Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Фарзанди нодаркор". ВИДЕО


Синфхонаи яке аз ятимхонаҳои Душанбе. Акс аз бойгонӣ.
Синфхонаи яке аз ятимхонаҳои Душанбе. Акс аз бойгонӣ.

Беҳрӯз 20 сол дорад ва дар ин муддат чанд бор зиндагиро аз нав шурӯъ кардааст. Ин ҷавон, ки мегӯяд, ятими кулл аст, дар паёме ба онҳое, ки мехоҳанд тифлеро ба фарзандӣ бихонанд, мегӯяд, пеш аз гирифтани чунин як тасмими ҷиддӣ хуб фикр кунанд, то баъд ятимеро ноумеду дилшикаста насозанд.

Беҳрӯз дар ятимхона бузург шудааст. Дар давоми солҳои зиндагӣ дар ятимхона ӯро як дафъа ҷуфти ҳамсарон ба фарзандӣ хонда вале баъди як сол ба ятимхона баргардониданд. Ба нақли ин ҷавон, ӯ 7 сол дошт, ки оилаи бефарзанде ӯро аз як ятимхонаи Душанбе ба фарзандӣ гирифт.

Беҳрӯз бо ҳамсари ҷавонаш бо лаъливу дастурхон ба хонаи волидони муваққатиаш рафт, вале касе дарро ба рӯи онҳо боз накард. Гуфт, шояд суроғаашон иваз шудааст…

Бо он, ки хурдсол буд, мегӯяд, ёдаш ҳаст, ки хеле хушҳол шуда буд, чун мураббияҳо ӯро бо умеду ваъдаҳои хубе аз ятимхона гусел карданд. Падару модари нав ҳам дар аввали зиндагӣ бо ӯ хеле меҳрубон буданд. Дар пойтахт зиндагӣ мекарданд ва ӯ ҳам дар қатори дигар ҳамсолони худ ба мактаби оддӣ мерафт. “Аз синфи 1 то 2 дар он оила зиндагӣ кардам. Аввалҳо хурсанд будам, муносибаташон хуб буд. Ба ман гуфтанд: «Мехоҳӣ бо мо зиндагӣ кунӣ?» Гуфтам: «ҳа».

Ҳис мекардам, ки маро намехоҳанд...

Аммо умеду орзуҳои Беҳрӯз барои зиндагии наву хушбахт баъди чанд моҳ барбод рафт. Ба гуфтаи Беҳрӯз, муносибати модархонду падар бо ӯ тадриҷан тағйир ёфт ва вақте дар он хона тифл ба дунё омад, дигар волидон тасмим гирифтанд Беҳрӯзро ба ятимхона баргардонанд.

Беҳрӯз мегӯяд, ҳам тифли навзод ва ҳам мувофиқ наомадани хислати ӯ бо хонаводаи нав сабаб шуд бори дуввум дар зиндагӣ ба ятимхона баргардад. “Ҳис мекардам, ки маро намехоҳанд. Сари дастурхон бо ман наменишастанд. Дигар ман даркор нестам. Меҳру муҳаббаташон аз ман канда шуд. Вақте маро ба интернат оварданд, муаллима аз ман пурсид, ки «чӣ кор кардӣ? Ягон беодобӣ кардӣ, ки баргаштӣ?» Гуфтам: «не».

"Фарзанди нодаркор"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:17 0:00

Беҳрӯз ёд надорад, ки чӣ тавр бори аввал ба ятимхона афтод, чун хеле хурд буд ва танҳо ҳаминро медонад, ки пас аз марги волидон ӯро ба ин ҷо оварданд. Аммо бори дуввум, ки аллакай 8 сол дошт, вақте ӯро ба интернат баргардонданд, хеле маъюс ва нороҳат буд, худро гунаҳкор эҳсос мекард. Чун фикр мекард, хостаҳои волидони навро бароварда насохт.

Фарзонаву Марҷона муддате Маринаву Галина буданд

Саргузаштҳои Беҳрӯзи ятим бесобиқа нест. Мураббияҳои ботаҷриба мегӯянд, шоҳиди ҳодисаҳои зиёде шудаанд, ки оилаҳо баъди чанд муддати зиндагӣ бо атфоли ба фарзандигирифта бо баҳона ё шикояте онҳоро дубора бармегардонанд. Онҳо шояд дарк намекунанд, ки бо ин амали хеш ба тифл ё наврасе, ки бо орзуҳои зиёд ҳамроҳашон рафтаанд, чӣ осебе мерасонанд.

Гулчеҳрамо Қадамова, ки аз солҳои 1998 то 2008 раҳбарии мактаб-интернати кӯдакони ятиму камбизоати рақами 4 дар шаҳри Душанберо ба дӯш дошт, мегӯяд, маҳрум будан аз оғӯши падару модар барои ҳар кӯдаки ятимхона худ як фоҷеа аст, вале дубора ба «як шахси нодаркор» табдил шудани онҳо зарбаи сахти дигар дар зиндагӣ мешавад.

Ба ин далел хонум Қадамова мегӯяд, ӯ мухолифи ба фарзандӣ додани кӯдакон ба ҳар оила аст. “Вақте назди мо барои фарзандхонӣ меомаданд, ман мегуфтам, бояд бо тамоми хешу табори кӯдак сӯҳбат кунам. 22 кӯдаки ятим доштем. Гарчанде падару модарашон вафот карда бошанд ҳам, онҳо хешу табори зиёд доштанд. Рӯзе ин кӯдак метавонад бигӯяд, ки чаро маро ба оилаи дигар додед?”

Гулчеҳрамо Қадамова аз сарнавишти ду хоҳар қисса кард, ки баъди ранҷу азоби зиёд дар Русия солҳои 2003 бо мусоидати хазинаи “Сарпараст” ба Душанбе баргардонида шуданд:

“Вақте як гурӯҳ кӯдаконро аз Маскав оварданд, барои мо супориш шуд, ки рафта кӯдакони барои ятимхонаҳои худ мувофиқро бигирем. Дар байни кӯдакон Фарзона ва Марҷона Валиеваҳо буданд, ки зани русе онҳоро бо худ ба Русия бурда номашонро Марина ва Галина Усолцева карда буд. Зан дар он ҷо зиндагии мушкил дошт, худаш ҳам менӯшид ва рӯзе кӯдаконро дар бозор партофта рафт. Ҳамин тавр шахсони масъул кӯдаконро ба як хона-интернати Русия бурданд ва аз он ҷо ба Тоҷикистон оварда шуданд. Духтарон баъд нақл карданд, ки он ҷо хеле азоб кашиданд, баъзе рӯзҳо бо роҳи дуздӣ нон меёфтанд”.

Гулчеҳрамо Қадамова гуфт, ки баъди ба ятимхона омадан духтарон камгапу одамгурез ва дамдузд шуданд. Онҳо дигар аслан нахостанд ба оилае ба фарзандӣ дода шаванд.

Озори ятимро дини ислом ҳам маҳкум мекунад

Дар ҳоле, ки аксарият дар Тоҷикистон ҳоло аз мушкил будани ҷараёни фарзандхонӣ нигаронӣ мекунанд, ин мураббияи собиқадор мегӯяд, вақте тасмим мешавад, ки як кӯдак ба оилае ба фарзандӣ дода шавад, зарур аст, ки пурра хислату хӯи ҳар узви он оила омӯхта шавад.

“Кӯдакро бояд ба шахсе ба фарзанди диҳӣ, ки хеле меҳрубон бошад, дилсӯз бошанд. На барои кӯмак дар кори хона, балки чун як фарзанд ва ба хотири таълиму тарбия тифлро бо худ барад. Ҳодисаҳоеро ҳам шунидам, ки дар ятимхонаҳо кӯдаконро мегирифтанду баъдан бо сабабе, ки хислаташ ба онҳо мувофиқ наомад, бармегардонданд. Бояд ҳолати психологии зану шавҳр хуб омӯхта шавад. Бояд фаҳмида шавад, ки ин оила бо кадом ҳадаф кӯдак мегирад.”

Ба гуфтаи Гулчеҳрамо Қадамова, тарбияи фарзанд масъулияти азимест ва ҳар зану мард пеш аз қабули кӯдаке ба оилаи худ бояд андеша кунанд, ки тавони тарбияи тифли бегонаро доранд ё на.

Дар зимн, дини Ислом ҳам сарпарастӣ ва тарбияи тифли ятимро дар оилаи бегона савоб медонад ва ранҷонидани дили ятимро маҳкум мекунад.

Мутеуллоҳ Наҷотзода, муовини раҳбари Маркази Исломшиносии Тоҷикистон мегӯяд: “Оятҳои сареҳ ва ошкор омадааст, ки мабодо коре накунӣ, ки дили ятимеро биранҷонӣ. Ҳадиси дигар ҳам ҳаст дар ин бора, ки пайғамбари Худо гуфтааст, агар инсоне бихоҳад ҳаёташ муборак гардад, ятимеро ба кафолат гирад ва кӯмак кунад. Беҳтарин хона - хонаест, ки дар он ҷо ятимеро хурсанд мекунанд ва бадтарин хона, хонаест, ки дар он дили ятим ранҷонида мешавад.”

Дари баста

Дар зимн ҳукумати Тоҷикистон солҳои ахир талош бар он дорад, ки кӯдакон дар оила ба воя расанд. Барои ташвиқи мардум ба фарзандхонӣ соли 2015 порлумони Тоҷикистон тасмим гирифт муқаррароти ба фарзандӣ гирифтани ятимон дар кишварро нисбатан осон кунад. Дар ятимхонаҳои Тоҷикистон беш аз 46 ҳазор нафар ба тарбия фаро гирифта шудаанд, аммо на ҳамаи онҳо ятими кулланд. То ду соли пеш дар ин кишвар 3900 ятимро ба фарзандӣ хонданд.

Аммо рӯшан нест, ки чӣ теъдод аз ин фарзандхоншудаҳо мисли Беҳрӯз дубора ба ятимхонаҳо баргардонида шуданд. Беҳрӯз, ки дар ятимхона ҳунари кандакориро ёд гирифта, ҳоло аз ҳамин ҳисоб зиндагиашро пеш мебарад, рӯзе бо ҳамсари ҷавонаш бо лаъливу дастурхон ба хонаи волидони муваққатиаш рафт, вале касе дарро ба рӯи онҳо боз накард. Гуфт, шояд суроғаашон иваз шудааст…

XS
SM
MD
LG