Муҳаққиқони созмони Шаффофияти байналмилалӣ ба мақомоти нави Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон машварат медиҳанд, ки барои матбуот бозу дастрас бошанду дар иҷрои салоҳиятҳояш самимӣ ва мунсифона амал кунанд. Раҳбарияти Тоҷикистон ҳам аз афзоиши фасод изҳори нигаронӣ карда мегӯянд, ки дар фосилаи 10 соли охир ҷиноятҳои хусусияти коррупсионӣ дошта тахминан чор баробар афзоиш ёфтааст.
Рӯзи 25 декабр созмони Шаффофияти байналмилалӣ ё Transparency International бо пахши гузориши нави худ оид ба “Шохиси бардошт аз коррупсия” гуфт, ки нишондодҳои Тоҷикистон дар як соли охир назар ба соли 2015 андаке бад шуда, мавқеи ин кишвар дар миёни 176 кишвар
Ба раиси нави оҷонсии зиддифасод машварат ин аст, ки таҳқиқоти журналистони бетараф ва ҷомеаи шаҳрвандиро ба эътибор гирад, ҳадди аксар мустақил бошад, ба волоияти қонун арҷ гузорад ва аз назари сиёсӣ бетараф бошад. Савитская
дар мақоми 151-ум аст. Муҳаққиқони ин созмон мегӯянд, ки мубориза бо фасод дар сохторҳои давлатии Тоҷикистон муассир нест ва ҳамоно ниҳодҳои масъули низоми додгустарӣ ва полис аз бахшҳои олудатарин ба фасод маҳсуб меёбанд.
Светлана Савитская, муҳаққиқи вазъи фасод дар кишварҳои Осиёи Марказии созмони дар як сӯҳбаташ бо Радиои Озодӣ аз қароргоҳи созмони Transparency International дар шаҳри Берлин гуфт, аз тағйирот дар раҳбарияти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон хабар дорад. Бо як тасмим рӯзи 23 январ ба курсии холишудаи раиси ин оҷонс додситон ва муфаттиши собиқадор Сулаймон Султонзода таъйин шуд.
То рӯзи 12 январ ин мақомро Рустами Эмомалӣ, писари калонии президент ба ӯҳда дошт ва ҳамон рӯз ӯ бо як амри президент раиси шаҳри Душанбе таъйин шуд. Савитская гуфт,
“Барои мушаххас кардани шохиси пазириши фасод тарзи танзими бархӯрди манфиатҳоро донистан муҳим аст. Дар робита бо одами наве, ки ба кор омадааст - ӯро кӣ таъйин кардааст, ҷараёни ин таъинот чӣ гуна сурат гирифт, то куҷо ин ҷараён бетарафона ва шаффоф будааст, чӣ касе кори ин оҷонсӣ ва раиси онро назорат мекунад, то куҷо ӯ ба сохторҳои мустақил гузориш медиҳад, то куҷо кори ӯ барои арзёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаву журналистони мустақил дастрас хоҳад буд? - ҳамаи ин бояд ба эътибор гирифта шавад”.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Савитская гуфт, ба раиси нави оҷонсии зиддифасод машварат ин аст, ки нақшаи мушаххаси кор тартиб дода аз рӯи ин нақша кор кунад, таҳқиқоти журналистони бетараф ва ҷомеаи шаҳрвандиро ба эътибор гирад ва ҳадди аксар мустақил бошад. Машварати дигар ин аст, ки ба волоияти қонун арҷ гузорад ва аз назари сиёсӣ бетараф бошад, гуфт ӯ.
Мақоми 151-уми Тоҷикистон
Гузориши нави созмони Transparency International, ки рӯзи 25 январ нашр шуд, имсол бо паёми “Фасод ва нобаробарӣ бояд хотима ёбад” ироа шудааст. Муаллифони гузориш мегӯянд, ки дар соли 2016 коррупсияи саросарӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ ҳамқадам будаанд ва дар бисёр манотиқи ҷаҳон мардум аз раҳбарияти сиёсии кишварҳои худ ноумед шуда, ҳузури сиёсатмадорони популист бештар шудааст. Аз миёни 176 давлат 69 дарсадашон нишондодҳои баланди фасодро ба намоиш гузоштаанд ва мардум дар ин кишварҳо гуфтаанд, ки мизони коррупсия дар давлати онҳо баланд мебошад.
Шохиси коррупсияи созмони “Шаффофияти байналмилалӣ”
Шохиси коррупсияи созмони “Шаффофияти байналмилалӣ” таҳқиқотест, ки дараҷаи фасодро дар сохторҳои давлатӣ мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Ба ҳар кишваре, ки мавриди омӯзиш қарор мегирад, аз 0 то 100 хол дода мешавад ва кишвари озод ё пок аз фасод баландтарин баҳо (100 холро) соҳиб мешавад. Таҳқиқоти мазкур аз ҷониби гурӯҳҳои мустақил анҷом шуда, дар ҳар кишвар мустақилияти низоми додгустарӣ, вазъи бизнес ва муҳити соҳибкорӣ, озодии баён ва имкони журналистон барои анҷоми таҳқиқоти мустақили мавридҳои фасод, хадамоти сохторҳои давлатӣ, шаффофият ва тарзи хизматрасониву гузоришдиҳии матбуот мавриди омӯзиш қарор мегирад. Афзун ба ин, таҳқиқот озодиҳои сиёсиву шаҳрвандиро дар ин кишварҳо ба эътибор мегирад.
Дар муқоиса бо нишондодҳои соли 2015, мавқеи Тоҷикистон дар соли 2016 то нишондоди 151-ум фаромадааст, мегӯяд ин гузориш. Созмони Transparency International мегӯяд, ки мавқеи Тоҷикистон дар шохиси коррупсия аз назари сифати нишондодҳо, на аз рӯи мақом дар раддабандӣ муайян мешавад (соли 2015 Тоҷикистон дар раддабандии мазкур дар ҷои 136-ум қарор дошт). Гузориш мегӯяд, фасоду коррупсия дар Тоҷикистон бештар низоми додгустарӣ, ниҳодҳои қудратӣ ва шохаҳои ҳукуматро олуда карда, ин сохторҳоро дар чашми ҷомеа ношаффоф ва пӯшида нигоҳ медорад. Савитская дар хулосаи нишондодҳои гузориш дар робита бо Тоҷикистон гуфт:
“Вазъият мисли пеш бетағйир боқӣ мемонад. Мо дар бораи сохторҳои давлатӣ сӯҳбат мекунем. Ин ҷо бархӯрди манфиатҳо дар хадамоти давлатӣ ва раҳбарони баландпоя мушоҳида мешавад. Омили гузоришдиҳии мақомот аз даромаду хароҷоти худ ҳам ба эътибор гирифта мешавад. Мавзӯи боз будани будҷа як дигар масъалаест, ки ба ҳисоб гирифта мешавад”.
Эмомалӣ Раҳмон ва нигаронӣ аз болоравии коррупсия
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бори охир дар мавзӯи коррупсия дуруст 10 рӯз баъди фарорасии соли нави 2017 изҳори нигаронӣ кард. Дар ҷасалае зимни таҷлил аз 10-солагии Оҷонсии мубориза зидди фасод ӯ гуфт, “ҳамасола содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ тамоюли зиёдшавӣ дорад”. Ба гуфтаи ӯ, агар соли 2007 наздики 500 ҷиноят дар ин самт ошкор шуда бошад, дар соли 2016 шумори ҷиноятҳои марбут ба фасодкорӣ ба 1900 адад расидааст. Коршиносони тоҷик мегӯянд, боло рафтани ҷиноятҳои коррупсионӣ ба афзоиши хешутаборбозӣ дар мақомоти давлатӣ, ки дар пайи он хотирбинӣ ҳангоми содиршавии ҷиноятҳо сурат мегирад, бармегардад.
Зоҳиран, бардоштҳои президент қисман бар асоси як пурсиши афкори умум ҳам ҳосил шудааст, ки соли 2016 дар бораи натиҷаҳои он Рустами Эмомалӣ, раиси собиқи Оҷонсии зиддифасод ҳам гузориш дода буд. Ин пурсиш ба хотири муайян кардани мизони фасодкорӣ ва муқовимат бо коррупсия дар миёни 88 ҳазор сокини Тоҷикистон анҷом шуд.
Коршинос: Мушкил дар салоҳиятҳои бемаҳдуд аст
Бархе коршиносон мегӯянд, ки талоши президент барои решакан кардани ришват боис шуд, ки соли 2015 ба мақоми раиси оҷонсии зидди фасод писари калонии худ - Рустами Эмомалиро таъин кунад. Вале боз ҳам ин масъала натавонист пурра ҳалли худро пайдо кунад, чун, ба қавли мақомот, ба мушкил дар система бармегардад.
Иқтисодшинос ва раҳбари Маркази "Бозори озоди Тоҷикистон" Константин Бондаренко дар шаҳри вазъи коррупсия дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфта буд, ки масъалаи густариши фасод дар ин кишвар ба “салоҳиятҳои бемаҳдуди сохторҳои ҳукуматӣ ва назоратӣ” вобаста аст. Вай дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз Украина гуфт, мушкил дар ин аст, ки қонунҳои Тоҷикистон бештар хусусияти манъкунанда дораду хизматчиёни давлатӣ дорои салоҳиятҳои васеъ мебошанд. Шумори зиёди хизматчиён, ба гуфтаи ӯ, боиси кам будани маоши онҳо мешавад. Ин падида боиси ба амал омадани коррупсия ва бюрократия мешавад.