Михаил Мишустин, раиси ҳукумати Русия, ки кишвараш беш аз як сол боз даргири ҷанг дар Украина асту зери бори таҳримҳои Ғарб мондааст, рӯзи 2-юми март ба Душанбе омад. Ба иттилои расмӣ, ҳадаф аз сафари дурӯзаи ӯ иштирок дар Нишасти нӯҳум дар бораи ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия аст. Баъзе аз соҳибкорони рус низ дар Душанбе ҷамъ шудаанд.
Намояндагони мақомот ва корхонаҳои Русияву Тоҷикистон дар Душанбе дар бораи рушди ҳамкориҳо суҳбат карданд. Бахши асосии ҳамоиш таърифу тавсиф аз додугирифти Тоҷикистону Русия буд.
Дар нишаст атрофи таҳримҳои Ғарб ҳарфе садо надод. Соли гузашта ҳукумати Амрико Тоҷикистонро ба рӯйхати давлатҳое дохил кард, ки эҳтимол ба давр задани таҳримҳои Ғарб ба Русия ва Беларус мадад кунанд. Намояндагони Русия низ рад намекунанд, ки ҳамкории наздики онҳо бо кишварҳое ба мисли Тоҷикистон барои ин кишвар метавонад мушкилзо бошад.
Алексей Порошин аз созмони "Деловая Россия гуфт, "ин аз эҳтимол дур нест. Мо дидем, ки дар ҳафтаи ҷорӣ намояндаи Амрико ба Қазоқистону Узбекистон омад ва чунин ҳамкориҳои мо ба онҳо писанд нест. Мо бояд мушаххас кунем, ки дар кадом самт метавонем, муносибатҳои фоидаовари дуҷониба дошта бошем."
Коршиноси тоҷик Абдумалик Қодиров мегӯяд, "Тоҷикистон ягон маҳсулоте намебарорад, ки ба Русия фиристад ва сабаби зери таҳрим монданаш шавад. Тоҷикистон қабл аз ҷанг бо Русия шартномаҳояшро баста буд," – афзуд ӯ.
Ин дар ҳолест, ки Русия метавонад, Тоҷикистонро ҳамчун миёнарав ё кишвари савум барои додуситад истифода кунад, ки зери таҳрим меравад.
Видеоро дар инҷо бинед:
Тоҷикистон дар мавриди ҷанги Русия дар Украина ва, ҳамин тавр, таҳримҳои Ғарб алайҳи Маскав мавқеи худро рӯшан накардааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон моҳи декабри соли гузашта гуфт, "таҳримҳои иқтисодӣ" "занҷираҳои таъминоти молу маҳсулот"-ро дар ҷаҳон канда кард, вале аз ҳеч кишвар ном нагирифт.
Ба иттилои расмӣ, дар нишасти Душанбе намояндагони зиёда аз 800 ширкату корхонаҳои Тоҷикистон ва Русия ширкат доранд. Баъзе аз иштирокдорон аз Тоҷикистон бо даъвати мақомот ба инҷо омадаанд.
Дар нишаст аз фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон танқидҳое садо дод. Баъзе аз соҳибкорони рус аз нархи барқ дар кишвар ва таъминоти он нигаронӣ карданд. Аз суҳбатҳои намояндагони Русия маълум буд, ки пас аз зери таҳримҳои кишварҳои Ғарб мондани Маскав, онҳо ба Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа рӯ овардаанд.
Ирина Горина, соҳибкор аз Русия, гуфт, "Русия ҳамавақт бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ дошт. Дар ҳоли ҳозир ҳамкориҳо густурдатар хоҳанд шуд, зеро ширкатҳо бозори нав меҷӯянд ва дар ҳамин ҷо меёбанд."
"Ин комилан дуруст аст. Нахуствазири Русия дар се моҳи охир ба Узбекистон, Туркманистон ва имрӯз бо сафари дӯстона ба Тоҷикистон омад. Аз ин маълум аст, ки таваҷҷуҳи онҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар шудааст," – илова кард Алексей Порошин, узви созмони "Деловая Россия".
Онҳо беш аз 20 санади ҳамкорӣ имзо кардаанд, ки як қисм ёддошти тафоҳум аст. Қарордод барои тавлиди сурма, омӯзиши ашёи хом ва металҳои нодир аз созишномаҳои дигар миёни ду кишвар аст. Қаблан низ миёни Душанбе ва Маскав чунин қарордодҳое зиёд имзо шудааст, вале як қисми онҳо рӯйи коғаз монд.
Дар як соли охир додугирифти Тоҷикистону Русия афзудааст. Бино ба омори Вазорати рушди иқтисоди Русия додугирифт дар ҳашт моҳи соли 2022 ба 922.6 миллион доллар расид. 22 дарсад бештар аз ҳамин давраи соли 2021.
Гуфтугӯ