Бунёди бинои истиқоматӣ дар як гӯшаи шаҳри Душанбе ҷанҷолбарангез шуд. Моликонаш мегӯянд, барои истифодаи қитъаи замин дар маҳаллаи Арғувони ноҳияи Варзоб санаду имзо доранд. Сокинон даъво доранд, ки бино дар як қисми варзишгоҳ сохта шуда, ҷойи бозӣ ва гаштугузори онҳоро танг мекунад.
Замини баҳсӣ ба ҳудуди ҷамоати Чорбоғи Варзоб дохил мешавад. Комрон Комилов, иҷрокунандаи муовини раиси идораи замини ноҳия, шикояти сокинонро беасос донист, зеро ба гуфтааш, “майдон расман варзишгоҳ нест.”
Саидназар Норов, раиси маҳаллаи Арғувони ноҳияи Сино, рӯзи 22-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, маконе, ки сохтмони манзил шуруъ шудааст, дар гузашта варзишгоҳ буд. “Онро соли 1963 сохтаанд. Як сокини маҳалла соли 2009 сохтмони иншоотро сар кард. Ба супориши раиси шаҳр, раиси ноҳияи Сино ва амри додситон сохтмон бас шуд. Аз моҳи августи имсол марди дигар варзишгоҳро канда, худсарона иншоот месозад,” – нақл кард ӯ.
Қудратулло Шафиев, сокини шаҳри Душанбе, ки ба қавли сокинон дар ҳудуди варзишгоҳ хона сохтанист, мегӯяд, барои чунин кораш санаду имзо дорад. Вай рӯзи 22-юми декабр иддао кард, ки “раиси маҳалла хусумат дорад” ва бинобар ин шикоят кардааст.
“Мо аз соли 2006 ҳуҷҷат дорем. Дар ҳар куҷое зарур аст, нишон медиҳем. Ҳамааш қонунист. Раиси маҳалла мехост, мағоза кушояд, вале нашуд. Баъд аз ҳамин даъворо сар кард,” – шарҳ дод Шафиев.
Ӯ санадҳои расмии қитъи заминро, ки аз мақомот гирифтааст, пешниҳод кард, аммо аз суҳбат дар рӯ ба рӯи дурбин худдорӣ варзид.
Баъзе аз сокинони маҳалла иддаои Қудратулло Шафиевро дур аз воқеият дониста, мегӯянд, тахриби варзишгоҳ “ғайриқонунист”. Ба қавли Манучеҳр Назаров, сокини маҳаллаи Арғувон, “дар варзишгоҳ баъзе таҷҳизотро насб кардем. Барои баскетбол ва бозиҳои дигар. Барои кӯдакон дарвозаи футбол шинонидем, вале ҳамаашро канданд.”
“Ба ҳукумати Душанбе муроҷиат кардем, ҷавоб доданд, ки замин аз ноҳияи Варзоб аст. Ду дафъа ба қабули раиси ноҳияи Варзоб рафтем. Наёфтем. Як моҳ пеш ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат кардем, то ҳол ҷавоб нест,” – гуфт Саидназар Норов, раиси маҳаллаи Арғувон.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Комрон Комилов, иҷрокунандаи муовини раиси Кумитаи замини ноҳияи Варзоб, рӯзи 23-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт: “Қитъаи замини мазкур бар асоси қарори раиси ҷамоати Чорбоғ аз 27-уми ноябри соли 2006 ба Гулизор Шафиева дода шудааст. Сокинон дар онҷо бе ягон ҳуҷҷат таҷҳизоти варзишӣ насб кардаанд. Аз ин рӯ, Шафиева ба прокуратура муроҷиат намуд. Додситон амр баровард ва қитъаи замин аз ҷониби комиссия ба ҳолати аввал баргардонда шуд.”
Сокинон рад намекунанд, ки варзишгоҳ дар ҳоли ҳозир санад надорад, вале аз мақомот мехоҳанд, онро эътироф кунанду ҳудудашро ба расмият дароранд. Ба қавли онҳо, агар аз бунёди манзил дар ҳудуди варзишгоҳ пешгирӣ нашавад, оянда онро комилан аз даст хоҳанд дод.
Маҳаллаи Арғувони ноҳияи Сино бештар аз ҳазор аҳолӣ дошта, наздик ба бозори Кушониёни пойтахт ҷойгир аст. Баҳсҳо дар мавриди тахриби варзишгоҳу хонаҳои қадимӣ ва дар ҷойи онҳо сохтани иншооти дигари, ба қавли мақомот, муосир борҳо садо додааст. Сокинон пайваста аз он шикоят доранд, ки мақомот ҳаққу шароити онҳоро нодида мегиранд. Мақомот далел меоранд, ки тарҳҳо бо дар назар гирифтани шароити зист ва рифоҳи мардум таҳия шудааст.
Гуфтугӯ