Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёми занону духтарони афғонистонӣ аз Тоҷикистон ба Толибон. ВИДЕО


Тамкини Меҳробиддин
Тамкини Меҳробиддин
Муҳоҷирони афғонистонӣ дар Тоҷикистон хабари маҳрум шудани духтаронро аз таҳсил дар мактабу донишгоҳҳои кишвари худ бо дард қабул кардаанд. Онҳо тасмими Толибонро мухолиф ба дини Ислом дониста, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дархости кумак доранд. Масъулони ҳукумати Толибон гуфтаанд, аз иқдоми худ даст кашиданӣ нестанд.

“Зани толиб бемор шавад, ба куҷо мебарад?”

Тамкини Меҳробиддин аз Афғонистон донишҷӯйи соли чоруми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аст. Дӯстонаш ин шабу рӯз бо ҳавас ба ӯ менигаранд. Тамкин аз имконе баҳравар аст, ки духтарон дар Афғонистон аз он маҳруманд.

«Хеле гиря кардам. Хоҳарони ман дар онҷо ҳастанд. Ҳар кадоме аз онҳо орзуҳоеро доранд, ки ман дорам. Ҳар муваффақияте, ки ман мехоҳам ба даст биорам, онҳо низ мехостанд соҳиб шаванд. Фикр кардам, ки худам аз таҳсил маҳрум мондам,» -- гуфт ӯ рӯзи 27-уми декабр.

Аксар муҳоҷирони афғонистонӣ дар Тоҷикистон як назар доранд, ки ояндаи Афғонистонро бидуни занон тасаввур кардан номумкин аст. Онҳо мегӯянд, вақте духтарон аз омӯзиш дур мемонанд, чӣ гуна метавонанд, фарзандони босавод тарбия кунанд?

Ноҷия Зоҳир
Ноҷия Зоҳир

Ноҷия Зоҳир, мудири «Сомониён», мактаби паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Душанбе, мегӯяд, ҳар кишваре, аз ҷумла Афғонистон, ба мутахассисони зан ниёз дорад. «Аз Толиб мепурсам, вақте хонумат, духтарат мариз мешавад, ӯро ба назди кӣ мебарӣ? Вақте хонуми доктор набошад, хонуматро кӣ табобат мекунад? Монед, фарзандони Афғонистон таҳсил кунанд. Бигзоред, духтарон ҳаққи таҳсил ва кор дошта бошанд,» - афзуд ӯ.

Аввал монеи дарс шуданд, баъд кор

Вазорати маорифи Толибон ҳафтаи гузашта аз мактабҳои олии Афғонистон хост, то қарори баъдӣ духтаронро ба дарс намонанд. Сипас фаъолияти занон дар созмонҳои ғайридавлатии дохилӣ ва хориҷӣ дар Афғонистон манъ шуд. Се созмони байнулмилалии имдодӣ, аз ҷумла Созмони ҳифозат аз кӯдакон (Save the Children), кори худро дар Афғонистон бас карданд.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Паёми занону духтарони афғонистонӣ аз Тоҷикистон ба Толибон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:28 0:00

Бо бозгашти дубораи Толибон ба қудрат, маҳдудиятҳо барои духтарону занон марҳила ба марҳила бозгашт. Ин гуруҳи тундрав дар оғози ба қудрат расиданаш таҳсили духтарони аз синфи 6-ум болоро манъ кард. Толибон вазорати кор бо занонро барҳам доданд. Ин тасмим танқиду эътирозро дар дохил ва хориҷи Афғонистон ба бор овард, аммо нерӯҳои Толибон нисбати занони норозӣ аз хушунат истифода бурданд.

Чаро Толибон ин роҳро пеш гирифтаанд?

Намояндагони Толибон то ҳол нагуфтаанд, ки ҳадафашон аз ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои пайиҳам барои занону духтарон чист. Баъзе аз муҳоҷирони афғонистонӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, Толибон барои баровардани хостаашон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз занон суистифода мекунанд. Бахусус инки бо гузашти якуним сол то ҳол ҳеч кишваре ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст.

Таманно Шафиқ
Таманно Шафиқ

Таманно Шафиқ, як фаъоли муҳоҷирони афғонистонӣ дар Тоҷикистон, гуфт, «ҷомеаи ҷаҳонӣ кӯшиш дорад, ки хонумҳо таҳсил ва пешрафт кунанд, вале Толибон мехоҳанд, хостаҳои худро болои онҳо биқабулонанд, ки наметавонанд.»

Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси масоили сиёсӣ, як сабаби тасмими Толибонро ба шиддат гирифтани мухолифатҳои дохилии ин гуруҳ рабт дод. Ба назари ӯ, «рақобатҳое миёни ҳукумати Толибон дар Кобул ва роҳбарии ин гуруҳ дар Қандаҳор иттифоқ уфтодааст».

Далели дигари маҳдудиятҳои сахти Толибон болои занон, ба гуфтаи Қосими Бекмуҳаммад, «нигоҳи идеологии роҳбарони Толибон аст. Яъне, агар мо ба занон иҷозаи таҳсил ва кор диҳем, мумкин аст, ин чиз ба ҷомеаи мардон ва хосатан сарбозони сарсупурдаи онҳо таъсир расонад. Дар саҳнаи иҷтимоӣ дидани занон, таомул бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои ғайриисломӣ, аз нигоҳи сарбозони Толибон метавонад тан надодан ба ҷиҳод ва рафтан ба сӯи манофеи моддӣ тафсир шавад.»

«Умедашонро аз даст надиҳанд»

Мактаби паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Душанбе
Мактаби паноҳҷӯёни афғонистонӣ дар Душанбе

Бо вуҷуди маҳдудиятҳои сахти Толибон болои занони Афғонистон умедҳо ҳанӯз боқист. Тамкини Меҳробиддин, донишҷӯи афғонистонӣ аз ҳамсолонаш дар он сӯи Ому даъват дорад, ки умеди худро аз даст надиҳанд ва бо «иродаи қавӣ барои ояндаи хуб» талош кунанд.

Аксар муҳоҷирони афғонистонӣ дар Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ дархости кумак доранд. Ҳарчанд баъзеашон мегӯянд, рафтори кишварҳои ҷаҳон дар якуним соли охир умеди онҳоро камтар кардааст.

Бо сарнагунии Толибон аз қудрат дар соли 2001, ҳузури занон дар ҷомеаи мадании Афғонистон хеле густурда буд. Дар ин кишвар даҳҳо вакил ва вазири зан кор мекард. Бо омадани дубораи Толибон ба қудрат ҳама чиз баръакс шуд ва занон аз саҳнаи сиёсиву маданӣ дур андохта шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG