Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикони муштоқи фарзанд дар хориҷ ва монеаҳои фарзандхонӣ


Эҳтимол дар ояндаи наздик Тоҷикистон қонун дар бораи манъи фарзандхонӣ аз тарафи хориҷиҳоро бознигарӣ кунад ва дар навбати аввал дархости онҳоеро иҷро намояд, ки шаҳрванди Тоҷикистон буданд ва акнун мехоҳанд, кӯдакеро аз ватани худ ба фарзандӣ бигиранд.

Бо ин ҳадаф гурӯҳи вижаи корӣ таъсис ёфтааст ва мавзӯъ мавриди омӯзиш қарор дорад. Бозбинии масъалаи фарзандхонӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳолест, ки даҳҳо тоҷики дорои шаҳрвандии кишварҳои хориҷ, мехоҳанд, кӯдаки хешованди худро ба фарзандӣ бигиранд ва бо худ ба хориҷ баранд. Аммо чун як шаҳрванди хориҷӣ аксаран ба мушкил мувоҷеҳ мешаванд.

Аҳдия, зане, ки 20 соли ахир дар Аврупо зиндагӣ мекунад, чанд сол боз талош дорад, ду писари бародарашро ба фарзандӣ бигирад ва бузург кунад. Ин далел, ки онҳо акнун барои Тоҷикистон “хориҷӣ” ба шумо меоянд, расидан ба ин ҳадафро номумкин кардааст.

“Соли 2011 бо шавҳарам барои зиндагӣ ба Австрия омадем, писарамон 4 сол дошт, аз беморӣ даргузашт. Баъди чанд сол хостем, писарони бародари марҳумамро ба ин ҷо орем. Ба мо ҷавоби рад надоданд, аммо то ҳанӯз иҷоза ҳам надодаанд, як бор гуфтанд, шумо дар хориҷед ва ин масъала ҷиддӣ бояд баррасӣ шавад. Мо мехоҳем бо иҷрои тамоми расмиёт кӯдаконро бо худ орем, ки таҳсилу зиндагӣ мушкил нашавад”- мегӯяд, Аҳдия.

Ятимхонаи рақами 1 дар шаҳри Душанбе.
Ятимхонаи рақами 1 дар шаҳри Душанбе.

Аҳдия мегӯяд, шароити зиндагиаш хуб аст ва бовар дорад, барои фарзандони бародараш, ки дар тарбияи бибиву бобои пир қарор доранд, зиндагӣ дар Аврупо мусоид ва барои ояндаи онҳо беҳтар хоҳад буд.

Тоҷикистон ба фарзандӣ гирифтани кӯдакон аз тарафи хориҷиҳоро миёнаҳои солҳои 2000-ум баъди он манъ кард, ки дар якчанд маврид кӯдакони фарзандхоншуда ба дасти қочоқбарон афтиданд.

Даъвати СММ барои бознигарии қонунти фарзандхонӣ

Созмони Миллали Муттаҳид ҳам бо таваҷҷӯҳ ба ин мушкил ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, масъалаи манъи фарзандхонӣ ба хориҷиёнро бозбинӣ кунад ва ба онҳое, ки дар хориҷ зиндагӣ доранд ва мехоҳанд, кӯдакеро ба фарзандӣ бигиранд, ин ҳуқуқ дода шавад.

Бар тибқи моддаи 127-и Кодекси оила, танҳо онҳое ҳаққи ба фарзандӣ гирифтани кӯдаконро доранд, ки шаҳрванди Тоҷикистонанд. Хориҷиҳо ин ҳуқуқро надоранд.

Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак мегӯяд, ҳоло гурӯҳи корӣ иборат аз намояндагони Вазорати Адлия, Суди олӣ, Додситони кул ва Вазорати корҳои хориҷа, Вазорати маориф ва илм ин ду масъаларо баррасӣ доранд.

“Ин масъала дар нишасти ахири мо мавриди баррасӣ қарор гирифт, пешниҳод шуд, ки гурӯҳи корӣ масъаларо бори дигар хуб омӯзад ва агар гурӯҳ зарур шуморад, ки ба қонунгузори тағйирот ворид шавад, мо талош хоҳем кард” – гуфт, ӯ .

Аммо ӯ дар мавриди хориҷиҳое, ки бо Тоҷикистон пайванде надоранд, гуфт, ки ба онҳо додани кӯдакон масъалаи ҷиддӣ аст ва баррасии ҷиддӣ мехоҳад.

“Таҷрибаи дигар давлатҳо нишон доданд, ки вақте кӯдакро аз як кишвар ба кишвари дигар мебаранд, ба оқибатҳои нохубе гирифтор шудаанд. Барои ҳамин давлат намегузорад, ки ба онҳо зарар расад. Солҳои пештар дар мо ҳам чунин иҷоза дода мешуд, вале баъди сар задани чанд ҳодисае манъ шуд. Бинобар ин ман тарафдорам, ки ин масъала хуб омӯхта шавад ва баъд ба як хулоса биёем” - гуфт, ӯ.

Садҳо нафар муштоқи фарзанд дар навбат

Тавсияи Созмони Миллали Муттаҳид дар мавриди бозбинии қонуни фарзандхонӣ аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик мегӯянд, дар Тоҷикистон садҳо нафар барои гирифтани ятиме ба фарзандӣ дар навбатанд ва теъдоди кӯдакони партофташуда ё ятим ҳам зиёд нест.

Умеда Эргашова, раҳбари созмони “Ҳаёт дар оила” ки барои баргардонидани ятимон ба хонаводаҳо кор мебарад мегӯяд: “Дар Тоҷикистон оилаҳои зиёде ҳаст, ки мехоҳанд, кӯдакеро ба фарзандӣ бигиранд. Аз ҷониби ЮНИСЕФ як таҳқиқот гузаронида шуд, ки муайян кард қариб 90 дар сади кӯдакони ятимхонаҳо падару модар доранд ва волидон аз онҳо даст накашидаанд. Барои ҳамин онҳо ба фарзандӣ дода намешаванд. Дар навбат ҳудуди 900 нафар аст ва бояд кӯдакон аввал ба тоҷикон ва хешу табори худ дода шавад ва баъд фикри шаҳрвандони хориҷиро кард.”

Мусоҳиби дигари мо, Низора душаҳрвандӣ дорад ва чанд сол барои гирифтани ятиме ба фарзандӣ, аз ин идора ба он идора давидааст. Ӯ мегӯяд, аксаран шаҳрвандони Тоҷикистон кӯдакони навзод ва то 5- соларо ба фарзандӣ мегиранд. Кӯдкони калонтар аз 5-сола маъмулан ба гуфтаи ӯ, то охир дар ятимхона мемонанд.

Албатта хуб, аст ки кӯдак дар кишвари худаш бимонад, вале вақте нафаре нест, ки кӯдакро ба фарзандӣ гирад, чаро ӯро ба шаҳрвандони хориҷӣ надод?

“Албатта хуб, аст ки кӯдак дар кишвари худаш бимонад, вале вақте нафаре нест, ки кӯдакро ба фарзандӣ гирад, чаро ӯро ба шаҳрвандони хориҷӣ надод? Кӯдаконе, ки синнашон болотар аст, то 18 солагӣ дар ятимхона мемонанд. Ман фикр мекунам, ки бигзор назорат ҷиддӣ бошад ва хуб омӯхта шавад, аммо кӯдакон бояд ба тоҷик ё хориҷӣ ба фарзандӣ дода шаванд” афзуд, Низора.

Худи Низора, чанд сол талош кард, кӯдакеро аз ятимхона ба фарзандӣ бигирад, аммо барои русзабон будан ва дар Қирғизистон зиндагӣ доштан, посухи рад гирифтааст.

“Ҳоло то ҷое маълумот дорам, кӯдакро ба як хонаводае дар Ҳисор ба фарзандӣ додаанд. Ман тамоми шароитро доштам, вале ин кӯдакро ки дар ятимхона дида будам дӯст доштам.”

Кӯдаке дар ятимхонаи рақами 1 шаҳри Душанбе
Кӯдаке дар ятимхонаи рақами 1 шаҳри Душанбе

Дар ятимхонаҳои Тоҷикистон беш аз даҳ ҳазор хонанда ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳукумати Тоҷикистон солҳои ахир талош дорад, ки кӯдакон дар оила ба воя расанд. Барои ташвиқи мардум ба фарзандхонӣ соли 2015 порлумони Тоҷикистон муқаррароти ба фарзандӣ гирифтани ятимонро нисбатан осон кард. То ду соли пеш дар кишвар 3900 ятимро ба фарзандӣ хонданд.

Посухи манфии додгоҳ ба даҳҳо дархости фарзандхонӣ

Дар се соли ахир додгоҳҳо 48 муроҷиат барои фарзандхониро рад кардааст, чун ба бовари додгоҳ, онҳо имкони молии нигоҳубини кӯдакро надоштаанд.

Бар асоси Кодекси оилаи Тоҷикистон, хонаводае, ки мехоҳад, тифлеро ба фарзандӣ гирад, бояд 16 санади таъйиди ҳуввиятро ба ниҳодҳои давлатӣ пешниҳод кунад.

Ҳамчунин, шахсони мубталои бемориҳои сил, ВИЧ-СПИД ва бемориҳои аъзои таносул, афроди муфлис, оворагард, доғи судӣ дошта, бидуни сарпаноҳ ва иҷоранишин ҳаққи фарзандхониро надоранд.

XS
SM
MD
LG