Толори намоишгоҳ дар қасри варзиши Хуҷандро умдатан анвои гуногуни меваҳои тару хушк, молу ашёи саноати сабук, мисли риштаву либосҳои пахтагӣ, қолинҳои Қайроққум, сангҳои ороишии мармар, намунаҳои корҳои дастии ҳунармандон, атласу адраси абрешимӣ ва корду ороишоти сангӣ зеб медод. Меваю сабзавот ва молу матои пахтагӣ ва абрешимӣ ва моли ҳунарҳои дастӣ чизҳои рақобатпазирест, ки ба бовари мақомот, аз вилояти Суғд ба хориҷа содир ва барои ҳамкориҳо сармояи хориҷиро ҷалб кард.
Дар толори намоишгоҳ даҳҳо меҳмони хориҷӣ, бо шумули меҳмонон аз Русияву Қазоқистон ба назар мерасиданд.
Абдураҳмон Қодирӣ, раиси Суғд дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ гуфт, ин ярмарка ба хотири роҳандозии ҳамкориҳои ба ҷонибҳо фоидаовари иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо кишварҳои хориҷи дуру наздик, ҷалби сармояи хориҷӣ ва вориди технологияҳои муосир ва зиёд кардани имкону зарфиятҳои содиротии минтақа баргузор мегардад. Ӯ афзуд, дар нимсолаи аввали 2015 вилояти Суғд ба кишварҳои хориҷӣ ба маблағи 1 миллиарду 100 миллион сомонӣ, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 65 дарсад зиёдтар мол содир кардааст.
Вале ба гуфтаи мутахассисон, аксари ин моли содиротӣ аз Суғд ба шакли хом ва нимахом, масалан, наху риштаи пахта ё пиллаву нахи пилла ба дасти харидори хориҷӣ мерасад ва фоидаи зиёд намеоранд. Собир Сабуров, мудири ширкати “Сангҳои ороишӣ” аз ноҳияи Шаҳристон 6 навъ санги мармари коргоҳи худро барои истифодаи сохтмон ба маърази намоиш гузошта буд. Ӯ дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ин сангҳои мармари ороишотӣ баъзеяшон ҳудуди 2.5 миллион ва бархе 30 миллион метри мураббаъ захира доранд, ки дар сурати коркарди густурда метавон аз ин даромади зиёд ба даст овард. Аммо ин фоида танҳо дар ҳоле метавонад чашмгир бошад, ки агар корхона ба мошинҳои замонавии коркарди санг дастрасӣ пайдо кунад.
Владимир Воронов, муовини мудири Палатаи тиҷоративу саноати Урали Русия, аз меҳмонони ин намоишгоҳ, мегӯяд бизнеси хурду миёна дар ин минтақаи Тоҷикистон рушд карда ва заминаҳои хубро барои ҳамкорӣ фароҳам кардааст.“Дар навбати аввал мо ба воридоти маҳсулоти кишоварзӣ ҳавасмандем. Инчунин, мо дар Каменск – Уралск корхонаҳои омода кардани ғизо барои парранда ва дигар ҳайвони хонагиро дорем. Шумо низ ин ҷо корхонаҳои монанд доштаед. Мо метавонем бо ҳам корхонаи муштарак созем ва дар он танҳо аз ашёи хоми худамон истифода барем,” – афзуд ҳамсӯҳбати мо.
Бештари ширкатҳои хориҷӣ, бо шумули ширкатҳои Русияву Қазоқистон, бештар ба ҳамкорӣ дар бахши додугирифти меваҳои Тоҷикистон таваҷҷӯҳ карданд. Ҳамсояҳо аз хориҷаи наздик дар ҳоле хостори меваи вилояти Суғд шудаанд, ки соҳибкорони минтақа барои содироти меваи хушку тари худ аз Туркияву Эрон то кишварҳои Назди Балтику аврупоӣ раҳ кушода, роҳи баромад ба кишварҳои хориҷаи дурро меҷӯянд.
Домуллоҷон Ҷабборов, муовини раиси бахши кишоварзии Суғд, ки маҳсулоти вилоятро ба харидорони эҳтимолӣ муаррифӣ мекард, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “мо ҳозир барои содироти мева ба Туркияву Эрон раҳ кушодаем ва соли гузашта ба Амрико 25 тонна меваи
хушк содир кардем. Кишварҳои Назди Балтик ва Полшаву Чех низ барои қаннодӣ талаботи зиёд ба меваи мо доранд ва ҳоло соҳибкорон аз Исфар, Ашт ва Истаравшан ба ин кишварҳо содироти меваро ба роҳ мондаанд. Дар оянда содироти мева ба ин кишварҳо бештар хоҳад шуд.”
Ҷаноби Ҷабборов афзуд, дар соли ҷорӣ ҳудуди 40 тонна меваи хушку тар аз минтақаи шимолии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ содир шудааст.
Харидори суннатии меваҳои Тоҷикистон Русия аст. Вале солҳои охир тасмимгириҳои Русия барои манъи воридоти меваи хушки Тоҷикистон соҳибкорони тоҷикро ба ҷустуҷӯи бозорҳои нав андохтааст. Ду сол қабл, Геннадий Онишенко -- раиси Идораи назорат бар иҷрои ҳуқуқи масрафкунандагон ва ҳифзи беҳдории Русия бо ишора ба таъйиди чандин мавриди мубтало шудани кӯдакони тоҷик ба полиомиелит ё фалаҷи атфол воридоти меваи хушк аз Тоҷикистонро ба қаламрави ин кишвар мамнӯъ эълом карда буд. Ҳарчанд ба гуфтаи масъулони Раёсати тандурустии вилояти Суғд, дар ин вилоят ягон мавриди гирифтор шудани атфол ба бемории фалаҷ сабт нашуда буд.
Солона вилояти Суғд беш аз 80 тонна меваи хушк содир мекунад. Имсол ба сабаби сармозании гули дарахтони мева дар баҳор эҳтимол содироти меваи хушк коҳиш ёбад. Вале аз сӯи дигар, ба гуфтаи мутахассисони
бахши кишоварзӣ, содироти меваҳои полезӣ, мисли тарбузу харбуза ва сабзавот имсол афзоиш хоҳад дошт. Ба ҳайси мисол, дар 6 моҳи аввали соли равон Суғд ба хориҷ беш аз 100 тонна пиёз содир кардааст.
Намоишгоҳи тиҷоратии “Суғд – 2015” ба гуфтаи баргузоркунандагони он, ду рӯз 24 – 25 уми июл идома карда, дар ҳошияи он дар осоишгоҳи “Баҳористон” - и Қайроққум ҳамчунин форуми тиҷоративу сармоягузорӣ бо иштироки намояндагони корхонаву созмонҳои тиҷоратӣ, тоҷирону сармоягузорон ва соҳибкорон аз ҳудуди 15 кишвар баргузор мегардад. Дар поёни ҳамоиш, бегоҳи шанбеи 25 июл баргузории нишасти матбуотӣ аз натиҷаҳои намоишгоҳу форум дар назар гирифта шудааст.