Таҳлил. Бештари амрикоиҳо аз Доналд Трамп пуштибонӣ карданд, зеро...

Вокуниши тарафдорони Трамп ба натиҷаҳои интихоботи 5 ноябри соли 2024

Сабабу омилҳои пирӯзии Доналд Трамп дар интихоботи президентии Амрико чиҳо буданд? Хабарҳо дар бораи муноқишаҳо дар ҳавзаҳои овоздиҳӣ то куҷо асос доранд ва оё дар рӯзҳои пасоинтихоботӣ чиро мунтазир мебояд буд? Дар ин бора сиёстшиносони амрикоӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ изҳори назар карданд.

Афзоиши харҷҳои зиндагӣ ва шиква аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Амрико аз омилҳои асосии ғалабаи Доналд Трамп дар интихобот ном бурда мешаванд. Омилҳое, ки боис шуданд раъйдиҳандагон дар аёлатҳои сарнавиштсоз аз Трамп пуштибонӣ кунанд.

Камала Ҳаррис, номзади Ҳизби демократро зарур буд дар аёлатҳои калидӣ аз ҷумла, Мичиган, Висконсин ва Пенсилвания пирӯз шавад. Аёлатҳое, ки дар интихоботҳои гузашта маъмулан аз демократҳо ҷонибдорӣ мекарданд.

Вале шабакаи Fox News аввалин шуда, президенти собиқ Доналд Трампро дар аёлатҳои Пенсилвания ва Висконсин баранда эълон кард, ки имкон медиҳад, ӯ раъйи кофӣ барои пирӯзи дар интихоботро ба даст орад. Ҳаррис, ки барои курсии президентӣ бояд дар се аёлати тақдирсоз пирӯз мешуд, дар Мичиган ҳам аз Трамп қафо монд.

“Зоҳиран ин сеюмин интихоботест, ки назарпурсиҳо тарафдорӣ аз Трампро нодида мегиранд,”- гуфт Брайан Калт, устоди факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Мичиган, ки то эълони натиҷаҳои интихобот бо Радиои Озодӣ суҳбат кард.

Питер Скеррӣ, олими сиёсатшинос дар Коллеҷи Бостон мегӯяд, ҳам ҷумҳурихоҳон ва ҳам демократҳо дар сурати ба судашон набудани самараи интихобот метавонанд, натиҷаҳоро ба баҳс кашанд. Дар чунин шароит ба гуфтаи Скеррӣ, эълони расмии натиҷаҳо метавонад тӯл кашад.

Натиҷаҳои бархе аз аёлатҳои муҳим, мисли Невада дер расиданд. Ребекка Гил, устоди сиёсатшиносӣ дар Донишгоҳи Невада мегӯяд, қабл аз онки расонаҳо Трампро пирӯзи интихобот эълон кунанд, овозҳои пешакӣ ё бо мактуб ирсолшуда метавонист бештар санҷида шаванд.

“Дар интихоботҳои қаблӣ ин мавзӯъ чандон аҳамият надошт, зеро фарқи байни орои номзадҳо ба андозаи кофӣ бузург буд ва ҷоеро барои баҳс сари овозҳои пешакии катбӣ боқӣ намегузошт. Рӯшан нест, ки ин бор чунин бошад,” – гуфт Ребекка Гил.

Ба назар мерасад, ки шаҳрвандони Амрико бештар аз вазъ дар дохили кишвар нигаронанд. Ҳарчанд қабл аз овоздиҳӣ пешбинӣ мешуд, ки мавқеи номзадҳо дар бораи вазъият дар Ховари Миёна, ҷанги Русия дар Украина ва равобити Вашингтон бо Чин, метавонанд омили муҳими интихоби байни ду номзад бошад.

“Сиёсати хориҷӣ мушкили асосӣ нест,”-мегӯяд Питер Скеррӣ ва илова мекунад, ки ин барои интихоботҳои Амрико маъмулӣ аст. “Мо бо масъалаи муҳоҷират ва зиёд шудани харҷҳои зиндагӣ рубарӯ ҳастем.”

Ребекка Гил, устоди сиёсатшиносӣ дар Донишгоҳи Невада бар ин аст, ки масъалаи ҳаққи исқоти ҳамл дар 10 аёлат, як ангезае барои занон шуд, ки сарфи назар аз гароиши ҳизбияшон овоз диҳанд.

Дар остонаи интихобот, бисёре аз раъйдиҳандагон ва сиёсатшиносон нигаронӣ карданд, ки пас аз овоздиҳӣ ва махсусан дар ҳолати баробар будани раъйҳо, мумкин аст хушунат сар занад.

Скеррӣ таъкид мекунад, ки ҳарду тараф ба хушунатҳои эҳтимолӣ “омода ва мойил ҳастанд”. Барои ҳамин ин коршинос мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида “аз ҳар нигоҳ давраи хатарнокеро паси сар мекунад.”

Ребекка Гилл мегӯяд, вазъият “бисёр мутташаниҷ” аст. Ӯ таъкид мекунад, ки ҳукуматҳо дар аёлатҳои сарнавиштсозе мисли Ҷорҷия ва Мичиган аз хатари таркиши бомб ҳушдор дода буданд. Ин гуна ҳушдорҳо бештар аз манбаъҳо дар дохили Русия сарчашма мегиранд.

Аммо Гилл мегӯяд, аз “хушунатҳои густарда дар ҷараёни овоздиҳӣ хабар надорад ва роҳҳои иловагии раъйдиҳӣ, ба монанди овоздиҳии пеш аз муҳлат ҳаҷми издиҳомро дар қитъаҳои овоздиҳӣ кам кунад, ки метавонистанд, эҳтимоли хушунат ва низоъро бештар намоянд.

Гузориши Радиои Озодӣ дар бораи интихоботи Амрико:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Трамп пирӯзи интихоботи Амрико эълон шуд