "Нархи гарон. Маҳсулоти кишоварзӣ дар бозор гарон шудааст. Аз худамон аст, аммо нархаш гарон. Тухми мурғ аз ҳама арзон буд. Ҳоло як қуттияш то чил сомонӣ расидааст."
- "Дарди миёну гурда дорам. Ба духтур муроҷиат кардем, фоида накард. Дигар илоҷ надорем, касе ҳам ёрӣ намекунад."
- "Қарздорем, ҳамин аст мушкили мо. Умед дорем, ҳал мешавад. Бори аввал нест."
- "Наворбардор ҳастам. Мехоҳам, дастгоҳҳои навро таҷриба кунам."
- "Хунукӣ. Хона сард аст. Барқ гоҳе хомӯш мешавад. Таҷҳизоти гармидиҳӣ дуруст кор намекунад."
- "Мушкилоте, ки дар зиндагӣ пеш меояд, ҳалшаванда аст."
- "Тани солим дошта бошанду заҳмат кашанд, ҳеч мушкиле пеш намеояд."
- "Пас аз хатми донишгоҳ ба ҳама кор пешниҳод мекунанд, вале маош басанда нест. Бинобар ин, ҳар кас дар ҷустуҷӯи ризқ ба ҳар куҷо меравад."
Видео дар инҷост:
Назару пешниҳодҳои худро дар инҷо ва ё дар саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бинависед:
Гуфтугӯ