Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Популизм" роҳи ғалати мубориза бо фасод аст"


Transparency International: Шохиси дарки фасод дар соли 2016
Transparency International: Шохиси дарки фасод дар соли 2016

Фасодкорӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ- ин ду омил бо тақвияти якдигар дар саросари ҷаҳон, дилмондагии умумиро ба сохторҳои сиёсӣ ба вуҷуд овардаанд, омадааст дар гузориши солонаи созмони мубориза бо коррупсия, ки рӯзи 25 январ пахш шуд.

Гузориши иборат аз 60 саҳифаи Tranparency International, 76 кишвари чаҳонро аз 0 то зинаи 100 раддабандӣ кард.

Имсол, шохиси фасод дар бисёр кишварҳо ба ҷойи коҳиш бештар рушд кард ва зарурати "амалҳои оҷил"- ро ба миён овард, гуфтааст ин гурӯҳ, ки дар Берлин мақар дорад.

Transparency International мегӯяд, мардум бештар ба раҳбарони популист ва ё тӯдагаро рӯ оварданд, ки шикастани ҳалақаи фасод ва имтиёздориро ваъда медиҳанд. Ба гуфтаи созмон "ин тарзи кор масъаларо боз ҳам мушкилтар мекунанд".

"Дар кишварҳое, ки раҳбарони популист ва худкома доранд, мо бисёр вақт коҳиши демократия, талоши саркуб кардани ҷомеаи шаҳрвандӣ, маҳдудияти озодии матбуот ва заъфи сохтори додгоҳиро шоҳид мешавем"- гуфт Хосе Угас, раҳбари созмони Transparency International.

Ба гуфтаи ин ташкилот, дар ду кишвар, Маҷористон ва Туркия, ки шоҳиди "зуҳури раҳбарони худкома" буданд, солҳои ахир шохиси фасод боло рафт. "Дар муқобил, Аргентина, ки ҳукумати популистро аз қудрат дур кард, нишондодҳои беҳтар дорад"- афзӯд Угас.

Денмарк ва Зеландияи Нав бо рақами 90 аз беҳтаринҳо буда, ба Шведсия ва Финландия наздик шудаанд. Ба рӯйхати бадтаринҳо Сомалӣ (10), Судони Ҷанубӣ (11), Куриёи Шимолӣ (12) ва Сурия (13) шомил шуданд.

XS
SM
MD
LG