Оқои Онишенко, ки дар гузашта борҳо ба шиддат аз нотавонии мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон дар амри ҷилавгирӣ аз густариши фалаҷи атфол интиқод карда буд, акнун гуфтааст, ки "аломатҳое аз эътидоли вазъ" ба чашм мерасад.
Ӯ гуфтааст, дар сурати идомаи беҳбуди вазъи мубориза бо фалаҷ дар Тоҷикистон дастури манъи воридоти меваи хушк ва соир анвои хурданӣ аз Тоҷикистон ба Русияро лағв хоҳад кард.
"Роспотребнадзор"-и Русия қаблан бо баҳонаи эҳтимоли густариши фалаҷи атфол воридоти меваи хушки Тоҷикистон ба Русия ва инчунин сафари кӯдакони то шашсолаи тоҷик ба он кишварро манъ карда буд.
Меваи хушк аслан аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Русия содир мешавад. Ва бино ба маълумоти мақомоти идораи роҳи оҳани Суғд, Русия баъд аз манъи воридоти меваи хушки Тоҷикистон аз қаламраваш беш аз 450 тон меваи хушкро ба Хуҷанд бозпас гардонидааст.
Мақомоти хадамоти боркашӣ дар бахши корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар Хуҷанд гуфта буданд, ки мақомоти Русия 8 вагони пур аз меваи хушкро ба Хуҷанд бозпас гардонидааст.
Қабл аз ин вазири умури хориҷии Тоҷикистон низ аз мақомоти Русия даъват карда буд, ки ба дар ин тасмими худ бознигарӣ кунанд.
"Фалаҷ коҳиш ёфтааст"
Аъзам Мирзоев, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, теъдоди гумонбаршудагон ба гирифтории бемории полиомелит ё фалаҷи кӯдакон ба таври қобили мулоҳиза дар кишвар коҳиш ёфтааст.
Дар мусоҳиба як сомонаи ба Созмони Милали Муттаҳид Аъзам Мирзоев гуфтааст, ин коҳиш дар ҳоле ба мушоҳида мерасад, ки 99,6 дарсади кӯдакон ва наврасон дар Тоҷикистон бар зидди фалаҷ моякӯбӣ шудаанд.
Сантино Северонӣ, намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон низ ин иттилоъро тасдиқ карда ва гуфтааст, ки даври дувуми моякӯбӣ низ бо муваффақият пеш меравад. Ӯ мегӯяд, аз 586 мавриди сирояти эҳтимолӣ 183 нафари бемор мушаххас шуда буд. Ҳоло ин шумора 129 нафарро ташкил медиҳад.
Даври чоруми моякӯбӣ аз 15 то 19-уми июн идома карда, аз шаш то 15-солаҳоро фаро хоҳад гирифт.