Насима, Фарзона ва Зариф Мӯсоевҳо пас аз реҳлати волидони худ дар манзили харобе, ки аз онҳо ба мерос монда буд, дар шароити баде бар сар мебурданд ва ҳар лаҳза имкон дошт ин хона болои сарашон фурӯ равад. Ин се ятим 11 сол боз дар тарбияи бибии солмандашон ҳастанд ва то ин муддат танҳо бо маоши бознишастагии ин пиразан зиндагӣ мекарданд. Аммо акнун шуълаи умед барои зиндагии беҳтаре дар ин ятимон ва момои саробонашон пайдо шудааст.
Иқбол Холматова, бибии ин се ятим, мегӯяд, духтару домодаш зиндагии роҳат надоштанд ва ба хотири ин, ки набераҳояш аз тарбия дур монда ангуштнамои мардум нашаванд, вай тарки хонаи худ карда, муроқиби онҳо шудааст.
«Духтарам рӯзгори сахте дошт. Шавҳараш ӯро ниҳоят азоб медод, латукӯб, бадмастӣ мекард ва доим мавриди хушунат, азобу шиканҷа қарор медод. Ниҳоят кор ба ҷое расид, ки духтарамро чанд дафъа бо корд захмӣ карда кушт ва пасон, домодам ҳам худкушӣ кард. Фарзандонаш дар кӯча сарсон монданд, азбаски волидону хешовандони домодам аз тарбияи онҳо даст кашиданд, тарки хонаи худам кардаму ба хотири аз тарбия дур намондани онҳо, аз ҳамон рӯз бо ҳамин набераҳои сағир рӯз мебарам. Акнун 11 сол мешавад, ки худам соҳибию саробонӣ мекунамашон», - мегӯяд Иқбол Холматова.
Ин зани солманд тӯли ин солҳо талош намуд, ки набераҳояш дар мактаб таҳсил кунанд, хуб тарбия ёбанд ва аз ғизо танқисӣ надошта бошанд. Ҳоло танҳо набераи хурдиаш дар мактаб таҳсил мекунад, дуи дигар ба хотири дарёфти қути лоямут аз хурдӣ ба кор дода шуданд.
Зариф Мӯсоев, набераи момои Иқбол, мегӯяд, азбаски хонаашон хароб буд ва маоши бознишастагии модарбузургаш барои таъмини иҷтимоии ин хонаводаи ятимон нокофӣ буд, вай аз идомаи таҳсил даст кашида, дар устохонае ба ҳайси ёвари усто ба кор даромад.
Вай афзуд: «Ёвари устои мошинҳо ҳастам. Хоҳаронам ҳам дар таъмини хонавода ёрӣ мекунанд, тағоҳоям низ. Момои бечораам бо маоши нафақааш чандин сол боз моро нигоҳубин мекард. Шукр, ки ҳоло андаке беҳтар шудааст зиндагиамон. Аммо ҳамин хонаамон бисёр вайрон шуда буд, зимистон об мечакид, хиштҳояш беҷо шуда буданд, хеле дар ҳаросу ташвиш будем».
Зариф мегӯяд, дар гузашта чанд дафъа аз мақомоти давлатӣ хоҳиш карда буданд, ки дар бозсозии манзили зисташон кӯмак кунанд, аммо ҳар дафъа дар посух мешуниданд, ки «имконоти молиявии шаҳрдорӣ барои иҷрои ин дархост маҳдуд аст». Момои Иқбол мегӯяд, ҳамакнун орзуи бисёрсолаи ӯ, ки бунёди манзили зисти бехатар барои набераҳои ятимаш буд, ҷомаи амал мепӯшад:
«Хона хеле куҳна буд, ба чаппа шудан наздик буд, шабҳо аз тарси он ки фаршаш болои сари набераҳояш фурӯ наравад, хобам намебурд. Моҳе пеш набераи хурдиам Насима хабар ёфт, ки раиси ҷумҳур ба Қӯрғонтеппа меояд ва бо ятимони бепадару модар вомехӯрад. Азбаски ҳарфи дилашро ошкор гуфта наметавонист, рӯи варақ арзашро навишт ва муваффақ шуд, ки ба дасти худи президент расонад. Дар навбати худ раиси ҷумҳур ба раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Шарифхон Самиев дастур дод, ки ба ин ятимон кӯмак расонед. Аз номи набераҳоям ба роҳбарон хеле изҳори сипос мекунам, ки ниҳоят ба мушкили чандинсолаи мо расидагӣ карданд, зеро мо худамон имкони сохтани хонаи навро надоштем».
Қарор аст, ки манзили нави Зариф, Фарзона ва Насима дар рӯзҳои аввали моҳи сентябр пурра сохта шуда, барояшон тақдим мегардад. Тибқи иттилои расмӣ, феълан дар вилояти Хатлон ба мисли Зарифу хоҳаронаш боз 1160 нафар кӯдакони ятими пурра, яъне бепадару модар, умр ба сар мебаранд ва ниёз ба ғамхорию дастгирӣ доранд. Мақомоти вилояти Хатлон барои 461 кӯдаки ятими кулл дар бонкҳо суратҳисобҳои махсус кушода, то ин муддат дар ин суратҳисобҳо қариб 131 ҳазор сомонӣ маблағ ҷамъ шудааст, ки он барои беҳсозии вазъи иҷтимоии худи ятимон сарф хоҳад шуд.
Ба иттилои мақомоти ҳукумати Хатлон, танҳо дар як моҳи охир ҳаҷми умумии кӯмакҳои хайриявӣ ба кӯдакони ятиму бепарастор ва оилаҳои камбизоату муҳтоҷ аз марзи як миллиону 650 ҳазор сомонӣ убур кардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки феълан дар Тоҷикистон, тибқи омори расмӣ, тақрибан 102 ҳазор наврас ятим, 3800 нафар кӯдакон ятими пурра, яъне бе падару модар ҳастанд ва 200 ҳазор оила дар ҳоли фақр зиндагӣ мекунанд.