Кумитаи андоз ҳафтаи гузашта феҳрасти блогеронеро нашр кард, ки ба иттилои ин ниҳод ба соҳибкории ғайриқонунӣ машғул буда, “андоз намесупоранд”. Аммо бархе аз ин блогерон иддао доранд, ки ширкати Гугл, аз ҳисоби даромади онҳо дар Ютуб ҳаққи худро мегирад ва мустақим ба Тоҷикистон андоз месупорад.
Орзу Исоев, журналисти тоҷик, ки дар Ютуб саҳфаи худро дорад, аз амали мақомот, ки онҳоро ба насупурдани андоз муттаҳам кардааст, норозигӣ кард. Вай гуфт, даромадаш аз ҳисоби Ютуб кам аст ва андози он аз ҷониби ширкати Гугл пардохт мешавад.
“Соли 2021 аз тарафи дафтари Google ба корбарони Ютуб паёме омад ва дар он гуфта мешуд, ки агар санади андозсупорӣ дошта бошанд, ҳатман бо нусхаи шаҳодатномаашон пешкаш кунанд ва то охири соли 2021 мӯҳлат дод. Нафароне, ки мисли ман патент ё шаҳодатнома надоштанд, ҳуҷҷат пешниҳод накарданд ва Google тасмим гирифт, ки худаш аз ҳисоби даромади чунин нафарон андоз супорад” - гуфт, Орзу Исоев, хабарнигори тоҷик.
Ба гуфтаи вай пас аз ҳамлаи Русия ба Украина ва ҷорӣ шудани таҳримҳо алайҳи Маскав шумораи бинандаҳояш ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфт. 75 дарсади муштариёни саҳфаи ӯ аз Русия ворид мешудаанд. “аз истифодаи Ютуб ягон фоидае нест. Аз ҳамин даромади бисёр кам қасди ситонидани андозро кунанд, айб аст. Чунки даромадаш моҳе 9 то 17 доллар аст”.
Дар Кумитаи андоз тартиби гирифтани андоз аз ширкати Гуглро ба Радиои Озодӣ шарҳ надоданд. Аммо масъулини ин ниҳод бо нашри рӯйхати блогерони “бепарво” дар нашрияи расмии ин ниҳод, “Боҷу Хироҷ” гуфтаанд, “бо вуҷуди аз ҷониби мақомоти андоз борҳо огоҳонида шудан, онҳо фаъолияташонро ба қайди давлатӣ нагирифтаанд”.
Блогероне, ки мақомоти андоз онҳоро барои фаъолияти ғайриқонунӣ ва саркашӣ аз пардохти андоз айбдор мекунад, иддао доранд, ки мақомот танҳо ба ҷайби онҳое «чамш ало кардаанд», ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба корҳои эҷодиву саргармкунанда машғуланд. Аммо аз шабакаҳои телевизионӣ ва корхонаҳои давлатие, ки дар Ютуб саҳфа доранду матлабҳои худро нашр мекунанд, чизе талаб намешавад.
Ширкатҳои хориҷие, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон хадамоти пулакии интернетӣ мерасонанд, аз даромади худ 18 дарсад андоз аз арзиши иловашуда месупоранд.
Дар як соли гузашта аз ҳисоби андозбандии ширкати Google ба буҷаи кишвар 3,4 миллион сомонӣ ворид шудааст. Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон моҳи феврали соли ҷорӣ дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт: "Дар ширкатҳои ба ном Google 28 адад ба қайд гирифта шуда, танҳо 17 адади онҳо эъломия пешниҳод карданд. Вале новобаста аз корбариҳои зиёд дигарон эъломия пешниҳод накарданд. Мо бо инситутҳои молияви кор карда истодаем".
Ин ниҳод хабар дод, ки блогерони тоҷик дар соли 2022 беш аз 1 миллион сомонӣ ба буҷаи кишвар андоз пардохт кардаанд.
Мақомот онро кам мегӯянд, чун бовар доранд, блогерони тоҷик дар соли гузашта дар умум 30 миллион сомонӣ даромад гирифтаанд. Тасдиқи он аз манобеи мустақил феълан ғайриимкон аст.
Баъзе аз блогерон иддао доранд, ки баръакс даромади онҳо коҳиш ёфт. 70 дарсади даромади буҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби андоз ё молиёт аст.
Сабтиноми блогерҳо дар Тоҷикистон соли 2020 шуруъ шуд. Мақомот ба ин бахш замоне таваҷҷуҳ карданд, ки сафи блогерон барои дарёфти даромад афзуд.
Гуфтугӯ