Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тағйироти кадрӣ" дар Оҷонсии зидди коррупсия


Рустами Эмомалӣ
Рустами Эмомалӣ

Дар Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон таъиноти кадрӣ сурат гирифтааст. Дафтари матбуоти Оҷонсӣ рӯзи 9 декабр гуфт, ки ин таъинот аз тарафи Рустами Эмомалӣ ва дар мувофиқа бо раиси ҷумҳур анҷом шуд. Ба иттилои манбаъ, Ҷамшед Гулмаҳмадзода аз мақоми сардори раёсати Оҷонсӣ дар Душанбе озод шуда, раиси раёсати амнияти дохилии ин ниҳод таъин гардидааст. Ба ҷойи ӯ Шараф Аваззода омадааст, ки то ин вақт сардори раёсати амнияти дохилӣ буд.

Инчунин, Ҷамолиддин Муҳамадзода аз вазифаи сардори раёсати Оҷонсӣ дар Хатлон озод шуда, ба вазифаи сардори раёсати ташкилию нозиротӣ; Солеҳ Носирзода аз вазифаи сардори Сарраёсати пешгирии коррупсияи Оҷонсӣ озод шуда, ба вазифаи сардори раёсати Оҷонсӣ дар вилояти Хатлон ва Карим Иброҳимзода аз вазифаи муовини аввали сардори раёсати Оҷонсӣ дар Суғд озод ва ба вазифаи сардори раёсат таъин шудаанд. Танҳо полковник Сафармад Одиназода аз мансаби сардори раёсати ташкилию нозиротии Оҷонсӣ аз хидмат дар ниҳоди зиддифасод бо сабаби ба нафақа баромадан озод карда шуда, ба мақоми дигар таъин нагардидааст.

Рустами Эмомалӣ, раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз кадрҳои тозатаъин хостааст, "софдилонаю содиқона ба халқу ватан ва пешгирию муборизаи беамон бо ҷиноятҳои коррупсионӣ" хидмат кунанд. Дар соли 2007 дар Тоҷикистон ба хотири тақвияти мубориза бо фасод Оҷонсии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод ташкил шуд. Аз моҳи марти соли 2015 ба ин Оҷонсӣ Рустами Эмомалӣ – писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раҳбарӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG