Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ноҳияи Рӯдакӣ аз додани таом дар "чил"-у "сол" даст кашид. САДО


Як минтақа дар Тоҷикистон бо ташаббуси ҳукумати маҳаллӣ нахустин шуда аз додани таом дар маросимҳои "чил" ва "сол" даст кашид. Роҳбарияти ноҳияи Рӯдакӣ эълон кард, ки минбаъд дар ин ноҳия маросимҳои чилу сол дигар бе додани таом баргузор мешавад.

Тасмими таҳрири шеваи баргузории бархе маросимҳои азо, ки бо ҳадафи камхарҷ ва мутобиқ шуданашон ба қонуни танзими расму оинҳо гирифта шудааст, муддатҳо пеш ҳам аз ҷониби бархе мақомоту сокинон матраҳ шудааст. Ҳоло интизор меравад, ки ин тасмим дар таҳрири нави

Маҷбур шудем, қарз гирифта, маросимҳоро баргузор кунем ва барои мо вазнин фаромад. Аз ин ҳисоб 1800 доллар қарздор шудем. Ду сол шуд, ки то ҳол наметавонам ин қарзро пурра пардохт кунам

қонуни танзими расму оинҳо ворид шавад. Аммо бархе ҷомеашиносон мегӯянд, бо қонуну қарор мушкил аст пеши роҳи ин маъракаҳоро гирифт ва бояд нахуст ҳатмӣ набудани маросимҳои мазкур дар зеҳнҳои мардум шикаста шавад.

“Мардум моро бо ангушт нишон медоданд”

Абдухолиқ Шодиев, сокини 43-солаи вилояти Суғд давоми ду сол аст, ки наметавонад аз қарзи барои маросимҳои модараш гирифта халос шавад. Абдухолиқ мегӯяд, бо чаҳор фарзанд ба деҳқонӣ машғул аст ва даромади солонааш бо гуфтаи худаш “бо як азоб” барои зиндагӣ мерасад. Ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд, баъди вафоти модараш мехост каме шароиташ беҳтар шавад ва баъдан маросимҳои хайриявии модарашро адо кунад.

Ноҳияи Рӯдакӣ аз додани таом дар "чил"-у "сол" даст кашид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:55 0:00
Линки мустақим

“Байни мардум ошкору пинҳон миш-мишҳо шуд ва ману хонаводаамро бо ангушт нишон медодагӣ шуданд. Гоҳ ба шухӣ, гоҳ ба ҷиддӣ ба мо ишора мекарданд. Маҷбур шудем, қарз гирифта, маросимҳоро баргузор кунем ва барои мо вазнин фаромад. Аз ин ҳисоб 1800 доллар қарздор шудем. Ду сол шуд, ки то ҳол наметавонам ин қарзро пурра пардохт кунам”, афзуд Абдулхолиқ Шодиев.

Абдухолиқ мегӯяд, сармояи ӯ дар давраи табобати модараш сарф шуд ва ба ҳамин хотир, дигар имконият надошт, ки аз ҳисоби худаш маросимҳои модарашро саривақт гузаронад.

“Баъди вафоти шахс додани таом манъ мешавад?”

Масъалаи танзими маросимҳои миллӣ дар Тоҷикистон давоми 10 соли ахир яке аз мавзуъҳои калидӣ аст. Ҳукумати Тоҷикистон бо тасвиби “Қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо”, як идда маросимҳоро манъ карда, теъдоди иштирокдорон дар тӯю маъракаҳои азоро низ маҳдуд кард.

Ҳукумат ин қонунро яке аз дастовардҳои муҳими худ медонад, ки ба қавли мақомоти тоҷик тавонист зиндагии мардумро беҳтар карда, сатҳи фақрро дар кишвар поён барад. Баъди даҳ соли қабули ин қонуни то ҳол баҳсбарангез, мақомоти тоҷик эълон карданд, ки ба қонуни танзим тағйирот ворид мекунанд.

Соли 2007 баъди тасвиби қонуни танзим аз маросимҳое, ки баъди вафоти шахс наздиконаш баргузор мекарданд, додани таом танҳо дар чилу сол ва ҳам бо теъдоди маҳдуд иҷозат шуда буд. Агар тағйирот ба қонуни танзим қабул шавад, дигар дар Тоҷикистон касе баъди вафоти наздиконаш ҳақ надорад дар хона ин бахши маросимҳоро бо додани таом баргузор кунад.

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, масъалаи манъи додани таом дар маросимҳои чилу сол ҳоло дар баррасӣ қарор дорад. Муфтии Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло дақиқ нест, ки шеваи баргузории чилу сол чигуна мешавад ва чанд гузина дар баррасӣ мебошад.

Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, “дар асоси пешниҳодҳои мардумӣ маросимҳои чилу сол мумкин танҳо бо додани ширинӣ гузаронда шавад. Чи тавре, ки дар бисёр давлатҳои исломӣ мавҷуд аст. Масалан дар Афғонистон фотиҳа мегӯянд, маросим дар масҷид мешавад ва мардум омада дуо мекунанд. Онҷо ширинӣ ва ё об гузошта мешавад, тамом. Дар давлатҳои арабӣ ба хонаи шахси вафоткарда меравед, чой, хурмо ё нӯшокиҳо аст. Ин хел мисли мо хурду хӯрок нест.”

Бо ин ҳама Раиси Шӯрои уламо мегӯяд, дар Тоҷикистон касе хайрро манъ накардааст ва касе имконият дорад, метавонад ба камбизоатон кӯмак расонад.

"Мусобиқа” бояд нахуст аз зеҳнҳо тоза шавад"

Ҷомеашиносон мегӯянд, маросимҳои миллӣ дар Тоҷикистон суннатест, ки аз садсолаҳо ба ин тараф дар ҷомеа амал мекунад ва бо қарору қонун манъ кардани онҳо роҳи ягонаи ҳалли масъала нест. Чун ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, ин маросимҳо дар зеҳни мардум ҳамчун қоидаи ҳатмӣ қабул шудаанд ва нахуст бояд ин “ҳатмият” аз зеҳни мардум бардошта шавад.

Ёрмуҳаммад Ниёзӣ.
Ёрмуҳаммад Ниёзӣ.

Ёрмуҳаммад Ниёзӣ, ҷомеашиноси тоҷик ин маросимҳоро суннати динӣ номид, ки дар бар пояи тақлид аҳолӣ онҳоро иҷро мекунад. Ба қавли ин ҷомеашиноси тоҷик, ин як суннати диниест, ки солҳои зиёд мардум аз он пайравӣ мекарданд.

Ниёзӣ мегӯяд: “Хусусияти ҳама гуна динҳо ин аст, ки бар пояи тақлид устувор мешаванд, яъне ҳар як ҳукми шаръӣ бояд аз тарафи тамоми пайравонаш тақлид шавад. Аз сабабе, ки ин ҳукми тақлидӣ аст, ба шакли одат табдил меёбад. Ҳар гуна тақлидҳо вақте ба одат табдил меёбанд, ҳамин гуна таассубҳо ва якдигарро ба чашми рақобат нигоҳ кардан дар ҳамин масоил зеҳниятро ба вуҷуд меорад. Як навъи рақобатҳо ҳамин тақлидкорӣ аст, ки барои пешбурди ҳайсияту шарафу обрӯи худ огоҳу нохудогоҳ мардум аз ин тақлидкорӣ пайравӣ мекунанд.”

Рашид Ғанӣ Абдулло.
Рашид Ғанӣ Абдулло.

Ин ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, ҳар ҷомеае, ки суннатӣ аст, албатта бо лидерҳои маҳаллии худаш пайравӣ мекунад ва ин амалҳоро иҷро мекунад.

Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси дигари тоҷик мегӯяд, қаблан чунин маросимҳо асосан аз ҳисоби қишри доро ба хотири паст кардани ташаннуҷи иҷтимоӣ гузаронда мешуд ва мисли ҳозира “мусобиқа” намешуд. Вай мегӯяд, мақсади ҳар гуна худоиҳо аз дороҳо ба нодорҳо як василаи ёрдам буд, вале бо мурури вақт тағйир ёфт. Ин коршинос мегӯяд, дар ҷараёни тағйири қонун оид ба тарзи баргузории ин маросимҳо бояд ҷомеашиносон иштирок кунанд.

Ислоҳоту реформа фурсат мехоҳад

Талошҳои ворид кардани тағйироти нав ба қонун оид ба танзими расму оинҳо дар ҳолест, ки бо гузашти 10 соли қабул ва татбиқи он, ҳанӯз ҳам бархӯрди мардум ба он якранг нест. Бисёр оилаҳои камбизоат, ки дар харҷу сарф бо ҳамсояҳои дорои худ вориди сабқат мешуданд, эҳсоси сабукӣ карданд. Аммо бархе шаҳрвандон аз ин норозигӣ мекунанд, ки қонун хеле зиёд ба ҳаёти хусусии шаҳрвандон дахолат мекунад ва маросимҳои шоду ғами оилавии онҳо аз роҳи назорати масъулин ва дар сурати нақз шуданаш ҷаримабандӣ шудани маъракадор, табъи онҳоро хира мекунад.

Бархе дигар, аз ҷумла президент Эмомалӣ Раҳмон аз сарфи назар шудани меъёрҳои қонун пеш аз ҳама аз ҷониби худи мансабдорон интиқод кардаанд. Дар шикоятҳои дигар гуфта мешавад, ки қонуни ба хотири сарфакории харҷу масрафот қабулшуда натавонист аз фасод канор бимонад ва заминаҳоеро барои ришваситонӣ аз соҳибони маъракаҳо ба миён овард.

Вале онҳое, ки аз амалӣ шудани ин қонун ҷонибдорӣ мекунанд, мегӯянд, мушкили пазиришу татбиқи қонун омилҳои объективӣ дорад ва бояд батадриҷ амалӣ шавад. Таҷрибаи бархе мардумони соҳибанъанаву қадимаи ҷаҳон, назири Сингапур, Чин, Туркия ва дигарҳо, ки дар марҳилаҳои мухталифи таърихӣ аз паи ислоҳот ба хотири пешрафти ҷомеаҳои худ шуданд, бомушкил анҷом шудааст. Таърихшиносон мегӯянд, шикастани анъанаву урфу одатҳои ҷоуфтода дар они воҳид кори осон нест ва фурсат талаб мекунад, ки дар зеҳнҳо ҷо шуда, зарурат ва манфиати онҳо аз ҷониби бахши аъзами мардум дарк шавад.

XS
SM
MD
LG