Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пӯшидани либоси миллӣ ҳатмӣ шуд. ВИДЕО, САДО


Парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи ғайринавбатии худ рӯзи 23 август ба қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» боби наверо илова кард, ки дар он, аз ҷумла, ӯҳдадориҳои шаҳрвандон дар заминаи пӯшидани либоси миллӣ ворид шудааст.

Боби 4, прим. 1, моддаи 14-и ин қонун, ки «Ӯҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқи ҳангоми гузаронидани тӯю маъракаҳо» ном дорад, чунин илова ворид шудааст: «Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ӯҳдадоранд рукнҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва либосҳои миллиро ҳифз намоянд».

Пӯшидани либоси миллӣ ҳатмӣ шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:13 0:00
Линки мустақим

Дар маҷмӯъ д​ар раъйдиҳии рӯзи 23 август аъзои Маҷлиси намояндагон - палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо 11 тағйиру иловаҳои нав ба Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии

Бидуни ВКД машғул шаванд ва маърифати занонро барои ба бар кардани либоси миллӣ ҳидоят кунанд. Ба ҷои таҳдид корҳои маърифатии фаҳмондадиҳӣ гузаронидан беҳтар аст. Марям Давлатова

Тоҷикистон» мувофиқат кардааст. Тағйирот ба санаде, ки яке аз баҳсбарангезтарин қонунҳо дар солҳои истиқлолияти Тоҷикистон гуфта мешавад, даҳ сол баъди қабули нахустини он сурат мегирад. Ин қонун бо ташаббуси президент ба хотири коҳиши сарфу хароҷоти мардум дар маъракаҳои шоду ғам қабул шуд ва яке аз қонунҳое шуд, ки ба таври мустақим ба ҳаёти хусусии мардум дахолат кард.

Қурбонзода: Танзими либос амри зарурӣ аст

Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи МН оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи иҷтимоӣ дар шарҳи танзими либоси шаҳрвандон дар қонун ба Радиои Озодӣ рӯзи 23 август гуфт, ки дар ин қонун ҷазо барои нақзи ин ӯҳдадорӣ пешниҳод нашудааст. Дар ояндаи наздик, ба гуфтаи ӯ, қарор аст ҳукумати Тоҷикистон «як низомнома таҳия шуда меъёрҳои мушаххас оварда мешавад». Ҳилолбӣ Қурбонзода ворид кардани меъёри либоси миллӣ дар қонуни танзимро як амри зарурӣ хонд ва гуфт, ки бояд ҳама аъзои ҷомеаи Тоҷикистон зидди пӯшидани либоси барои фарҳанги миллӣ бегона иқдом кунанд.

Пӯшидани либоси миллӣ ҳатмӣ шуд.Магар қонуни дуруст аст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:19 0:00

Ҷаласаи парлумон, ки бо даъвати президент баргузор шуд, пешниҳодҳои Эмомалӣ Раҳмонро дар заминаи таҳрири бархе бандҳои қонуни танзим ба инобат гирифт. Тарҳи тағйирёфтаи қонун, ки бо раъфи оро қабул шуд, инчунин ҷорӣ кардани муҷозоти сангинтарро барои нақзи меъёрҳои ин қонун дар назар мегирад. Қонунгузории Тоҷикистон барои нақзи меъёрҳои қонуни танзим муҷозоти маъмуриро пешбинӣ мекунад.

Ворид кардани ӯҳдадорӣ дар заминаи пӯшидани либоси миллӣ ба қонуни танзим як дигар машварати президент мебошад, ки рӯзи 11 август дар шарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни нав ворид шуд. Президент, аз ҷумла, бо ворид кардани иловаи нав, навишт, ки «ҳифзи забони давлативу либоси миллӣ аз таъсирҳои манфии замони муосир»-ро муҳим мешуморад.

Либос як маърифати фарҳангӣ аст

Марям Давлатова, як ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, ворид нашудани моддаи махсус ва мавриди баҳс қарор нагирифтани масъалаи либоси миллӣ ва ҳиҷобу русарӣ "беҳтар аст, зеро агар моддаи махсус ва ё ҷазои маъмурӣ ворид карда шавад, ниҳодҳои интизомӣ аз руи масали “салла гуфтам, калла овард” амал мекунанд.

Ин як масъалаи маърифатӣ аст ва ба ин масъала беҳтар аст Кумитаи занҳо, Кумитаи ҷавонҳо, Вазорати фарҳанг ва Кумитаи дин, бидуни ВКД машғул шаванд ва маърифати занонро барои ба бар кардану ба бар доштани либоси миллӣ ҳидоят кунанд. Ба ҷои таҳдид корҳои маърифатии фаҳмондадиҳӣ гузаронидан беҳтар аст ва ман хурсанд шудам, ки тағйиру иловаҳои ба ин қонун ба тасвиб расид ҳар қадар аз сарфу харҷҳои беҳуда даст кашем, ба суди мардум хоҳад буд".

"Дахолат ба арзишҳои инсонӣ - поймолсозии ҳуқуқ аст"

Ҳуқуқшинос ва як фаъоли ҳуқуқи башар Дилафрӯз Самадова дар вокуниш ба ин таҳаввулот гуфт, "дар вақти талаби ҳатмии либоси миллӣ ин чиз бояд аз нигоҳи арзишҳои инсонӣ ва ҳуқуқ дар қонун асоснок карда шавад, ки чаро ҳатман либоси миллӣ ба бар карда шавад ва аз либосҳои бегона бояд парҳез шавад".

Вай мегӯяд, пӯшидани либос баёнгари ҷаҳони дохиливу афкори зан аст. "Дар идораву муассисаҳо манъ кардани ин ё он либос дуруст аст, вале барои манъ кардани ин ё он либос барои тамоми шаҳрвандон бояд заминаи воқеии он мушаххас карда шавад. Ва ҳуқуқи инсон дар он ҳолат маҳдуд карда мешавад, вақте дар Конститутсия ба таври рушан зикр шудааст, ки дахолат ба арзишҳои инсонӣ - чӣ ботинӣ ва зоҳирӣ поймолсозии ҳуқуқ аст".

Ин барои нахустин бор аст, ки дар як қонуни Тоҷикистон ба зарурати танзими либос, мушаххасан, риояву ҳифзи либоси миллӣ таъкид мешавад. Ин тағйирот дар пасманзари маъракаи сохторҳои давлатии Тоҷикистон дар амри мубориза бо либосҳои мазҳабӣ, аз ҷумла, пӯшидани ҳиҷобу сатр ворид мешавад. Ахиран дар саросари кишвар сохторҳои ҳифзи қонун ва ҳам кумитаҳои умури занон ва дин рейди даҳрӯзаи (аз 3 то 13 август) сӯҳбат бо занону духтаронро баргузор карданд, ки ҳадафаш ҷилавгирӣ аз пӯшидани ҳиҷобу сатр буд.

Танҳо як бахши гурӯҳи корӣ дар Душанбе дар давоми ин муддат бо 8000 занон сӯҳбатҳо анҷом дода, барояшон дар бораи «таъсири манфии фарҳанги бегона» маълумот доданд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, гароиш ба ақидаҳои ифротии мазҳабӣ, ки бегона ба фарҳанги миллӣ аст, аз пӯшидани либоси ғайрианъанавӣ аз назари арзишҳои миллӣ шурӯъ мешавад. Вале онҳое, ки аз ин маърака розӣ нестанд, мегӯянд, кори мақомот дахолат ба ҳаёти хусусии шаҳрвандон аст.

Забҳи чорво дар "чил" ва маъракаи "ҳоҷизиёрат" манъ шуд ​

Дар овоздиҳии ҷаласаи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон, ки бо пешниҳоди президент Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, дар шарту шароити баргузории бархе маросимҳои суннатӣ ва буҷаи ин маъракаҳо таҳрир ворид шуд. Аз ҷумла, вакилон розӣ шуданд, ки забҳи ҷорвои калонро дар маъракаи азодории "ҳафту чилу сол" манъ карда, додани таом манъ шавад ва маросимҳои хатнасури кӯдакон бидуни даъвати овозхонҳову ҳунармандон баргузор шавад. Маъракаи «ҳоҷизиёрат», ки баъди аз маконҳои муқаддас баргаштани зоирон барпо мешуд, ҳамчунин манъ мешавад.

Тарҳи пешниҳодии тағйироти қонунро президент дар вебсайти худ рӯзи 11 август нашр кард. Аз ҷумла, президент пешниҳод кард, ки “маросими хатнасур бояд бо иштироки аҳли хонавода баргузор шуда ва соҳибони маърака ҳаққи овардани овозхонҳоро надоранд”. Маросими хатнаи писарон бо ризояти волидон то бистрӯзагии навзод дар бемористон сурат хоҳад гирифт.

Бино ба пешниҳоди раиси ҷумҳур, баргузории маъракаи ақиқа низ манъ карда мешавад. Ақиқа як маросими мазҳабист, ки пас аз таваллуди тифл онро бархе анҷом медиҳанд. Шарти ба ҷо овардани маросими ақиқа ин аст, ки ҳангоми таваллуди писар мард бояд ду гӯсфанд ва барои духтар як гӯсфандро сар бизанад. Президент инчунин гуфта буд, ки гузаронидани маъракаҳои номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирони тифл ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон иҷозат дода мешавад.

Ҳадаф - сарфаи хароҷот аст

Ҳамаи ин муқаррароти нав, ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, ба хотири сарфа намудани маблағи волидон ва ҷилавгирӣ аз пастшавии сатҳи зиндагии мардум андешида шудааст.

Бо пешниҳоди президент, ҷавобгарии мақомот барои нақзи муқаррароти қонуни танзим шадидтар шуда, андозаи ҷарима шадидан афзоиш меёбад. Бар асоси лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки имрӯз порлумон баррасӣ кард, мансабдоре, ки қонуни танзимро нақз мекунад, то 25 ҳазор сомонӣ ҷарима муҷозот мешавад. Ин ҷарима қаблан 12 ҳазор сомониро ташкил медод.

Муҷозоти донишҷӯёни мошинсавор

Рӯзи 23 август вакилони парлумон инчунин таҳриру иловаҳо ба қонунҳои марбут ба маорифро низ баррасӣ карданд. Мувофиқи тағйирот ба қонун «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», донишҷӯёне, ки ба муассисаи таълимӣ сари чанбари мошини сабукрав меояд, ба мӯҳлати то се сол аз ҳақи таҳсил дар донишгоҳ маҳрум мешавад. Баъди гузашти ин мӯҳлат ӯ метавонад дар донишгоҳ барқарор шавад. Дар пешни​ҳоди президент аз рӯзи 11 август гуфта мешуд, ки донишҷӯ бояд "бе ҳуқуқи барқарор кардан хориҷ карда шавад".

XS
SM
MD
LG