Як вакили порлумони Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ба ҷавонони ятиму нимаятим на то 18-солагӣ, балки то 25-солагиашон кӯмакпулӣ дода шавад. Ин пешниҳод ҳангоми баррасии буҷаи соли 2019 Саидҷаъфар Усмонзода, вакили Маҷлиси намояндагон садо.
Саидҷаъфар Усмонзода, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои роҳгум назадан дар зиндагии ятимон ва ва то ба по рост шудан, пас аз берун шудан аз ятимхона, давлат бояд ба онҳо кӯмаки молӣ кунад. Ба гуфтаи ӯ, ба кор даромадани як чархаи нерӯгоҳи Роғун, ки ба буҷа даромади иловагӣ меорад, имкон медиҳад, ба ин қишри осебпазири ҷомеа кӯмакҳои бештар расонида шавад.
Вакили тоҷик ҳамчунин пешниҳод кард, кӯмакпулии ятимони кул ва нимаятимон боло бурда шавад, зеро он маблағе, дарёфт мекунанд, ба хароҷоти якмоҳаи онҳо намерасад
“Агар ҳар рӯз як нафар як ҳотдог хурад, 300 сомонӣ сарф мешавад, ҳоло дар бораи чою либос, роҳкирову гашту ҳаваси ҷавонӣ гап намеравад. Барои ҳамин барои ятимони кулл бисёр вазнин аст. Бояд ҳадди аққал 500 сомон ё 1000 сомонӣ бигиранд, то дар чорроҳа намонанд ва як умеде дошта бошанд то пайдо кардани ҷойи кор” - афзуд Саидҷаъфар Усмонзода.
Тибқи қонун ятимони кулл ва нимаятимони тоҷик вобаста ба шароити зиндагӣ аз 100 то беш аз 300 сомонӣ кӯмаки иҷтимоӣ мегиранд. Кумакпулӣ ҳам то 18-солагӣ пешбинӣ шудааст. Ятимоне, ки таҳсилро дар донишгоҳ идома медиҳанд, то 23-солагӣ кӯмак мегиранд, аммо онҳое, ки баъди берун шудан аз ятимхона таҳсилро идома намедиҳанд, бидуни ягон касбу ҳунар ва манбаи даромаду сарпаноҳ мемонанд.
Бархе бо кӯмаки афроди хайрхоҳ як муддат зиндагиро пеш мебаранд аммо сарнавишти гурӯҳи дигар норушан мемонад.
Вале онҳое, ки дохил нашуданд ва ҷойи кор наёфтанд дар кӯча мемонанд
Саидҷаъфар Усмонзода афзуд: “Ятимон ва нимаятимон баъди хатми синфи 11 аз хона интернат берун мешаванд ва онҳое, ки дохил шуданд стипендия мегиранд ва бо хобгоҳ таъмин мешаванд, вале онҳое, ки дохил нашуданд ва ҷойи кор наёфтанд дар кӯча мемонанд. Яке аз вазифаи асосии ҳукумат ҳифзи иҷтимоии қишрҳои осебпазири ҷомеа аст.”
Ҳамасола садҳо нафар баъди расидан ба балоғат ва хатми таҳсил аз ятимхонаҳои Тоҷикистон берун мешаванд, аммо аксарашон ҷое барои рафтан ва ё хона надоранд.
Дар пайдо кардани ҷойи кор низ аксарият ба мушкил рӯ ба рӯ мешаванд. Бархе аз ятимон мушкили худро дар сӯҳбатҳои рӯ ба рӯ бо президент ҳам матраҳ карда буданд.
Муроҷиати мустақими ятим ба Эмомалӣ Раҳмон
Соли 2010, яке аз ин ятимони кулл ба мулоқот бо раиси ҷумҳур роҳ ёфт ва аз ӯ кумак хост. Шамсиддин Мирзоев гуфт, дар ятимхона рахти хоб дошт ва ва ҳангоми таҳсил дар донишгоҳ соҳиби утоқ буд, вале баъди берун шудан аз хобгоҳ, бесарпаноҳ монд ва шабро дар хонаи шиносҳо ва гоҳе дар кӯча рӯз мекунад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Фарзанди нодаркор". ВИДЕОБахтовар Ҳусейнов ҳам ятим аст дар 3 моҳагӣ аз модар ва дар 3 солагӣ аз падар маҳрум шудааст. Бобову бибӣ Бахтоварро ба ятимхона супурданд. Чаҳор моҳ пеш ӯ ин муассисаро хатм кард ва шомили донишгоҳ шуд. Имсол нафақапулии ӯ ба 315 сомонӣ расид, аммо мегӯяд хароҷоташ қариб 700 сомонӣ аст. Баъзан бобову бибии бознишастааш ба ӯ кумак мерасонанд.
Сарфаҷӯӣ мекунем, то гурусна намонем
Ятими тоҷик мегӯяд, маблағашро хеле сарфакорона истифода мекунад, ҳатто бо ҳамсабақонаш ки баъзан сайргашт ё шабнишинӣ мекунанд, ба ҳамин далел ҳамроҳ намешавад.
“Дар як моҳ 90 сомонӣ роҳкиро мекунам, бо бачаҳо 20 сомонӣ мепартоем ҳар ҳафта, ягон хӯрока мегирем. Сарфаҷӯӣ мекунем ва мехӯрем. Ҳамсабақҳо ҳарҷо мераванду мешинанд, ман кӯшиш мекунам, наравам. Ҳолатҳое мешаванд, ки бе пул мемонам” – мегӯяд Бахтовар.
Бахтовар ҳоло дар хобгоҳи донишгоҳ зиндагӣ дорад, аммо пас аз хатми он намедонад, куҷо зиндагӣ мекунад. Дар хонаи бобову бибиаш як бародари маъюб ва чанд оила зиндагӣ доранд.
Ӯ шояд бештар аз дигар ҳамсолонаш аз ҳоло дар фикри дарёфти кори муносиб ва сарпаноҳ аст. Зеро зиндагии ояндааш пурра аз ин вобастааст.
“Хатм кардем, дигар на ҷои зист дорем, на ҳеҷ чиз. Агар бо ягон кор таъмин кунанд хуб аст. Ҳеҷ нашуд, то рӯзе бобоям ҳаст, маҷбурам ба назди ӯ раваму он ҷо зиндагӣ кунам. Вале баъд номаълум” - мегӯяд, ӯ.
Пешниҳоди вакили тоҷик барои боло бурдани синни дарёфти кӯмакпулӣ барои ятимонро Бахтовар барои ҳамтақдиронаш муҳим мешуморад.
Масъулини ятимхонаҳо мегӯянд, онҳо талош мекунанд, ки дар солҳои аввали зиндагӣ ба хатмкардаҳои худ кӯмак расонанд ва ба онҳо хобгоҳу ҷойи хоб пешниҳод кунанд. Аммо дар маҷмӯъ масъулияти бо ҷойи кор ва хоб таъмин кардани ятимон пас аз ятимхона номушахас боқӣ мемонад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Падармурдаро даст бар сар бинеҳ...""Воқеан зиндагӣ барояшон сахт аст"
Гулчеҳрамоҳ Қадамова, ки таҷрибаи чандсолаи кор дар ятимхонаҳоро дорад, мегӯяд, масъалаи бо сарпаноҳ таъмин кардани ятимон ҳам аз ҷониби мақомот баррасӣ шавад.
“Баъзе ятимон на савод доранд ва на чизе ва ба чунин кӯмакҳо ниёз доранд. Албатта онҳо амаку хола ва хешу табор доранд, аммо онҳо оилаҳои худро доранд ва ҳар кас ҳоло ба оилаи худаш мерасад. Ятимон бояд пул ва ҷое дошта бошанд, ки то касбомӯзӣ ва ҷойи кор ёфтан худро таъмин кунанд” -
Дар ятимхонаҳои Тоҷикистон беш аз 46 ҳазор атфоли ятиму нимаятим ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Пешниҳоди вакили тоҷик барои боло бурдани нафақапулӣ ва то 25-солагӣ аз кӯмакпулӣ баҳраманд кардани ятимон дар вазорати молия баррасӣ ва баъдан ба ҳукумат пешниҳод мешавад.
Саидҷаъфар Усмонзода, ки мавзуро матраҳ кард, умедвор аст, пешниҳодашро ба инобат мегиранд ва зиндагии ятимон беҳтар мешавад ва дар нимароҳи зиндагӣ сарсону саргардон намешаванд.