Талош барои дарёфти курсии президенти Тоҷикистон – бо 4000 доллар?

Акс аз бойгонӣ

Маъракаи таблиғи номзадҳо ба мансаби президенти Тоҷикистон расман оғоз шуд. Довталабони курсии раиси ҷумҳурӣ мегӯянд, бо кӯлбори пур аз барномаву ваъдаҳо ба назди сокинон мераванд, вале намегӯянд, ки барои маъракаи таблиғотӣ чӣ қадар пул доранд.

Фақат масъулони Ҳизби коммунисти Тоҷикистон гуфтанд, ки барои таблиғот 40 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан чаҳор ҳазор доллар ба нақша гирифтаанд. Бо ишора ба ин, бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ба ҷуз аз раиси ҷумҳури ҳозира Эмомалӣ Раҳмон боқии номзадҳо нияти таблиғи густарда надоранд ва зоҳиран барои рақобатӣ нишон додани интихобот ба ин маърака ворид шудаанд.

ВАРАҚА, НАШРИЯ ВА...

Ҳизби аграрии Тоҷикистон барои таблиғи номзадаш 15 ҳазор варақа ва овезаҳои таблиғотӣ омода кардааст. Рустам Латифзода, раиси ҳизб ва номзад ба мақоми президентӣ, гуфт, рӯзномаи ҳизбро 40 ҳазор нусха нашр ва дастраси мардум мекунанд. Ин номзади интихоботи президентӣ ҳамчунин ба 15 шахси боэътимодаш умед мебандад, ки ӯро миёни сокинон таблиғ хоҳанд кард.

“Фаъолони мо кор мебаранд. Маводи тарғиботиро ба мардум дастрас мекунем. Аз нашрияҳои расмӣ ва ғайрирасмӣ ҳам истифода мебарем. Роликҳои тарғиботӣ омода карда истодаем”, -- афзуд Латифзода.

"СИРРИ ДОХИЛИҲИЗБӢ"?

Масъулони чаҳор ҳизби дигар ҳам гуфтанд, тақрибан ҳамингуна ба таблиғи номзадашон шуруъ кардаанд. Рустам Раҳматзода, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, чӣ қадар маблағ сарф кардан барои таблиғотро “кори дохилиҳизбӣ” донист. Посухи кӯтоҳи Раҳматзода чунин буд: “Барои таблиғот дар сатҳи баланд маблағи кофӣ дорем.”

Дар ин миён танҳо Заррагул Мирасанова, муовини раиси Ҳизби коммунист гуфт, ки барои таблиғи номзадашон 40 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кардаанд ва аллакай 18 ҳазори он сарф шуд. Коммунистҳои Тоҷикистон бо 22 ҳазор сомонии боқимонда мехоҳанд давоми ду ҳафтаи оянда барномаи Мироҷ Абдуллоевро таблиғ кунад.

“Тамоми имкониятҳо барои мо фароҳам аст. Ягон кас фишор намеорад. Дар телевизионҳои давлатӣ 40 дақиқа вақт ҷудо шудааст,” -- мегӯяд муовини раиси Ҳизби коммунист.

МУШКИЛЕ, КИ КОРОНАВИРУС ЭҶОД КАРД

Шароити баргузории таблиғоти номзадҳо аз интихоботҳои пешина фарқ дорад, чун паҳншавии коронавируси нав яке аз шаклҳои асосии таблиғи номзадҳо - вохӯрӣ бо сокинонро мушкил кардааст.

Дар интихоботҳои гузашта номзадҳо асосан аз тариқи ҷамъ кардани сокинон дар биноҳои маъмурӣ барномаҳои худро таблиғ мекарданд. Намояндагони баъзе аз ҳизбҳо гуфтанд, ин бор тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизион паёми худро ба мардум мерасонанд. Аммо ба ҷуз аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ чаҳор ҳизби дигар сомонаи худро надоранд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ фаъол нестанд.

Дар чанд оҷонсиҳои таблиғотии Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, аз ягон номзад барои сохтани наворҳои кӯтоҳи таблиғотӣ дархост нагирифтаанд.

Як мушкили дигаре, ки ҳизбҳо дар бораи он зиёд суҳбат намекунанд, муҳлати ками таблиғ мебошад. Номзадҳои интихоботи президентӣ аз рӯзи 16-уми сентябр то 10-уми октябр ҳамагӣ 24 рӯз барои таблиғ фурсат доранд.

"ШАВҚ АГАР РОҲБАР НАБОШАД..."

Бо ишора ба ин вазъ, коршиносон мегӯянд, бархе аз номзадҳои интихоботи президентӣ дар тасмими худ ҷиддӣ нестанд ва ба ин хотир барои таблиғоти худ кӯшиши зиёд намекунанд. Интиқоде, ки номзадҳои сабтшуда онро рад кардаанд.

Ёқуб Ҳалимов, рӯзноманигори тоҷик, ду интихоботи қаблии президентиро мушоҳида кардааст ва ҳоло ҷараёни сабқати моҳи октябрро мушоҳида дорад. Мегӯяд, бархе аз номзадҳои сабтшуда аз сари шавқ ва аз сари сидқ вориди ин маъракаҳо намешаванд.

“Чанд рӯз пеш яке аз номзадҳо дар мусоҳибааш эътироф кард, ки номзад шудан намехост, вале дар ҳизб хоҳиш кардаанд. Яъне чӣ? Ту аз номи халқ мебароӣ, даъвои курсии президентӣ мекунӣ, вале дар дилат нияти пирӯз шудан нест. Ё бо талоши ҷиддӣ вориди маъракаи интихоботӣ шаванд ё аз иштирок даст кашанд. Бо раъй ва бовари мардум бозӣ накунанд”, -- афзуд ӯ.

Масъулони ҳизбҳои сиёсӣ, ки дар интихобот ширкат мекунанд, ба ин гуна интиқодҳо розӣ нестанд. Онҳо мегӯянд, бо барномаҳои мукаммал ва фарқкунанда ба интихобот ворид шудаанд ва нияташон ғалаба кардан аст.

"МО ҶИДДӢ ҲАСТЕМ"

Мирзоанвар Ахмедов, вакили Ҳизби аграрӣ дар порлумон мегӯяд, талош доранд бо вохӯрӣ ва тақсими варақаҳои таблиғотӣ барномаи ҳизбро ба мардум расонанд. Ӯ гуфт: “Мо ҷиддӣ ҳастем, ҳаракат дорем, ки мавқеи худро дар ҳаёти сиёсӣ мустаҳкам кунем. Агар раваду дигар номзадҳо ғолиб оянд, мо омода ҳастем барномаи худамонро барои амалӣ кардан ба онҳо пешниҳод кунем.”

Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр баргузор мешавад ва панҷ номзад дар он ширкат меҷӯянд. Аз соли 1994 ба ин тараф ин интихоботи панҷуми президентист. Дар чаҳор интихоботи гузашта, ба иттилои Кумисюни марказии интихобот, раиси ҷумҳури ҳозира Эмомалӣ Раҳмон пирӯз шудааст. Бисёриҳо аз ҳоло мегӯянд, ҳузури ӯ дар интихоботи моҳи октябр ва набудани намояндаи барҷастаи мухолифин “интрига”-ро аз байн бурдааст. Чизе, ки мақомот бо он розӣ нестанд.