Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронӣ аз афзоиши саратон дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Муштарии Маркази саратоншиносии Тоҷикистон зери назари табибон
Муштарии Маркази саратоншиносии Тоҷикистон зери назари табибон

4-уми феврал Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемориҳои онкологӣ ё саратон аст. Дар Тоҷикистон то оғози соли 2022 беш аз 17 ҳазор нафар бо чунин беморӣ сабтином шудаанд.

Соли 2022 ба Маркази саратоншиносии Тоҷикистон 22 554 нафар бо эҳтимоли гирифторӣ ба бемории саратон муроҷиат кардаанд. Аз ин теъдод дар чоруним ҳазор нафар бори нахуст бемории саратон ошкор шудааст. Ҷумъабой Сангинов, муовини мудири Маркази саратоншиносии Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ин теъдоди гирифторони бемории саратон 1800 нафарашон фавтидаанд. Табибон мегӯянд, ташхис ва муроҷиати саривақтӣ ба мутахассисон метавонад пеши роҳ фоҷеаҳои зиёдеро бигирад.

Ҷумъабой Сангинов
Ҷумъабой Сангинов

Ба гуфтаи Сангинов, чанд навъи саратон боиси марги бештари гирифторони ин беморӣ шудааст: “Дар байни фавти мардум аз бемориҳои саратон дар ҷойи аввал саратони ғадуди ширӣ меистад, дар ҷойи дуюм саратони рӯдаи ғафс, баъд меояд саратони сурхрӯдаву меъда, баъд саратони гарданаи бачадон.”

Дар маҷмӯъ то соли 2022 дар Тоҷикистон 17 ҳазору 699 нафар бемори онкологӣ ба қайд гирифта шудааст.

Заробиддин Баротов, муовини мудири Маркази саратоншиносии Тоҷикистон дар умури илм дар суҳбат бо Радиои Озодӣ мегӯяд, ҳарчанд аз назари омор дар Тоҷикистон чунин ҳодисаҳо назар ба кишварҳои ҳамсоя камтар аст, вале, ба гуфтаи ин саратоншиноси тоҷик, воқеан дар ду соли ахир афзоиши теъдоди беморони гирифтори саратони ғадуди шир ва саратони гарданаи бачадон нигаронкунанда мешавад. Баротов гуфт:

“Дар Узбекистон, ки 35 миллион аҳолӣ дорад, 28 ҳазор бемори нави саратон ба қайд гирифта шудааст. Масалан, Русия 145 миллион нафар аҳолӣ дорад ва 556 ҳазор нафар бори аввал гирифтори саратон шудаанд. Дар Қазоқистон, ки 19 миллион аҳолӣ дорад, 36 ҳазор бемори нави саратон ба қайд гирифта шудааст. Тоҷикистон даҳ миллион аҳолӣ дошта, чоруним ҳазор нафар бори аввал ба қайди саратон гирифта шудааст.”

Нигаронӣ аз афзоиши саратон дар Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00

Айни замон, табибон мегӯянд, дар сурати муроҷиати саривақтии сокинон эҳтимоли ошкор шудани ҳолатҳои бештари гирифторӣ ба беморӣ вуҷуд дорад.

Заробиддин Баротов
Заробиддин Баротов

Заробиддин Баротов афзуд, ки солҳои ахир мақомоти Тоҷикистон Маркази саратоншиносиро бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз кардааст ва ҳоло барои ташхису табобати ин беморӣ сокинони кишварро зарур нест, ки ба бемористонҳои кишварҳои хориҷӣ муроҷиат кунанд. Ҳарчанд, ба гуфтаи ин пизишк, ҳанӯз ҳам барои дақиқ кардани мушшахасоти бархе аз ташхисҳои бемориҳои саратон ниёз ба кӯмаки мутахассисони хориҷӣ боқӣ мондааст.

Масъулони Маркази сироятшиносии Тоҷикистон мегӯянд, ки бемории саратон маънии бо марг рӯбарӯ будани инсонро надорад ва дар сурати муроҷиат ва ташхиси саривақтӣ табобати ин беморӣ имконпазир аст.

Имомиддин Рисолаев, муҳоҷири кории тоҷик дар Русия бо бемории роҳҳои нафас рӯбарӯ шудааст. Мегӯяд, азбаски суғуртаи тиббӣ надошт, барои муолича ба Тоҷикистон омад. Пизишкони Маркази саратоншиносӣ варами шушашро ошкор ва ӯро бо табобати нурӣ фаро гирифтанд. Рисолаев гуфт, “Дар шуш вараме пайдо шудааст ва бо терпияи кимиёӣ табобат мекунанд».

Ойимгул Чалишеваро аз ноҳияи Ёвон бо гумони бемории саратони меъда ҷарроҳӣ карданд. Ӯ мегӯяд, дар бораи бемориаш дер огоҳ шуд. “Хеле вақт аҳмият надодам, баъд ҳам духтур омадам, ҳами хел». Мегӯяд, баъди шурӯи муолиҷа ҳоло ҳолаш беҳтар аст ва ба мустақилона хӯрдани ғизо пардохтааст.

Маркази саратоншиносии Тоҷикистон
Маркази саратоншиносии Тоҷикистон

Вале ҳолатҳои на дар Тоҷикистон, балки дар Русияву Узбекистону Ҳинд табобат гирифтани беморон кам нест. Як зани 76-солаи сокини Душанбе, ки нахост номаш нашр шавад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тирамоҳи порсол дар синааш як варамеро мушоҳида кард. Вақте ба табибони тоҷик муроҷиат кард, ба ӯ гуфтанд, ки танҳо барои ташхиси навъи варам ё биопсия, ки бо ёрии мутахассисони саратоншинос дар Маскав барпо мешавад, то 2500 доллар лозим мешавад. Ин зан гуфт, азбаски шаҳрвандии Русияро дошт, тасмим гирифт барои ташхису муолиҷаи баъдӣ ба ин кишвар равад ва аз ҳисоби суғуртаи тиббӣ тамоми ҷараёнҳои ташхису муолиҷаро гузарад. “Дар Тоҷикистон ҳам бояд низоми суғуртаи тиббӣ ва муолиҷаи босифат амал кунад, то ки маҷбур нашавем ба хориҷа дар ҷустуҷӯи табобат равем”, гуфт ин зан.

Тибқи омори саратоншиносон, соли гузашта дар ҷаҳон 19,3 миллион нафар гирифтори ин беморӣ шуда, нуҳ миллион нафар фавтидааст. Бархе аз кишварҳо ба мисли Ҷопон ташхиси ҳамасолаи ҳатмии занҳо барои ошкор кардани бемории саратонро ҳатмӣ кардаанд. Аммо, саратоншиносони тоҷик мегӯянд, ки Тоҷикистон ба далели камбуди будҷа аз роҳандозии чунин амр худдорӣ мекунад. Аз сӯи дигар, пизишкони тоҷик мегӯянд, сокинони кишвар аз ташхиси ройгони ҳамасолаи ҳатмӣ дар дармонгоҳҳо худ низ сарпечӣ мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG