Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Усмонзода аз сабқат берун шуд. "Ҷазо" барои танқидҳо, ё "бозӣ"-и дигари ҳукумат?


Саидҷаъфар Усмонзода
Саидҷаъфар Усмонзода

Тасмими ғайримунтазираи Комиссияи марказии интихобот дар бораи сабти ном накардани Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ба мақоми президентӣ суолҳои зиёдеро ба миён овардааст. Бархе мегӯянд, Усмонзодаро барои танқидҳояш ба корзори сиёсӣ роҳ надоданд, гуруҳи дигар инро гашти навбатии ҳукумат арзёбӣ мекунанд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ шоми 14-уми сентябр хабар дод, ки дархости Саидҷаъфар Усмонзода барои иштирок дар интихоботи президентӣ рад шудааст. Дар баёнияи кӯтоҳи КМИРТ омадааст, “санадҳои ҳизб мутобиқ ба қонун набуд”, аз ин рӯ Саидҷаъфар Усмонзодаро ба ҳайси номзад ба мақоми раиси ҷумҳур сабти ном накарданд.

Масъулони Комиссияи марказии интихобот дар баёнияи худ ва дар суҳбат ба Радиои Озодӣ шарҳ надоданд, ки далели рад шудани дархости Усмонзода кадом аст. Дар иттилоияи КМИРТ ба қонуни интихоботи президентӣ ишора шудааст, ки пешбинӣ мекунад, шахси номзад дар интихоботи президентӣ бояд имзои 5 дарсад аз интихобкунандаҳоро пешниҳод кунад.

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, рӯзи 15-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “мушкил сари имзо аст”, аммо нахост дар ин бора зиёд суҳбат кунад. Раиси ҳизби демократ гуфт, ҳоло танҳо шикоят ба додгоҳ мемонад, ки ӯ ба ин роҳ намеравад, чун аллакай муҳлати сабти номи номзадҳо ба анҷом расид.

Сабти ном нашудани Саидҷаъфар Усмонзода, ки бо вуҷуди интиқод аз кори баъзе вазоратҳо, дар кул аз сиёсати ҳукумати Тоҷикистон пуштибонӣ мекард, барои расонаҳо ғайриинтизор буд. Усмонзода рӯзи 11-уми сентябр дар баробари панҷ номзади дигар гуфт, имзои заруриро ҷамъ овард ва ба КМИР супурд.

Худдории раиси Ҳизби демократ ва ҳам масъулини Комиссияи марказии интихобот аз шарҳи мавзуъ суолҳои зиёдеро ба миён овардааст, ки пушти масъалаи сабт нашудани Усмонзода чӣ меистад.

Парвиз Муллоҷонов, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, Ҳизби демократ ҳоло ҳизбе дар дохили низом аст, вале шояд интиқодҳои Усмонзода ба баъзе доираҳо писанд наомадааст. Ӯ афзуд: “Шояд каме аз ӯ норозӣ бошанд. Дар давоми ду соли гузашта изҳоротҳое дод, ки шояд ба мақомот писанд наомадааст. Мисол танқиди вазоратҳову интиқод аз қарорҳои иқтисодӣ. Шояд дар ин маврид ҳам норозигӣ то андозае вуҷуд дошта бошад. Албатта, фикр намекунам, ки ҳизби вай мухолифи ҳукумат аст.”

Ба таъкиди Муллоҷонов, сабт нашудани Усмонзода метавонад як гашти навбатии мақомот пеш аз интихобот ҳам бошад, ки таваҷҷуҳро ба самти дигар баранд.

Бо рад шудани дархости раиси Ҳизби демократ, акнун панҷ нафар – Абдуҳалим Ғаффоров, Мироҷ Абдуллоев, Рустам Латифзода, Рустам Раҳматзода ва Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи моҳи октябр иштирок мекунанд. Бисёриҳо аз ҳоло тахмин мекунанд, ки Эмомалӣ Раҳмон номзади асосии интихобот аст ва иштироки номзадҳои дигар ба хотири пуррақобат нишон додани интихобот аст. Назаре, ки ҷонибдорони ҳукумат ва номзадҳои сабтшуда онро рад мекунанд.

Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ҳатто дар сурати роҳ ёфтани Саидҷаъфар Усмонзода ба интихоботи президентӣ чизе тағйир намеёфт.

Абдуғанӣ Мамадазимов, коршиноси масоили сиёсӣ таъкид мекунад, Усмонзода худро ҳамчун вакили мардумӣ нишон дод: “Аммо иштирок доштан ё надоштани Усмонзода ба ҳайси номзад ба мақоми президентӣ ягон таъсири ҳалкунанда надорад. Ҳарчанд ба ҳайси раиси Ҳизби демократ дар баромадҳо метавонист масоили мубрами рӯзро бардорад ва онро ба афкори ҷомеа партояд.”

Саидҷаъфар Усмонзода соли 2006 ба Ҳизби демократ пайваст ва моҳи декабри соли 2012 раиси он интихоб шуд. Дар интихоботи президентии соли 2013 ба ҳайси номзад аз ин ҳизб ширкат кард. Вакили Маҷлиси Намояндагон аст. Азбаски сиёсатҳои ҳукуматро тарафдорӣ мекунад, коршиносону таҳлилгарон мегуфтанд, ки ҳизбаш қабл аз ҳар кор, ризояти ҳукуматро мегирад ва ба саҳна овардани ӯ як навъ рақобатӣ нишон додани интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст. Аммо худи Усмонзода борҳо ин ақидаро рад карда, гуфтааст, ҳизби ӯ «мухолифи созанда» аст.

XS
SM
MD
LG