Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақобати ду ҳамвазн. Интихоботе, ки ба ҷаҳон таъсир хоҳад кард


Яке аз тарафдорони Доналд Трамп
Яке аз тарафдорони Доналд Трамп

Имрӯз раъйдиҳандагони амрикоӣ дар як интихоботи таърихӣ президенти 47-уми ИМА-ро интихоб мекунанд. Рақобат миёни ду номзад ҷараён дорад. Инҳо: президенти пешини ИМА Доналд Трампи ҷумҳурихоҳ ва ноиб-президенти кунунӣ Камала Ҳаррис мебошад, ки аз Ҳизби демократ намояндагӣ мекунад. 

Назархоҳиҳои пешазинтихоботӣ номзади пешдастро муайян накардаанд ва ба қавли коршиносон имконияти пирӯзии номзадҳо тақрибан баробаранд.

Бар пояи пешбинии ҷомеашиносон, сарнавишти ин интихобот дар дасти ҳафт аёлате мебошад, ки дар онҳо номзади баранда маълум нест. Пенсилвания, Каролинаи Шимолӣ, Мичиган, Висконсин, Ҷорҷио, Аризона ва Невада аёлатҳои сарнавиштсоз гуфта мешаванд.

Ҳавзаҳои раъйдиҳӣ соати сеи баъд аз зуҳр ба вақти Тоҷикистон боз шудаанд. Идораи назаршумории Амрико тахмин мекунад, ки теъдоди бузурги раъйдиҳандгон дар ин овоздиҳӣ иштирок хоҳанд кард, ки аз интихоботи соли 2016 ва 2020-ум бештар хоҳад буд.

Дар овоздиҳии пешакӣ аллакай беш аз 80 миллион раъйдиҳандаи амрикоӣ ширкат кардаанд. Овоздиҳӣ то субҳи чоршанбе ба вақти Тоҷикистон идома мекунад.

Мувофиқи қонунгузории интихоботии Амрико, шарт нест, ки номзад бештарини овозҳоро ба даст орад. Барандаро ҳайати интихобкунандаҳо эълон мекунад. Дар ин ҳайат 538 овоз мавҷуд аст ва бурдани 270 овози тарафдор ғалабаи яке аз номзадҳоро таъмин мекунад.

Агар ҳолате пеш ояд, ки масалан, Камала Ҳаррис ва Доналд Трамп 269-овозӣ гирифтанд, дар ин сурат барои таъини барандаи интихобот дар Маҷлиси намояндагони Конгресс овоздиҳӣ барпо мешавад.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Дар рӯзи охирини маъракаи пешазинтихоботӣ Камал Ҳаррис дар аёлати Мичиган ва Доналд Трамп дар аёлати Каролинаи Шимолӣ бо овоздиҳандагон вохӯрданд.

Рӯзи чоруми ноябр мақомдорони амрикоӣ бо ишора ба рақобати шадид миёни довталабони курсии президенти ИМА ҳушдор доданд, ки Русия ва Эрон талош доранд, дар миёни раъйдиҳандагони амрикоӣ ихтилоф барангезанд.

Ба қавли онҳо, ҳадаф аз ин амал тарғиби хушунат ба муқобили мақомдорони ҳавзаҳои интихоботӣ ва ҳам дахолати сайберӣ мебошад.

Дар интихоботи президентии соли 2020-ум он замон президенти ИМА Доналд Трамп аз рақиби демократаш Ҷо Байден шикаст хӯрд.

Дар интихоботи кунунӣ ҳам ҳар ду расман номзади курсии презҳидентӣ эътироф шуда буданд, вале баъди як мубоҳисаи мустақими телевизионӣ, ки бо пирӯзии Трамп анҷом ёфт, Байден аз сабқати раёсатҷумрӣ канор рафта, Ҳаррис номзади ҳизби демократ эълон шуд.

Камала Ҳаррис
Камала Ҳаррис

Камала Ҳаррис 60 сол дошта, дар гузашта додситони аёлати Калифорния ва баъдан намояндаи ин аёлат дар Сенати Амрико буд.

Дар сурати пирӯзӣ Ҳаррис аввалин президенти зан ва авалин расиҷумҳуре хоҳад буд, ки дар оилаи муҳоҷирон аз Осиёи Ҷанубӣ ба дунё омадааст. Дар ҳолати шикасти ӯ, Доналд Трампи 78-сола дувумин президент дар таърихи Амрико хоҳад буд, ки ду дафъа ба фосилаи чорсола дар миён президент интихоб мешавад.

То ин замон танҳо Гровер Кливленд дар охири асри 19-ум ду дафъа бо фосила дар байнаш президенти Амрико интихоб шуда буд.

Исқоти ҳамл, Украина...

Камала Ҳаррис тарафдори он аст, ки занон аз ҳаққи исқоти ҳамл бархӯрдор бошанд. Дар ҳоле, ки рақиби ӯ Доналд Трамп гуфтааст, ин корро ба ихтиёри аёлатҳо мегузорад. Камала Ҳаррис бо ишора ба ҳамлаи тарафдорони Доналд Трамп ба бинои Капитолия дар соли 2020, рақибашро хатаре барои демократия номидааст.

Доналд Трамп
Доналд Трамп

Дар навбати худ Доналд Трамп бо даъватҳои авомфиребона ба мардуми Амрико ваъда додааст, ки агар бори дуюм президент шавад, иқтисодро рушд медиҳад, бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ мубориза мебарад ва бо рақибони Амрико, аз ҷумла Чин сахтгир хоҳад буд.

Дар хориҷ аз Амрико, шояд натиҷаи интихобот аз ҳама бештар ба вазъияти Украина таъсиргузор бошад. Трамп ва Ҳаррис дар масъалаи Украина ва пуштибонӣ аз Киев, мавқеи комилан фарқкунанда доранд. Киев дар ҷанг алайҳи таҷовузи Русия ба кумаки Амрико вобастагии зиёд дорад.

Камала Ҳаррис эълон кардааст, ки сиёсати Байден ва пуштибонӣ аз Украинаро идома хоҳад дод.

Доналд Трамп муътақид аст, ки Аврупо бояд бори вазнини пуштибонии Киевро бар дӯш гирад. Трамп ҳамчунин ояндаи НАТО-ро зери суол бурдааст.

XS
SM
MD
LG