Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши Рустами Эмомалӣ аз вазъи коррупсия дар Тоҷикистон


Дар Тоҷикистон барои муайян кардани мизони фасодкорӣ ва муқовимат бо коррупсия таҳқиқоти сотсиологӣ анҷом шудааст. Дар ин бора Рустами Эмомалӣ, раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, рӯзи 27 октябр дар маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон дар назди президент Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод.

Сайти президенти Тоҷикистон аз қавли Рустами Эмомалӣ хабар додааст, ки таҳқиқоти сотсиологӣ бо "мақсади натиҷагирӣ аз татбиқи стратегияи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2013-2020, муайян намудани сабабу омилҳои коррупсионӣ, муносибати аҳолӣ нисбат ба коррупсия ва муқовимат ба он дар вазорату идораҳо, сохторҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" анҷом шудааст. Ин пурсиш дар миёни 88 ҳазор сокини Тоҷикистон, ки аз касбу кори гуногун намояндагӣ мекунанд, анҷом шуд. Дар ҷараёни ин пурсиш сокинон дар бораи мизони фасод ва роҳҳои ҷилавгирӣ аз коррупсия изҳори назар кардаанд.

Моҳи майи имсол як мақоми Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки барои аввалин бор як пурсиши сартосариро шурӯъ карданд ва натиҷааш баъди чор моҳ эълон хоҳад шуд. Ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, ҳар нафари пурсидашуда ба 15 савол, аз ҷумла, дар кадом сатҳи идоракунӣ порагирӣ бештар аст, сокинон дар кадом ҳолат ба мақомот пора медиҳанд ва роҳи аз миён бурдани фасодзадагӣ дар кишвар кадом аст, посух мегӯянд.

Ин масъули оҷонсӣ гуфт, қаблан пажӯҳишҳои иҷтимоӣ дар робита ба сатҳи ришвахорӣ дар кишвар, дар доираи чанд ниҳод маҳдуд мешуд. Аммо онҳо назари мардумро дар бораи ҳукуматҳои маҳаллӣ ҳам пурсидаанд.

Коррупсия аз мушкилоти умдаи Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар як пурсиши афкори умуми, ки панҷ соли пеш СММ дар Тоҷикистон анҷом дод, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, маориф, хадамоти тиббӣ ва сохторҳои дигари давлатӣ фасозадатарин соҳаҳо номбар шуданд. Мунтақидони ҳукумат мегӯянд, дар мубориза бо фасод набояд танҳо сатҳи поёнии сохторҳои давлативу масъулро гунаҳкор кард, зеро ба гуфтаи онҳо, фасод дар ҳаҷмҳои бузургтар умдатан дар сатҳи боло мушоҳида мешавад.

XS
SM
MD
LG