Вазорати тандурустӣ мегӯяд, ин аснод ба ҷониби Русия ҷиҳати итминон бахшидан ба он ки меваи хушки Тоҷикистон ангезандаи бемории фалаҷи кӯдак ва барои сокинони русия хатар надорад, ироа хоҳад шуд.
Холмурод Алиҷонов – сармутахассиси вазорати мазкур гуфт, ҳукумати Тоҷикистон бо ин роҳ мехоҳад мақомоти Русияро водор ба бекор кардани қарори худ дар мавриди манъи воридоти меваи хушки Тоҷикистонро кунад. Оқои Алиҷонов гуфт, ҳамзамон воксинзании кӯдакони то панҷунимсолаи тоҷик алайҳи бемории фалаҷ шурӯъ шуда, дар даҳаи сеюми моҳи равон анҷом хоҳад ёфт. Аммо ин маъракаи пурсарусадо, ба гуфтаи вай, дар чаҳорчӯби нақшаи қаблии вазорати тандурустӣ сурат мегирад.
Ёдрас мешавам, аввали ҳафтаи равон хадамоти назорат бар сифати маводи истеъмолии Русия, ба далели хуруҷи бемории фалаҷи атфол дар Тоҷикистон ва кашфи нишонаҳои ин беморӣ дар як тифли тоҷик дар Русия воридоти меваҳои хушк аз Тоҷикистонро ба қаламраваш мамнуъ эълон кард. Вале мақомоти Русия аз кашфи ангезандаи бемории фалаҷи кӯдак дар меваи хушки Тоҷикистон хабар надодаанд.
Зимнан, Тоҷикистон ташхисгоҳи кашфи ин навъи беморӣ надорад ва хуни атфоли бемор ҷиҳати ташхиси ниҳоӣ ба Русия фиристода мешавад. Ба ҳар ҳол, ба гуфтаи Насиб Икромов – муовини сардори хадамоти беҳдошти Суғд, тартиби шадидтари санҷишу ташхиси меваи хушки содиротиро муқаррар кардаанд.
Ҳукумати Суғд ҷиҳати расидагӣ ба ин мушкил як ситоди вижа, иборат аз мутахассисини кишоварзӣ, гумрук ва тандурустиву беҳдоштӣ таъсис додааст. Бобоҷон Домуллоев – сардори идораи кишоварзии Суғд гуфт, мақомоти Суғд ба созмони ҷаҳонии тандурустӣ муроҷиат кардааст, ки хуруҷи бемории фалаҷ дар минтақаи шимолии Тоҷикистон вуҷуд надорад, танҳо як кӯдак бо нишонаҳои ин беморӣ дар ноҳияи Айнӣ ба қайд гирифта шудааст. Вай мегӯяд, имсол содироти тақрибан 80 ҳазор тон меваи хушк аз Суғд ба кишварҳои хориҷӣ дар назар аст.
Русия як кишвари аслии воридоти меваи хушк барои Тоҷикистон ҳисоб меёбад. Бар пояи маълумоти расмӣ, ҳудуди 95 дар сади содироти меваи хушк ба хориҷ, умдатан Русия ба вилояти Суғд рост меояд ва соли гузаштаи 2009 аз ин минтақа 85 ҳазор тон меваи хушки асосан зардолуву чормағз, ба маблағи беш аз 35 миллион доллар содир шудааст.
Вале Тоҷикистон танҳо кишваре нест, ки ба таҳримоти Русия дар мавриди воридоти маводи ғизоӣ рӯ ба рӯ шудааст. Дар гузаштаи наздик Русия воридоти гушту шир ва майи Беларус ва Гурҷистонро таҳрим карда буд. Аммо он таҳримҳо, бар хилофи он чӣ табибони рус дар бораи зарарнокии маҳсулоти беларусу гурҷӣ мегуфтанд, ҷанбаҳои сиёсӣ доштанд ва чун фишор болои он кишварҳо кор гирифта мешуданд. Вале чанд соли ахири баъди таҳрмиҳо нишон дод, ки кишварҳои содиркунанда бидуни Русия низ ба худ ба душворӣ бошад ҳам бозорҳои нав пайдо карда метавонанд ва дар ниҳояти амр, боз ҳам истеъмолгари Русия зарар мебинад.
Аммо дар мавриди Тоҷикистон таҳрими Русия аз чунин ангезаи сиёсӣ холӣ ба назар мерасад, аз ин рӯ мақомоти Тоҷикистон онро муваққатӣ меҳисобанд. Ба ҳар ҳол, ба назари коршиносони Суғд, ин омил ба имиҷи Тоҷикистон, ба ҳайси содиркунандаи меваи хушк ба бозорҳои минтақа таъсири манфӣ хоҳад гузошт. Аммо ба назари Ҷовиди Одил – коршиноси масоили кишоварзии Суғд, на ба дараҷае, ки ҳатто дар сурати дарозмуддат Тоҷикистонро аз бозорҳои асосии худ маҳрум кунад. Ин коршинос бар он аст, ки мақомоти ин кишвар дар сурати дарёфти роҳу равиши дуруст метавонанд аз ин мушкил бо зарари камтар берун раванд ва ҳатто суд бардоранд. Баръакс харидори рус аз меваҳои бедоруву шаҳдбори Тоҷикистон маҳрум хоҳад гашт. Ҷовиди Одил афзуд, таҷрибаи солҳои ахири ширкатҳо ва тсоҳибкорони ҷудогонаи суғ нитшон медиҳад, ки Қазоқистони рӯ ба рушд Русияро чун харидори аслии меваи хушки Тоҷикистон барои истеъмол, коркард ва интиқоли он ба кишварҳои сеюм иваз карда метавонад.
Ҳамчунин бархе коршиносони Суғд мегӯянд, таҳримоти Русия ҳукумати Тоҷикистонро таҳрик медиҳад коркарди меваи худро ҳар чӣ бештар дар қаламрави худ ба роҳ монад. Ин як сӯ, бозори дохилиро бо шарбату нӯшоба ва шириниву мураббоҳои худӣ таъмин хоҳад кард, аз сӯи дигар барои бекорон ҷойҳои нави корӣ фароҳам меорад.