Вакилони порлумони Тоҷикистон, ки ҳоло дар рухсатӣ қарор дошта, аз охири моҳи август бояд ба мулоқот бо сокинон бираванд, ба як ҷаласаи пеш аз мӯҳлат даъват шудаанд. Ин ҷаласа рӯзи 23-юми август баргузор хоҳад шуд. Интизор мерафт, ҷаласаи баъд аз рухсатии вакилон дар моҳи октябр шуруъ шавад, аммо раиси ҷумҳур хостааст, аъзои Маҷлиси Намояндагон дар даҳ рӯзи оянда ҳашт масъала, аз ҷумла иловаҳо ба қонуни танзими анъанаро баррасӣ ва тасвиб кунанд.
Дар умум тибқи тағйироти нав ба қонуни танзим минбаъд тамоми маросими азо бидуни додани таом баргузор хоҳад шуд.
Қиёмиддин Миралиев, вакили порлумон, рӯзи 12-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи сешанбе ба кор мебароянд. “Маъмулан аз оғози моҳи сентябр барои мулоқот бо интихобкунандаҳо мерафтем, аммо имсол кор бо баргузории як ҷаласа шурӯъ мешавад”, - афзуд ӯ.
Ҳукумати Тоҷикистон ба баррасии вакилони Маҷлиси Намояндагон тарҳи тағйирот ба ҳафт қонун ва лоиҳаи як ёддошти тафоҳум бо Чинро пешниҳод кардааст. Соли гузашта ба ҷаласаи изтирории порлумон қонун “Дар бораи авф” ироа шуда буд.
Бархе аз вакилони Маҷлиси Намояндагон гуфтанд, ки ҳоло бо тарҳи ислоҳҳо ошно нестанд. Як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ дар Маҷлиси Намояндагон бидуни ифшои номаш гуфт, тамаркузи асосӣ сари тағйирот ба қонуни танзим ва кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аст ва зоҳиран ин тағйирот бидуни баҳси зиёд тасвиб хоҳад шуд.
Дар бораи тарҳи иловаҳо ба ҳафт қонун ва як ёддошти тафоҳум бо Чин рӯзи 11-уми август дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон хабар дод. Аз ҷумла, дар шарҳи лоиҳаи тағйирот ба қонуни танзими анъана дар вебсайти раиси ҷумҳур гуфта шуд, ки “маросими хатнасур бояд бо иштироки аҳли хонавода баргузор шуда ва соҳибони маърака ҳаққи овардани овозхонҳоро надоранд”. Маросими хатнаи писарон бо ризояти волидон то бистрӯзагии навзод дар бемористон сурат хоҳад гирифт.
“Аз манъи чилу сол то иштироки овозхонҳо дар хатнасур”
Ҳамчунин раиси ҷумҳур пешниҳод кардааст, ки ҳангоми баргузории маросими азодороии “се”, “чиҳил” ва “сол” забҳи чорво ва додани таом манъ шавад.
Бино ба пешниҳоди раиси ҷумҳур, баргузории маъракаи ақиқа низ манъ карда мешавад. Ақиқа як маросими мазҳабист, ки пас аз таваллуди тифл онро бархе анҷом медиҳанд. Шарти ба ҷо овардани маросими ақиқа ин аст, ки ҳангоми таваллуди писар мард бояд ду гӯсфанд ва барои духтар як гӯсфандро сар бизанад.
Бархе шаҳрвандон аз ин норозигӣ доранд, ки қонун хеле зиёд ба ҳаёти хусусии шаҳрвандон дахолат мекунад
Тағйирот ба кодексҳои ҷиноӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ низ аз санадҳоест, ки ба эҳтимоли зиёд дар ҷаласаи изтирории Маҷлиси намояндагон ба тасвиб мерасад. Бино ба иловаҳои пешниҳодӣ, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ барои бе ҳуҷҷати ронандагӣ ва дар ҳолати мастӣ идора кардани мошин шадидтар хоҳад шуд.
“То 20 сол маҳрумият барои мастӣ дар вақти рондан”
Дар хабари дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ гуфта мешавад, бинобар тағйироти пешниҳодшуда ба моддаи 50-уми Кодекси ҷиноӣ, шахсоне, ки дар ҳолати мастӣ мошинро идора мекунанд, то 20 сол аз ҳаққи идораи мошин маҳрум мешаванд. Дар ҳамин ҳол, дар моддаҳои марбут ба ронандагии Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҷазоҳо саттхтар шуда, муҳлати маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ронандагӣ аз 2 то 10 сол боло бурда мешавад. Дар сурати аз сӯи порлумон тасвиб шудани ин тағйирот ба қонун, ҷавобгарӣ барои рондани мошин бидуни шаҳодатномаи ронандагӣ низ ба маротиб сахттар мешавад.
Президент пешниҳод кардааст, ки андозаи ҷарима барои ронандаҳои бешаҳодатнома аз 150-250 сомонӣ ба 12 ҳазору 500 сомонӣ боло бурда шавад. Дар ҳамин баробар ҷаримаи дар ҳолати мастӣ ва ё бе шаҳодатномаи ронандагӣ рондани мошин аз 2500-3500 сомонии қаблӣ то ба 20 ҳазор сомонӣ боло бурда хоҳад шуд.
Кӣ розӣ, кӣ норозӣ?
Пешниҳоди сахттар кардани ҷазо барои ронандагони маст ва ё худсар дар ҳоле нашр мешавад, ки раиси ҷумҳур дар мулоқoташ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ моҳи июн эълон кард, ки аз соли 2010 то имрӯз 10,5 ҳазор садамаи нақлиётӣ рух дода, 3300 хонадонро мотамзада ва кӯдаконро ятим намудааст.
Талошҳои ворид кардани тағйироти нав ба қонун оид ба танзими расму оинҳо дар ҳолест, ки бо гузашти 10 соли қабул ва татбиқи он, ҳанӯз ҳам бархӯрди мардум ба он якранг нест. Бисёр оилаҳои камбизоат, ки дар харҷу сарф бо ҳамсояҳои дорои худ вориди сабқат мешуданд, эҳсоси сабукӣ карданд. Аммо бархе шаҳрвандон аз ин норозигӣ мекунанд, ки қонун хеле зиёд ба ҳаёти хусусии шаҳрвандон дахолат мекунад ва маросимҳои шоду ғами оилавии онҳо аз роҳи назорати масъулин ва дар сурати нақз шуданаш ҷаримабандӣ шудани маъракадор, табъи онҳоро хира мекунад.