Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Чор моҳ боз дар Душанбе ҳастам, касе ба додам намерасад" ВИДЕО


Муҳаррам Шарифова
Муҳаррам Шарифова

Як сокини Панҷакент даъво дорад, ки писари ягонаашро маҷбурӣ ба артиш бурда, ӯро танҳову бе саробон гузоштаанд. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ҷавон ихтиёрӣ ба хидмат рафт ва хонавода ҳам бе саробон нест.

Муродқул Туйғунов кист?

Отабек Туйғунови бистсола аз деҳаи Нури Зиндагии Панҷакент ҳоло дар як қисми ҳарбии Вазорати дифоъ аст. Ӯро моҳи ноябри соли гузашта ба артиш бурдаанд. Модараш, Муҳаррам Шарифова, мегӯяд, барвақт шавҳарашро аз даст дод ва Отабек ягона саробони ӯ буд. Ҳоло, ба гуфтааш, танҳо монд.

"Ҳамин як бача дорам. Дусола буд, ки аз падар ятим монд," – гуфт ӯ, вале ба иддаои Муҳаррам Шарифова, "мақомот шахси дигареро ба номи Муродқул Туйғунов дар хонааш сабт ва саробони оила таъин кардаанд".

Отабек Туйғунов
Отабек Туйғунов

"Писари каси дигарро ба номи ман навиштаанд. Чаҳор моҳ боз дар Душанбе ҳаросон гаштаам, касе ба додам намерасад," – илова кард ӯ. Суҳбати мо бо Муҳаррам Шарифова дар нимаи моҳи феврал сабт шуд.

Муродқул Туйғунов ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ ҳосили издивоҷи аввали падараш аст, вале бо модарандари худ, Муҳаррам Шарифова, зиставу бузург шуд.

"Вақте падарам фавтид, Отабек дусола буд. Ду духтар ҳам дорад. Он вақт яке сесола, дигаре панҷсола буд. Онҳоро калон кардам, ба шавҳар додам. Мехостем, Отабекро оиладор кунем, ба хидмат рафт," – нақл кард ӯ.

Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, Отабек Туйғунов довталабона ба артиш рафтааст, на маҷбурӣ. Убайдулло Қушқоров, ёвари нозири минтақа дар деҳаи Нури Зиндагии Панҷакент гуфт, "дар инҷо ягон сохтакорӣ нест".

"Дар китоби ҷамоат писаронаш ба номи худаш сабт шудаанд. Зан мегӯяд, гуё каси дигар аст. Ин тавр нест. Се-чор фарзанд дорад," – афзуд ҳамсуҳбати мо.

Наворро дар инҷо бинед:

Як зан мегӯяд, писари ягонаашро ба артиш бурдаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:07 0:00

Шарҳи ҳуқуқдон

Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон писари ягонаро дар оила ба артиш намебаранд. Шокирҷон Ҳакимов, доктори илми ҳуқуқ, мегӯяд, агар зану шавҳар никоҳи расмӣ доранду фарзандон аз як издивоҷ нестанд, вале узви хонадон ба шумор мераванд.

Шокирҷон Ҳакимов, доктори илми ҳуқуқ
Шокирҷон Ҳакимов, доктори илми ҳуқуқ

"Агар зану мард муносибаташонро ба расмият даровардаанд, пас, ин оила аллакай соҳиби ду писар эътироф мешавад. Бинобар ин, баробари расидан ба синни даъват яке аз онҳо ҳаққи хидматро дорад, агар ягон ҳолати истисноии дигар набошад," – шарҳ дод ӯ.

Муҳаррам Шарифова дар чанд номаи ҷудогона аз раиси ҷумҳур, додситони кул ва вазири мудофиа хостааст, қазияи писарашро одилона баррасӣ кунанд. Ҳанӯз посухи номаҳо дастрас нест.

Дар гузашта низ баъзе аз волидон даъво доштанд, ки писари танҳо ё бемори онҳо маҷбурӣ ба артиш бурда шудаанд. Мақомот ҳамвора чунин мавридҳоро рад мекунанд.

Ҳар сол, дар баҳору тирамоҳ, ҷавонони аз ҳаждаҳ то бисту ҳафтсоларо дар Тоҷикистон ба артиш даъват мекунанд. Мақомот даъво доранд, ки солҳои оир сафи ихтиёриён афзудааст. Сокинон аз афзоиши даъвати маҷбурӣ ва ё "сарбозшикор" шикоят доранд.

Як сабаби асосии саркашӣ ё парҳези аксар ҷавонони синни даъватӣ бадрафторӣ ва муносибатҳои ғайриоинномавӣ бо наваскарон гуфта мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта ба Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, аз соли 2019 то 2021 ва ба сабаби "риоя нашудани оинномаи низомӣ" бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расидаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG