Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ятимдухтаронро кӣ хостгор мешавад? ВИДЕО


Хонандагони яке аз хона-интернатҳо.
Хонандагони яке аз хона-интернатҳо.

Салима Ҷӯраева як сол боз дар ҷустуҷӯи келини мувофиқ барои писараш аст. Ба чанд даре, ки бо ин ният рафт, посухи рад гирифт. Фарзанди 23-солаи ӯ дар хурдӣ осеб гирифтаву нуқси ҷисмонӣ дорад. Модар мехоҳад, ӯро хушбахт бубинад ва ягон духтари ҳамтақдирашро барояш хостгорӣ кунад.

Ахиран ба ин модар машварат доданд, ки ба муассисаҳое муроҷиат кунад, ки дар он ҷавонони дорои имконияти маҳдуд таълим мегиранд. Мегӯяд, ки ба назараш маҳз дар онҷо духтаре мувофиқ ба писараш пайдо кардан мумкин аст. "То ҳол ман ин хел духтарро суроғ карда то ноҳияҳои дигар рафтам, бенатиҷа. Бояд як духтаре бошад, ки бигузор маълул, аммо ором ва тавонад ӯро дарк кунад",-мегӯяд Салима Ҷӯраева.

Духтароне, ки ятими кулланду касе надоранд, дар бисёр маврид аз ҳамин муассисаҳо ба донишкадаву донишгоҳ ва баъдан ба хонаи бахт мераванд.

Бо ҳамин ният ҳам ба собиқ хона-интернати маълулон дар Душанбе, ки ҳоло Литсейи касбии махсуси маълулон ном дорад, хостгорон зиёд меоянд. Духтарони ятиму маълул ва бепарастор, дар ин муассиса дар қатори писарон баъд аз хатми ятимхонаҳо ба таҳсилу касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Дар миёни онҳо духтарони болотар аз сини 18 ҳам ҳастанд.

Мавҷуда Саидаҳмадзода, ки 5 соли ахир раҳбари ин литсей аст, мегӯяд, хонаводҳое, ки фарзанди маълул доранд, барои пайдо кардани келини муносиб ба онҳо муроҷиат мекунанд. Ба гуфтаи вай, ба муссисаи онҳо бисёр вақт духтарон аз ятимхонаҳо меоянд. Ӯ мегӯяд, масалан, соли гузашта як духтаре, ки аз ятимхона омада буд, таҳсилро инҷо хатм кард ва дар ташвиш буданд, ки баъд аз ин ӯ чӣ кор мекунад. Аммо оилае пайдо шуд, ки барои фарзандашон ӯро хостгорӣ кард ва ҳоло соҳиби духтар шуданд.

Вале ба гуфтаи Мавлуда, онҳо қабл аз мусоидат дар ин кор вазъи зиндагӣ ва шароити ҷониби домодро ҷиддан меомӯзанд. “Мо бо оилаҳо шинос мешавем, мақсади онҳоро мефаҳмем. Вақте боварӣ ҳосил кардем, албатта фикри духтарро мепурсем ва розигӣ медиҳем". Масъулини муассиса мегӯянд, бо он, ки духтарон як нуқси ҷисмонӣ доранд, аммо хеле боҳушанд ва метавонанд оилаҳои солим бунёд кунанд.

Ятимдухтаронро кӣ хостгор мешавад?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:49 0:00

Суҳайло Холова, имсол Литсейи касбии махсусро хатм мекунад. Ӯ ният дорад таҳсилро дар донишгоҳ идома диҳад. Барои ҳамин ҳам ба хостгороне, ки ба суроғаш омадаанд, ҷавоби рад додааст. Суҳайло ба хостгорон гуфтааст, ки ҳоло ният дорад ба таҳсили худ идома диҳад ва хонаводааш низ ба ин розӣ ҳастанд. Ӯ мегӯяд, ки ҳоло барояш касбомӯзӣ муҳимтар аст ва мехоҳад дӯзанда шавад, то дар зиндагӣ азоб накашад.

Суҳайло хатмкардани хона-интернати Ҳисор аст. Бар хилофи андешаҳое, ки афроди дар ятимхона ва берун аз муҳити оила бузург шуда, наметавонанд ба зудӣ вориди ҷомеа шаванду дар хонаводаи дигар мутобиқ шаванд, масъулини ятимхонаҳо мегӯянд, баръакс духтарони маҳрум аз меҳру муҳаббати волидон метавонанд фарзанди хуби хонаводаи дигар шаванд ва муҳаббати сарфнокардаи худро ба онҳо бубахшанд.

Ба гуфтаи Гулизор Раҳимова, мураббия ва раиси духтарони мактаб-интернати Ҷумҳуриявии кӯдакони ятими ноҳияи Шаҳринав, хостгорон аксаран хонаводаи афроди камбизоат ва онҳое ҳастанд, ки медонанд духтарони ятимхона эрка нестанд ва дар зиндагӣ ба ҳама мушкил тоб меоранд. Аз ҳудуди 400 тарбиятгирандаи ин муассиса, наздик ба 100 нафараш духтаронанд.

Гулизор Раҳимова мегӯяд, ки дар мактаб-интернатҳо духтарон ба пастиву баландии зиндагии омодаанд ва ба каму бешӣ тоқат мекунанд. "Мо ин ҷо ба духтарон дарсҳои маърифати оиладорӣ ҳам мегузарем ва барои зиндагӣ дар як хонаи дигар ҳам онҳоро омода мекунем”,-мегӯяд хонум Раҳимова.

Ӯ аз мусоидати ятимхона дар издивоҷи 3 духтари ятими кулл мисол овард, ки баъд аз хатми донишгоҳ сурат гирифт. Зиндагии духтарон ба гуфтаи ин мураббӣ баъд аз издивоҷ ҳам аз зери назари онҳо дур нахоҳад монд. Аммо ба гуфтаи Гулизор, духтарони муассиса ҳама талош мекунанд аввал маълумоти олӣ бигиранд, то фардо дар зиндагӣ ба мушкил рӯбарӯ нашаванд.

Нигина Низомова имсол хона-интернати Шаҳринавро хатм мекунад. Баъд аз ҷудо шудани падару модар, ӯ дар тарбияи бобои пир монд. Ӯро ҳанӯз дар хурдсолӣ ба тарбияи ятимхона супурданд. Ҳоло фикри издивоҷро надорад ва мехоҳад таҳсилро идома диҳад. Аммо Нигина фикр мекунад, ӯ танҳо дар хонаводаи соҳибмаърифат ва солим метавонад хушбахт бошад. Оилаҳои дигар шояд онҳоро хуб дарк нахоҳанд кард.

"Оилае бошад, ки муносибат дар он хуб бошад. Хонаводаи илмдӯст бошанд. Фикр мекунам, асос ҳамин аст. Дар чунин оилаҳо муҳити солим аст ва кӯдакон ҳам дар ин хонаҳо зиндагии хубе хоҳанд дошт. Ё оилае бошад, ки аз дарди ятимон огоҳ бошад ва ҳатман моро хуш қабул хоҳанд кард",-мегӯяд Нигина Низомова.

Масъулини ятимхонаҳо мегӯянд, дар миёни онҳое, ки мехоҳанд духтарони ятим ё маълулро аз ин таълимгоҳҳо хостгорӣ кунанд, оилаҳое ҳам ҳастанд, ки бо таваҷҷӯҳ ба бекас будани духтарон мехоҳанд, аз ин ҷо ба хонаи худ на як фарзанду келин, балки бештар хизматгоре баранд. Бинобар ин ҳам ба таъкиди муррабияҳо, аксаран дар чунин ҳолат оилаҳои хостгор хуб санҷида мешаванд.

Дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ ҳудуди 70 ятимхона фаъол аст, ки беш аз даҳ ҳазор хонандаро ба тарбия фаро гирифтаанд. Духтароне, ки ятими кулланду касе надоранд, дар бисёр маврид аз ҳамин муассисаҳо ба донишкадаву донишгоҳ ва баъдан ба хонаи бахт мераванд.

XS
SM
MD
LG