Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сохторҳои мубориза ё олуда бо фасод? ВИДЕО


Рустами Эмомалӣ - раиси Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон - ҳафтаи гузашта натиҷаи таҳқиқот дар бораи сатҳи фасодкорӣ дар идораҳои давлатӣ ва роҳҳои мубориза бо онро дар ҷаласаи ҳукумат эълон кард.

Бештаре аз коршиносон ва ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ шеваҳои мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистонро барои аз байн бурдани ин зуҳурот, ки ба фарҳанг табдил шудааст, кофӣ намешуморанд.

Бахше аз натиҷаи ин таҳқиқот дар сомонаи расмии президенти Тоҷикистон нашр шуда буд, вале баъд аз чанд рӯз дастнорас гардид. Масъулони Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия низ ҳозир нашуданд, ҷузъиёти ин таҳқиқотро шарҳ диҳанд. Аммо бархе аз нашрияҳои давлатӣ баъзе аз қисматҳои онро нашр кардаанд.

Рустами Эмомалӣ аз моҳи марти соли гузашта боз раҳбарии Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро бар ӯҳда дорад
Рустами Эмомалӣ аз моҳи марти соли гузашта боз раҳбарии Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро бар ӯҳда дорад

Дар пурсиши Оҷонсии зиддифасод 88 ҳазор нафар иштирок карда, аз ҳар 10 нафар 4 нафар гуфтаанд, ки сатҳи фасодкорӣ дар ниҳодҳои давлатӣ баланд аст. Аз ҷумла, ба ақидаи нисфи пурсидашудаҳо мизони фасоду ришвахорӣ бештар дар ниҳодҳои додситонӣ, гумрук, андоз, пулис бозрасии давлатии автомобилӣ ва мақомоти додгоҳӣ мушоҳида мешавад. Яъне, сохторҳои масъули мубориза бо фасод худашон ба фасодкорӣ олуда будаанд.

Беш аз 30 дар сади пурсидашудаҳо дар посух ба суолҳои Оҷонсии зиддифасод як қатор идораҳои давлатӣ, аз ҷумла тандурустӣ, маориф, инчунин, масъулони танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллиро аз ниҳодҳои фасодкор унвон кардаанд.

Дар сӯҳбати кӯтоҳе, ки Радиои Озодӣ рӯзи 3 ноябр бо раҳгузарони хиёбонҳои Душанбе анҷом дод, бештари ҳамсӯҳбатони мо низ таъкид карданд, худи муборизони зидди коррупсия гирифтори фасод ҳастанд.

Видеои назари сокинон дар бораи фасоди молӣ:

"То пора надиҳӣ, соҳиби кор намешавӣ" - сӯҳбати сарироҳӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

Соле қабл президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар аз вуҷуди ҳодисаҳои фасод дар миёни масъулони сохторҳои мубориза бо фасоду коррупсия шадидан интиқод карда буд. Он замон таъини Рустами Эмомалиро ба мақоми раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро коршиносон ҳамчун талоши раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба муборизаи беамон бо фасодкорҳо номида буданд.

Вале таҳқиқоти ахир, зоҳиран, нишон медиҳад, ки решакан шудани коррупсия кори соддае нест. Ба қавли созмонҳои таҳқиқкунандаи ин вазъ, мизони фасоду ришват дар аксар бахшҳои зиндагии ҳамарӯзаи мардум реша давонда, ба як ҷузъ ё фарҳанги зиндагиву муносибати байни мардум, роҳҳали мушкилоти рӯзмарра табдил шудааст.

Алиакбар Абдуллоев
Алиакбар Абдуллоев

Коршиносони тоҷик мегӯянд, ҳар сокини кишвар аз замони таваллуд ва то фавташ бо ҳодисаҳои зиёди ришваситонӣ рӯбарӯ мешавад. Ба андешаи Алиакбар Абдуллоев, ки як муҳаққиқи масоили коррупсия дар Тоҷикистон аст, "сатҳи фасод сахт нигаронкунанда мебошад. Давлат талошҳое мекунад, ки пеши роҳи фасодро бигирад, вале чандон муваффақ нашудааст. Фикр мекунам, чораҳои дигаре дар ин кор зарур аст."

Бештаре аз коршиносон ва ҳамсуҳбатони Радиоӣ Озоди шеваҳои мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистонро барои аз байн бурдани ин зуҳурот, ки ба фарҳанг табдил шудааст, кофӣ намешуморанд. Онҳо мегӯянд, барои раҳо шудан аз ин мушкил бояд системаеро шикаст, ки фасодро ба миён меорад.

XS
SM
MD
LG