Ӯро бо сабаби анҷоми мӯҳлати қарордодаш сабукдӯш карда, то ба вазифаи ёвари нахуствазир поин оварданд. Ҳанӯз матбуот вокуниши ӯро ба ин таҳаввулот нашунидааст, вале зоҳиран, акнун мо ҳеҷ гоҳ назари ӯро ба шароби гурҷӣ, ҷурғоти беларусӣ ва ё меваи хушки тоҷикӣ нахоҳем донист.
Ба ҳодисаи рӯзи 22 октябр, ки дар оҷонсиҳои расмӣ аз номи муовини нахуствазири Русия пахш шуд ва бештар як фалстартро мемонд, матбуот зуд вокуниш кард. Аввал гуфтанд, ки Онишенко тарки мақом мекунад, баъди ду соаташ ин хабар рад шуд, вале ниҳоят шоми рӯзи ояндааш дар бораи истеъфои яке аз шахсиятҳои замоне муҳим барои Кремлин хабар дода шуд.
Тавре маълум шуд, Онишенкоро фаротар аз марзҳои Русия мешинохтаанд, ҳарчанд чӣ ҷои ҳайрат? Исми санитари сиёсии Русия ҳамеша замоне вирда забон мешуд, ки равобити Кремлину ҳамсояҳояш ногаҳон ба бадӣ мегаравид. Дар ҳамон шабу рӯз ногаҳон хабаре меомад, ки ин кишвар шаробу ширу ҷурғот ё қанди бесифату хатарнокро истеҳсол мекардааст. Ҳамингуна, соли 2006 шароби Гурҷистону Молдова аз ҳақи вуруд ба бозори Русия маҳрум шуд. Се сол баъд Онишенко вуруди тақрибан 2000 навъ маҳсулоти ширии Ҷумҳурии Белорусро манъ кард, тирамоҳи соли 2010 бо сабаби хуруҷи вируси фалаҷи атфол, ба Русия овардани меваи хушки Тоҷикистон номумкин шуд. Монеаҳои ахир ба равобити бади Маскавбо Киев ва Вилнюс марбут дониста шуд, ки дар натиҷа, фурӯши шоколади “Рошен” ва ширу ҷурғоти Литва дар қаламрави Русия манъ шуд.
Онишенко «гузаронд»?
Таҳлилгарони рус мӯътақиданд, ки аз вазифа рафтани шахсе ба мисли Онишенко метавонист танҳо бо тасмими худи президент Владимир Путин сурат гирад. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ Станислав Белковский, як шореҳи сиёсӣ дар Маскав истеъфои шахсияти замоне барои Кремлин муҳимро чунин арзёбӣ кард:
"Истеъфои Геннадий Онишенко як ҳодисаи таърихиест, мисли он ки соли 1991 аз назди сохтмони КГБ дар Лубянка муҷассамаи Феликс Дзержинский бардошта шуд. Онишенко як рамзи воқеии режими имрӯза аст. Вале вақтҳои охир Онишенко нозбардори хостҳои Дмитрий Медведев шуда буд. Намунаи он, дахолати Роспотребнадзор ба моҷарои марбут ба ширкати «Уралкалий» аст. Вақте раҳбари ин ширкат Владислав Баумгартнер дар шаҳри Минск боздошт шуд, Онишенко зуд маъракаи санҷиши сифати маҳсулоти ширии Беларусро ба роҳ монд, ва базудӣ маълум шуд, ки дар ин масъала бо мавқеи Путин ихтилофе мавҷуд аст. Путин ба таври ошкоро нишон дод, ки ният надорад фаъолона манфиатҳои моликдори «Уралкалий» Сулаймон Каримовро ҳимоят кунад. Яъне Онишенко бо санҷиши маҳсулоти ширии Белорус саросема шуд."
Ба гуфтаи ин таҳлилгар, баъдан, ҳамингуна бидуни андеша, ба санҷиши маҳсулоти сохти Литва пардохт ва аслан фаромӯш кард, ки ин кишвар ҳоло раҳбари давраии Иттиҳоди Аврупо аст. Эҳтимолан, мегӯяд ӯ, Литва ба Путин фаҳмонд, ки чунин муносибат ба манфиати кор нест ва як баҳси, зоҳиран тиҷоратӣ, ба як моҷарои сиёсӣ табдил мешавад. Ҳамин чиз, ба бовари таҳлилгари рус, метавонад сабаби аслии аз вазифааш сабукдӯш шудани Онишенко шавад.
Онишенко, тоҷикон, СПИД…
Геннадий Онишенкоро дар Тоҷикистон ҳам мешиносанд. Ӯро ҳадди аққал аз рӯи се ҳодисаи пурсарусадое хуб ёд доранд, ки ба гунае ба ҳаёти шаҳрвандони Тоҷикистон таъсир гузоштааст.
Ҳодисаи барҷастатаринаш марбут ба рӯйдодҳои тирамоҳи соли 2011 аст, вақте ҳодисаи ҳабси ҳавопаймои русиву халабонҳои ширкати Rolkan Investments Ltd муносиботи Русияву Тоҷикистонро ҷиддан халалдор кард ва Маскав ба таъқиби оммавиву истирдоди муҳоҷирони ғайриқонунӣ шурӯъ кард, равғани худро ба оташи ин моҷаро Геннадий Онишенко ҳам рехт. Сардухтури хадамоти санитарии Русия муҳоҷирони тоҷикро паҳнкунандаи бемории сил ва СПИД номид ва пешниҳод кард, ки ба тоҷикҳо ҳақи кор дар Русия дода нашавад. Ин изҳороти ӯ боиси хашми ҷомеаи Тоҷкистон шуд.
Дар як сӯҳбаташ бо радиои Озодӣ феврали соли 2012 сафири Тоҷикистон дар Маскав Абдулмаҷид Достиев ин ҳамлаи як мақоми давлатиро маҳкум кард ва эътирози худро ба шакли як мақола дар як маҷаллаи русӣ ҳам ба нашр расонд («Таджикистан и Россия: двусторонние отношения на новом этапе в Вестнике «Россия: Третье Тысячелетие», №28, 2012 г.). Вай гуфт, «мутаассифона, баъзе одамон имрӯз зидди мардуме, ки ҳамагӣ 20 сол қабл дар як кишвар будем, ҳарзагӯӣ мекунанд, гапҳои носазо мегӯянд. Мумкин онҳо ба Русия ва давлати ин кишвар кор дошта бошанд, вале худашон аз ҳар ҷо омадаанд. Онҳо ҳамин қадар аз муҳоҷирони кории мо фарқ доранд, ки босаводӣ карда, худро аз қайд гузаронида ва шаҳрвандии ин ҷоро пазируфтаанд. Дар идома номи Жириновский, Богдасаров, Галустяну Онишенкоро номбар карда будам. Ҳатто аз Вазорати корҳои хориҷии Русия занг зада гуфтанд, ки мо аз мавқеи Шумо дастгирӣ мекунем, аммо бархе аз онҳо намояндаи давлатӣ аст, бояд номашонро намегуфтед. Ман гуфтам, ки ба ин ҳарфҳоям посух медиҳам. Барои он ки Онишенко панири Украинаро бадсифат гуфт, имрӯз дар назди вазорати умури хориҷии он кишвар масъала монда истодаанд, ки Русия бояд аз Украина бахшиш пурсад. Шумо тамоми як миллатро ҳамчун барангезандагони касалиҳои номатлуб дар ҷаҳон муаррифӣ кардед.”
Ҳодисаи дигар моҳи маи соли 2010 рӯй дод. Роспотребнадзор дар давоми яку ним моҳ вуруди меваи хушк аз Тоҷикистонро манъ кард ва баҳона овард, ки хуруҷи фалаҷи атфол дар ин кишвар метавонад боиси паҳн шудани ин беморӣ дар хоки Русия шавад. Дар пай, санҷиши санитарии қатору ҳавопаймоҳои тоҷикӣ ҷорӣ шуд ва сафари атфоли синни то шашсолаи тоҷикистонӣ ҳам номумкин гардид. Ин ҳодиса хашми Вазорати умури хориҷии Тоҷикистонро ба бор овард. Чун, гуфта шуд, ки бар асари ин таҳримот кишоварзони тоҷик дар вилояти Суғд, ки истеҳсолкунандагони аслии меваи хушк ҳастанд, ба маблағи 2 миллион доллар зарар диданд.
Ва ҳодисаи сеюми ҷанҷолбарангези дигар, ки баҳори соли ҷорӣ рӯй дод ва бо ташаббуси фаъоли Геннадий Онишенеко сурат гирифт, тафтиши вазъи санитарии қаторҳои мусофирбари тоҷикӣ буд. Мақомоти рус ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистонро дар риоя нашудани муқаррароти тозагиву беҳдошти қаторҳо ва тавассути ин роҳҳо қочоқ шудани маводи мухаддирро баҳона оварда, ба таври муваққат ҳаракати қаторҳоро боздоштанд. Тоҷикистон гуфт, ки Русия ба таври сунъӣ як фазои ғайри қобили таҳаммулро эҷод мекунад. Дар асл, тавре таҳлилгарон мегӯянд, ин як роҳи намоиши зӯр аз ҷониби Маскав буд, ки сабаби пасипардаиаш асабониятаз бадарозо кашида шудани тасвиби созишномаи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар хоки Тоҷикистон мебошад.
Онишенко – бозичаи сиёсӣ ё ғамхори тозагиву беҳдошт?
Ҳамаи ин иқдомҳои Геннадий Онишенко, ки ӯро матбуот бо лақабаҳои мухталиф, аз ҷумла, “лӯхтаки Кремл” ва “санитари сиёсӣ” ном мебарад, боиси болоравии интиқодҳо аз дахолати як мақоми сохтори беҳдоштӣ ба умури хориҷии кишвар гардид. Дар раддаи аввали мунаққидон фаъолони ҳуқуқи башар қарор гирифтанд, ки амалҳои Онишенкоро дар нисбати муҳоҷирон ва ва ҳам эълони ҷангҳои тиҷоратӣ бо ҳамсоядавлатҳои Русияро ғайри қобили қабул номиданд.
Абдулло Давлатов, як муҳофизи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Маскав, ки фишорҳову боздоштҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро зиёд шоҳид шудааст, мегӯяд, ҳеҷ як амали мақомдороне мисли Онишенко бидуни ризоияти Кремлин сурат намегирад:
- Ман боварии комил дорам, ки Онишенко дар арафаи истеъфо ва барои худро дар чашми “боло” ҳарчи бештар ширин кардан, ба чунин корҳои аблаҳонаву аҳмақона даст мезад. Агар ягон мушкили сиёсӣ пеш меомад, Онишенко на танҳо дар нисбати Тоҷикистон гуфторҳои ношояму кирдорҳои ғайриқонунӣ, ҳадди аққал аз рӯи қонунҳои Русия дошт, ман ҳоло дар бораи қонунҳои байналмилалӣ ва ё шартномаҳои байнидавлатӣ чизе намегӯям. Аз ин нуқтаи назар, вай як бозичаи сиёсӣ буд. Гумон мекунам, ки нафари дигаре, ки ба ҷои Онишенко меояд, шояд кори Роспотребнадзорро ба як низом медарорад ва онро ба бозичаи сиёсӣ табдил намедиҳад, - гуфт Давлатов
Айни замон, дар миёни тоҷикистониҳо нафароне ҳастанд, ки нисбати шахсияти Онишенко назари комилан дигар доранд. Сохтори ҳамкори Роспотребнадзор дар Душанбе - Раёсати назорати санитарӣ- эпидемиологии Вазорати беҳдошти Тоҷикистон аз интиқодҳои ҳамкорони русашон то ҷое ҷонибдорӣ мекунанд.
Наврӯз Ҷаъфаров, сардори ин раёсат дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, интиқодҳои Онишенко барои ҳал шудани як қатор масъалаҳое, ки ҳалли онҳо дар дохил тӯл кашида буд, мусоидат кардааст.
Вай гуфт: "Ҳамчун як инсон мо ӯро ҳурмат мекунем, чунки ӯ як мутахассиси соҳа аст. Онишенко барои Тоҷикистон ба маблағи 2 миллион рубл ё ки 160 ҳазор доллар ду маҷмӯи ҷадиди ташхисгоҳҳо оварда ва ба хадамоти мо супурдааст. Ғайр аз ин, 16-17 нафар мутахассисони соҳаро дар як курси омӯзишӣ бо таълим фаро гирифта буд. Мо мефаҳмем, ки дар ҷои ин мард агар худамон мешудем, мо ҳам ҳамин хел рафтор мекардем. Ҳамин назорат буд, ки ҳолати санитарии қаторҳои Тоҷикистон беҳтар шудааст. Вақте мо ва ё духтури санитарии Роҳи Оҳанин гапҳоро мегуфт, вазъ тағйир накард. Вале вақте як шахси бегона пеши роҳи ҳаракати ин вагонҳоро гирифт, дарҳол ҳамаашро таъмир карданд, таҷҳизоташ нав шуд, косаву дегу табақаш, ҳамааш..."
Назари ҳамсонро як шаҳрванди дигари Тоҷикистон, хабарнигор ва раҳбари медиа-ҳолдинги “Tajinfo” Ғуфрон Ваҳҳобов ҳам баён кард. Вай мегӯяд, “пеш аз он ки аз интиқодҳои мақомоти Русия биранҷем, бояд талош кунем, ки моли худро тавре пешниҳод кунем, ки нисбати он хурдагирӣ нашавад”.
Дар як сӯҳбати телефонӣ аз Маскав ӯ гуфт: "Қисми зиёди меваи хушки бозорҳои Русия аз хориҷа, аз Эрону Чину, Туркияву Амрико ворид мешавад. Молҳои давлатҳои хориҷӣ ба назар хушхарид менамоянд, онҳо зебо коғазпеч шудаанд, вале молҳои Тоҷикистон айнан ба ҳамон шакле, ки чанд аср пеш буданд, ба ҳамон шакл ворид мешаванд. Ягон пешравӣ дар бозорҳои Тоҷикистон нисбати меваи хушк дида намешавад. Меваҳои хушки Тоҷикистон, ки асосан аз вилояти Суғд оварда мешаванд, ба ҳамон шакли бобоӣ тайёр мешаванд, яъне ҳамон зардолу дастӣ чида шуда, дар офтоб хушк мешавад ва бидуни коркард, ба бозор меояд. Албатта, бояд гуфт, ки аз назари маззаву сифати мол, меваи хушки Тоҷикистон, ки экспертизаҳои зиёдро гузаштааст, беҳтар аст. Вале барои харидори Русия диққатҷалбкунанда нест."
Ба ҳар сурат, аз нигоҳи таҳлилгарон, дар сохтори Роспотребнадзор бо рафтани Онишенко бояд тағйироте сурат гирад ва шояд ҳам афроде аз дастнишондаҳои ӯ тарки мақом кунанд. Вале мусаллам аст, ки ин идораи давлатӣ ба анҷоми як миқдор маъмуриятҳои сиёсиаш идома хоҳад дод ва ба ҷои раҳбари аз мақомрафта, як Онишенкои нав пайдо мешавад, ки дар сурати зарурӣ, хостҳои Кремлро иҷро хоҳад кард.