Содироти меваи хушки бо методҳои замонавӣ таҳияшуда, ба роҳ мондани роҳҳои замонавиву амни интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ ба Русия, ҳалли саддҳои моливу пулӣ барои тавсеаи домани ҳамкориҳои ширкатҳои тиҷоратии Тоҷикистону Русия аз масоиле буд, ки дар ҳамоиши тахминан 20 ширкати тиҷоратии ду кишвар баррасӣ шуд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мулоқоти рӯзи 28 март дар Душанбе алоқамандони кор ва тавсеаи бозори маҳсулоти тоҷикиву русӣ дар қаламравҳои ҳамдигарро гирди ҳам овард ва баҳсу баррасиҳои онҳо бештар хусусияти машваратӣ дошт. Талошҳои Русия барои ба узвияти Иттиҳодияи АвруОсиё шомил кардани Тоҷикистон ва омодагии Маскав барои пазириши маҳсулоти кишварзии ин кишвар дар пасманзари таҳримҳои аврупоии Русия - аз ангезаҳои аслиест, ки ба қавли коршиносон, таваҷҷӯҳи соҳибкорони русро ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон афзоиш медиҳад.
Бештари ширкатҳо ва соҳибкорони Русия барои ҳамкорӣ дар бахши кишоварзии Тоҷикистон тарҷеҳ медиҳанд.
Дар ҳамоиши соҳибкорони Русия ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таъкид шуд, ки ҷонибҳо метавонанд бо истифода аз таҷҳизоти пешрафта ва воситаҳои нақлияи ширкатҳои русӣ ва ашёи хоми фаровону нерӯи кори арзон дар Тоҷикистон, маҳсулоти рақобатпазир дар бозорҳои ҷаҳонӣ истеҳсол ва ба бозор арза шавад. Ҳамчунин, ширкатҳои Русия омодагии худро барои таъсиси корхонаҳои муштарак бо ширкатҳои тоҷикӣ барои коркард, банду басти замонавӣ ва интиқоли меваю маҳсулоти дигари кишоварзӣ ба бозори ҷаҳонӣ эълон карданд. Қаблан ҳамин гуна ҳамоиши соҳибкорони тоҷику рус дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд низ баргузор шуданд.
Тоҷикон ба ҳамкорӣ бо Русия бештар ниёз доранд
Муҳаммад Сурхов, раиси ширкати “Тоҷгеопреспектива” ба Радиои Озодӣ гуфт, дар муддати чор соли ахир бо ширкати “Росгеопреспектива” дар заминаи иктишоф ва истихроҷи маъданҳои Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад. Ба гуфтаи вай, таҷрибаи ғании мутахассисони рус, таҷҳизоти пешрафта ва қаробати забонию фарҳангӣ бо Русия - соҳибкорону ширкатҳои хусусии Тоҷикистонро ба ҳамкории бештар бо Русия ҳавасманд мекунад.
Ҷаноби Сурхов гуфт: “Мо имконоту захираҳои фаровони табиӣ дорем, зеро 93 дарсади ҳудуди Тоҷикистон кӯҳистон буда ва аз маъданҳои мухталиф бой аст. Дар заминаи иктишофу истихроҷ аз таҷрибаи ширкатҳои русӣ назири “Росгеопреспектива” истифода мекунем. Мо таҷҳизоти пешрафтаи Русия ва кишварҳои Аврупою Амрикоро дорем. Агар ин соҳа дар Тоҷикистон пешрафт кунад, барои садҳо ҳазор нафар ҷойҳои кор пайдо шуда ва ба будҷа кишвар миллионҳо сомонӣ ворид хоҳад шуд. Ҳоло ҳадаф ҷалби сармояи Русия ва кишварҳои дигари хориҷӣ ба бахши истихроҷ мебошад. Агар иктишоф бомуваффақият гузашт, сармоягузори хориҷӣ меояд.”
Тролейбусҳо бо тамғаи “Сохти Тоҷикистон”
Масалан, дар ду соли ахир дар Душанбе дар ҳамкорӣ бо корхонаи “ТРОЛЗА”-и шаҳри Энгелси вилояти Саратови Русия 45 адад тролейбус истеҳсол шудааст. Гуфта мешавад, таҷҳизоти ин навъи нақлиёти барқӣ аз Русия ворид шуда ва аз ҷониби корхонаи Душанбе насбу ҷобаҷо мешаванд.
Сергей Ключеров, раиси Шӯрои ҳамкориҳо бо Тоҷикистони Палатаи савдои Русия ба Радиои Озодӣ гуфт, коршиносони рус на танҳо дар насби тролейбусҳо, барои барқарорсозии хатҳои сайри тролейбусҳо дар Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб бо ҷониби Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунанд.
“Ҳоло мо бо мақомоти шаҳри Турсунзодаи Тоҷикистон дар мавриди кашидани хатти тролейбус дар ин шаҳр музокира дорем. Имкон дорад дар оянда ин навъи воситаи нақлиёти барқии арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза, дар Тоҷикистон ҷойи воситаҳои дигари нақлиётро танг кунаду дар роҳҳои шаҳрҳои кишвар тролебусҳо бо тамғаи “Сохти Тоҷикистон” рафту омад кунанд”,-афзуд Сергей Ключеров
Корхонаи воҳиди давлатии “Насби воситаҳои нақлиёти барқӣ ва велосипедҳо” дар моҳи сентябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид. Қисмҳои эҳтиётии тролейбусҳо аз шаҳри Саратови Русия ба ин корхона ворид шуда ва аз ҷониби коргарони он насб мешавад.
Соҳаи кишоварзӣ “харидор”-и бештар дорад
Вале бештари ширкатҳо ва соҳибкорони Русия барои ҳамкорӣ дар бахши кишоварзии Тоҷикистон тарҷеҳ медиҳанд. Ба гуфтаи соҳибкорони рус, дар назар аст, дар соли ҷорӣ дар Тоҷикистон як ҳамоише баргузор шавад, ки масъалаи истеҳсол ва содироти меваи хушки Тоҷикистонро ба баррасӣ гирад. Интизор меравад ин нишаст бо исми рамзии “Ҳамоиши себ” бо ширкати истеҳсолкунандагону тоҷирони тоҷику рус барпо шавад.
Гуфта мешавад, ки мушкили аслии кишоварзони тоҷик, тибқи меъёрҳои байналмилалӣ банду баст кардани меваю сабзавоти содиротӣ ва интиқоли онҳо ба кишварҳои хориҷӣ мебошад.
Ширкати “Этно”-и Саратов ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки ба хотири суръату ҳаҷми бештари истеҳсоли меваи хушк на аз методҳои суннатии миллӣ, яъне дар офтоб хушк кардани мева, балки аз оташдонҳои замонавиву пешрафта истифода шавад.
Соҳибкорони рус мегӯянд, ҳифзи маводҳои фоиданок ва витаминҳои меваи хушк замонат дода мешавад ва дар ин сурат, ҳаҷми истеҳсол ва содирот ҳам ба маротиб бештар хоҳад шуд. Онҳо мегӯяд, меваи хушки кишварҳои хориҷии дигари мисли Туркия, ки бо ҳамин метод таҳия мешаванд, дар бозори Иттиҳоди Аврупо ба фурӯш меравад.
Ба гуфтаи Сергей Ключеров, мушкили аслии кишоварзони тоҷик, тибқи меъёрҳои байналмилалӣ банду баст кардани меваю сабзавоти содиротӣ ва интиқоли онҳо ба кишварҳои хориҷӣ ҳисоб меёбад. Ҳоло 70 дарсади меваю сабзавот дар роҳи расидан ба Русия хароб мешаванд.
Дмитрий Сериков, раиси кулли ширкати “Еврологистика”-и шаҳри Ростови лаби Дон дар ҳамоиши Душанбе пешниҳод кард, барои ҳамлу нақли меваю сабзавоти тару тозаи Тоҷикистон ба Русия аз вагонҳои вижа, ба мисли “вагон-термос”, “вагони яхдон” ва вагонҳои дигар истифода шавад. Ба гуфтаи вай, ин ширкат интиқоли меваю сабзавоти тару тозаро бидуни расидани осебе ба онҳо замонат медиҳад.
Монеаҳои сунъӣ дар роҳи ҳамкориҳои соҳибкорон
Айни замон, соҳибкорони ҳарду кишвар аз баррасии монеаҳои сунъӣ барои пешбурди ҳамкориву тиҷорат ҳам лаб кушоданд, чун бидуни ҳалли онҳо амалисозии тамоми нақшаву ниятҳо душвор мешавад.
Дар ҳамин ҳол, бархе аз соҳибкорони тоҷик аз мушкилоту монеаҳо дар роҳи тавсеаи ҳамкориҳо бо ширкатҳои хориҷӣ гила доштанд. Масалан, феълан дарёфти асъори хориҷӣ, бахусус, доллар аз бонкҳои Тоҷикистон барои харидорӣ ва ворид кардани таҷҳизот аз кишварҳои хориҷӣ душвор шудааст.
Аз сӯи дигар, як масъули бахши таҳлилу амалиёти бонкӣ дар бозори асъори Тоҷикистон бидуни ифшои номаш дар Радиои Озодӣ гуфт, ки феълан тоҷирон метавонанд бидуни таҳияи асноди зарурӣ ба миқдори то 5 ҳазор сомонӣ ё 600 доллари амрикоиро ба хориҷи кишвар бароранд. Аммо барои интиқоли маблағи зиёди асъор бояд ҳадаф ва ҷойи истифодаи асъор дар санади махсус зикр шавад. Дар бораи фаъолияти ширкат ё соҳибкор низ ба ниҳодҳои марбута маълумоти мушаххас пешниҳод шавад. Барои анҷоми ин кор вақти зиёде лозим аст.
Масъалаи ҷиддии дигар – шароити ношаффофи кор дар бозори тиҷорати Тоҷикистон аст, ки ба он дар ним соли охир пайваста таъкид мешавад. Яке аз ин монеаҳо, тавре октябри соли 2016 сафири Русия Игор Лякин-Фролов гуфта буд, баланд будани мизони андоз ва вуҷуди қоидаҳои нонавиштаи бозӣ дар бозор аст, ки бисёр ширкатҳоро дилсард ва онҳоро маҷбур мекунад, тарки Тоҷикистон кунанд.
Танқидҳо ба ин мазмун ахиран аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо ва ҳам департаменти давлатии ИМА садо дод ва ҳанӯз мушаххас нест, ки то куҷо мақомоти тоҷик барои ислоҳи вазъ омода мешаванд. Дар посух ба яке аз чунин танқидҳо, раҳбари Кумитаи андоз аз сиёсати молиётии ҳукумат ҳимоят карда буд.