Сӯҳроби Зафар, раҳбари созмони дар Тоҷикистон мамнӯи "Гурӯҳи 24" гуфт, онҳо натиҷаҳои интихоботи раёсати ҷумҳуриро қабул надоранд, зеро онро ғайриқонунӣ мешуморанд. Ӯ дар як паёми видеоӣ гуфт, мавқеи онҳо баъди соли 2016 аз замони эълони Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси пешвои миллат тағйир наёфтааст.