Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Гурӯҳи 24" ҳукуматро барои роҳ надодан ба номзадҳои мустақил танқид кард


Суҳроби Зафар, раҳбари "Гурӯҳи 24", як созмони фаъолияташ мануъ дар Тоҷикистон
Суҳроби Зафар, раҳбари "Гурӯҳи 24", як созмони фаъолияташ мануъ дар Тоҷикистон

"Гурӯҳи 24", як созмони фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, ҳукуматро барои роҳ надодан ба номзадҳои мустақил ба интихоботи 11-уми октябр сахт танқид кардааст.

Раҳбарияти созмон дар хориҷа рӯзи 14-уми сентябр бо ишора "ба ҷиддӣ набудани номзадҳо" гуфтааст, натиҷаи интихобот аллакай маълум аст.

Кумисюни марказии интихоботи Тоҷикистон номзадии панҷ нафар, аз ҷумла раиси ҷумҳури ҳозира Эмомалӣ Раҳмонро сабтином кард.

Пешниҳоди номзадии раиси Ҳизби демократ Саидҷаъфар Усмонзода ба сабаби мушкил дар имзоҳои ҷамъовардааш рад шуд. Довталаби мустақил Фаромуз Иргашев аз шаҳри Хоруғ ба далели пурра ҷамъ наовардани 260 ҳазор имзои зарурӣ аз идомаи мубориза даст кашид.

"Гурӯҳи 24" гуфтааст, нусхаи пешинаи Конститутсия (то моҳи майи соли 2016)-ро эътироф мекунад ва бинобар он иштироки Эмомалӣ Раҳмонро дар ин корзори сиёсӣ хилофи қонун мешуморад.

Мақомот мегӯянд, соли 2016 бо ҷонибдории мардум Конститутсия ислоҳ шуд ва Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун пешвои миллат аз ҳаққи бемаҳдудияти иштирок дар интихоботҳо бархурдор шуд.

Интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи 11-уми октябр баргузор хоҳад шуд. Аксари ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон аз раванди маърака ибрози ризоят кардаанд. Танҳо Ҳизби сотсиал-демократ гуфт, ки интихоботро таҳрим мекунад.

Ин интихоботи шашуми президентӣ аз замони соҳистиқлолии Тоҷикистон аст.

XS
SM
MD
LG