Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Чаро ду фарзандамро ба интернат супурдам?” ВИДЕО


Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе рӯзи 23-юми ноябр ба суоли хабарнигори Радиои Озодӣ дар бораи инки чӣ маҷбур кардааст, баъзе аз оилаҳо фарзанди худро ба ятимхонаҳо супоранд, посух доданд.

Ман модар ҳастам ва дилам месӯзад. Аммо азбаски хонаву дар надорам, онҳоро ба интернат супурдам.

Яке аз назардиҳандагон рӯзи 23-юми ноябр гуфт, бештари ин ҳолатҳо замоне рух медиҳад, ки падар ё модари хонавода ба танҳоӣ аз уҳдаи бузург кардани фарзанд намебароянд ва ночор онҳоро ба пушти дари ятимхонаҳо мебаранд. “Назар ба инки кӯдакон ташнаву гушна ва саргардон бошанд, беҳтар аст, дар хонаи ятимон истанд. Дар онҷо ақаллан ғизои хубтар мехӯранд, мепӯшанд, меомӯзанд. Ба кӣ маъқул аст, ки фарзандонашон дар интернат бошанд? Ба фикрам, ҳамааш аз маҷбурист”, - афзуд ин мусоҳиби мо.

Сокини дигар гуфт, баъзе аз оилаҳо аз ин тариқ мехоҳанд, аз фарзандони ғайриникоҳии худ халос шуда, обрӯи худро дар назди пайвандон ва ҷомеа ҳифз намоянд.

Кӯдакони ятим дар парваришгоҳи ноҳияи Панҷ. Акс аз бойгонӣ
Кӯдакони ятим дар парваришгоҳи ноҳияи Панҷ. Акс аз бойгонӣ

Дар ҳамин ҳол, яке аз пурсидашавандаҳо гуфт, худи ӯ ду фарзандашро ба хонаи ятимон супурдааст, чун имкони бузург кардани онҳоро надорад. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, худаш ба ҳайси роҳрӯб дар пойтахт кор мекунад, аммо азбаски шавҳар ва манзили зист надорад, нигоҳубини кӯдакон барояш мушкил аст. “Ман модар ҳастам ва дилам месӯзад. Аммо азбаски хонаву дар надорам, онҳоро ба интернат супурдам. Чанд вақт пеш гирифта будам, то ҳамроҳам бошанд. Аммо дар ин хунукӣ дар паҳлӯи ман зиста наметавонанд. Ман гӯё дар берун зиндагӣ дорам. Аз шавҳарам ҷудо шудаам ва ӯ чанд сол боз ба мо нигоҳубин намекунад.”

Назарҳои дигарро дар ин навори видео бинед ва андешаи худро ҳам бинависед:

“Чаро ду фарзандамро ба интернат супурдам?”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:40 0:00

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки аксари ятимхона ё парваришгоҳҳои кишварро фарзандони оилаҳои камбизоат, модарони танҳо ва муҳоҷирони кориву маҳбусон пур кардаанд. Мақомот соли гузашта гуфта буданд, ки аз 91 кӯдаки парваришгоҳи рақами дуи шаҳри Душанбе танҳо як “кӯдаки маъюби партофташуда” буд, боқӣ фарзандони оилаҳои камбизоат ҳастанд.

Ба далели кам будани ятимони кул (онҳое, ки ҳам падар ва ҳам модар надоранд) ба дархости фарзандхонҳо ё ҷавоби рад дода мешавад ё ин марҳила хеле тӯл хоҳад кашид. Бошандагони муваққатии хонаи кӯдакон ба фарзандхонӣ дода намешаванд.

Ҳоло дар Тоҷикистон танҳо чор Хонаи кӯдакон ё парваришгоҳ (дар Душанбе ва Хуҷанд) фаъоланд. Дар се соли охир додгоҳҳои кишвар беш аз 50 муроҷиати шаҳрвандон барои фарзандхониро рад кардааст, ки ба бовари онҳо имкони молии нигоҳубини кӯдакро надоштаанд.

XS
SM
MD
LG