Дар Тоҷикистон бо вуҷуди афзоиши босуръати хонасозӣ шикоят ҳамчунон зиёд аст, ки зӯри аксарият барои хариди ҳадди ақал як хонаи дуҳуҷраӣ намерасад. Солҳои охир сохтмони биноҳои бузург дар бисёре аз шаҳрҳо идома дорад, вале аксарият мегӯянд, барои хариди як хонаи хурд бояд даҳсолаҳо кор кунанд.