Аз субҳи 11-уми сентябр бозгашти зоирони тоҷик аз Арабистони Саудӣ оғоз шуд. Қарор аст то 25-уми сентябр ҳудуди 6300 зоири тоҷик дар 20 парвози ҳавоӣ ба Тоҷикистон, баргардонида шаванд. Бозгашти зоирон дар шароите шурӯъ шудааст, ки баъди тағйири қонуни танзими расму оинҳо, баргузории маросими "ҳоҷизиёфат" манъ шудааст ва дар фурудгоҳ намояндагони комиссияи танзим баробари пешвози ҳоҷиён иҷро ин банди қонунро аз онҳо тақозо кардаанд.
Баъди тағйири қонуни танзими расму оинҳо, баргузории маросими "ҳоҷизиёфат" манъ шудааст ва дар фурудгоҳ намояндагони комиссияи танзим баробари пешвози ҳоҷиён иҷрои ин банди қонунро аз онҳо тақозо кардаанд.
Юсуфҷон Раҳмонови 58-сола субҳи имрӯз бо ҳавопаймои ширкати ҳавоии “Сомон Эйр” аз шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ ба Душанбе баргашт. Раҳбарияти Кумитаи корҳои дин ва танзими расму оинҳои Тоҷикистон, ки гурӯҳи нахустини 186-нафараи ҳоҷиёнро пешвоз мегирифт, дар фурудгоҳи Душанбе ба онҳо гуфтанд, ки дар ҷараёни сафарашон ба ҷойҳои муқаддаси исломӣ, дар қонунҳои Тоҷикистон тағйироте сурат гирифтааст. Аз ҷумла, ҳамакнун дар маросими пешвози ҳоҷиҳо маҳдудиятҳое роҳандозӣ шудааст.
Ба ҳоҷиён дар фурудгоҳ қонунро фаҳмонданд
Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи корҳои дин ва танзими расму ойинҳои Тоҷикистон дар ин бора гуф, ки аз ҷумла ба Қонуни танзими расму оинҳо дар бораи пешвози ҳоҷиҳо таъкид шудааст, ки истиқболи пурдабдаба ва барои меҳмонон пешниҳоди ғизо, комилан манъ аст ва дӯстону хешовандон метавонанд ба табрикии ҳоҷӣ биёянд, аммо барояшон ғизо дода намешавад.
Ба гуфтаи сухангӯи Кумитаи дин, танҳо пешниҳоди оби зам-зам ва хурмои хушкидае, ки аз сафари Ҳаҷҷ овардаанд, иҷоза дода мешавад. Афшин Муқим афзуд, ҳангоми пешвози ҳоҷиҳо дар фурудгоҳ, ба ҳамаи онҳо ин нуқтаи қонун тавзеъ дода шуд ва ҳоҷиён огаҳонида шуданд, ки дар сурати вайрон кардани ин муқаррарот, ҷарима карда мешаванд.
"Аз тағйирот дар қонуни танзим дар Саудӣ бохабар шудем"
Вале Маъруфҷон Қодиров, раҳбалади гурӯҳи 50-нафарии зоирон аз ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе гуфт, дар бораи тағйирот ба қонун онҳо аз интернет ва ҳам хешовандон бохабар шуданд. Вай гуфт, нахуст дар Макка ба онҳо хабар расид, ки қонуни танзим ислоҳ дода шудааст ва сипас дар Ҷидда қабл аз парвоз ба Душанбе ҷаласае баргузор шуд ва дар он мӯҳтавои ин тағйирот ба зойирон фаҳмонида шуд.
Маъруфҷон Қодиров афзуд, ки ҳангоми бозгашт ба Душанбе дар дохили фурудгоҳ намояндаҳои Кумитаи корҳои дин ва танзими расму ойинҳо ҳудуди 15 дақиқа бо зоирон сӯҳбат карданд. "Бештаре аз зоирон чунин тағйири қонунгузориро ба хубӣ қабул доштанд, зеро сарфаи зиёдатӣ ва худнамоиро дини ислом низ радд мекунад",-афзуд вай.
Юсуфҷон Раҳмонов, як зоири тоҷик, ки субҳи имрӯз аз Макка ба Душанбе баргашт, мегӯяд, ки иҷрои талаботи қонунгузорӣ фарз аст ва ба ин далел, баъд ду-се рӯзи истироҳат ва қабули меҳмонон, дубора сари кори маъмулиаш бармегардад.
Истиқболи бархе хоҷиён аз қонун танзим
Вай афзуд: "Ҳар чӣ қонунгузорӣ муайян кардааст, мо бояд онро риоя кунем. Аз имрӯз хонаи ман меҳмонони зиёде меоянд, вале тибқи муқаррарот, танҳо салому табрикот ва сӯҳбатҳо. Фикр мекунам барои ҳоҷиҳо низ чунин тарзи истиқбол хуб аст. Зеро барои сафари Ҳаҷҷ маблағи зиёде сарф шудааст ва ҳамакнун афзоиши ин хароҷот ба фоидаи кор нест."
Ин дар ҳолест, ки солҳои қаблӣ пешвози ҳоҷиҳои тоҷик ба маросими пурдабдабае табдил мешуд. Мақомот мегӯянд, пешвози корвони мошинҳои гаронбаҳо, забҳи чорво ва меҳмониҳои серхарҷ ба ифтихори ҳоҷиён хилоф бо меъёрҳои қонуни танзими расму русум мебошад. Зимнан нархи имсолаи сафари Ҳаҷ барои зоирони тоҷик тақрибан 33 ҳазор сомонӣ, муодили 3630 доллар, муқаррар шудааст. Ин назар ба як соли пеш 4 ҳазор сомонӣ бештар аст.
Шикоят аз маҳдудияти фаъолиятҳои мазҳабӣ
Дар ҳоле, ки бисёр ҳоҷиён аз қонунӣ шудани пешвозҳои хоксоронаи онҳо истиқбол карданд, боз ҳам афроде ҳастанд, ки аз ин тасмимҳо чандон розӣ нестанд ва маросими гарми истиқболи мардумро барои худ як ифтихор медонанд. Вале мунаққидон мегӯянд, ки таҳрири муқарарроти ташкили ин маросим ҳам бахше аз маҳдудият дар фаъолиятҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон ва ҳам нақзи ҳуқуқи афроди мазҳабӣ аст.
Ҳукумати кишвар мегӯяд, Тоҷикистон кишвари дунявӣ аст ва зидди ифротгароии мазҳабӣ мубориза мебарад. Рукнҳои мисли либоси мазҳабиву барпо кардани маъракаҳои пурдабдабаи динӣ, аз назари мақомоти тоҷик, метавонад ба афзоиши ақидаҳои мазҳабӣ дар ҷомеа мусоидат кунад.
Ин дар ҳолест, ки муқаррароти Ҳаҷҷ ҳам дар солҳои охир зиёд тағйир ёфт ва муҳимтаринаш тибқи қарори ду соли пеш қабулшуда ин шуд, ки танҳо нафарони аз 40-сола боло ҳаққи сафар ба Маккаву Мадина барои анҷоми фаризаи Ҳаҷҷро доранд. Ин муқаррарот ҳам мавриди интиқоди гуӯҳҳои ҳуқуқи башар қарор гирифт, вале ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки дар чунин ҳолат мешавад хоҳиши зоирони калонсолро дар навбати аввал иҷро кард.