Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Агар номзадҳои интихоботи Амрико ройи баробар гиранд, чӣ мешавад?


Номзадҳои асосии интихоботи президентии ИМА Доналд Трамп ва Камала Ҳаррис
Номзадҳои асосии интихоботи президентии ИМА Доналд Трамп ва Камала Ҳаррис

Шарҳи чӣ гуна маълум шудани барандаи интихоботи ИМА дар сурате, ки ройи ҳарду номзад баробар шуд.

Чӣ мешавад, агар шумори тарафдорони номзадҳои интихоботи Амрико баробар шуд?

Дар низоми овоздиҳии ИМА, ки бо номи Ҳайати интихобкунандагон маъруф аст, имкон дорад, ки дар марҳилаи ниҳоӣ ду номзад ба ҳам бисёр баробар шаванд.

Дар ин сурат, қарори ниҳоиро дар бораи баранда шудани ин ё он номзад Конгресс қабул мекунад, чун инро Конститутсияи Амрико иҷоза додааст.

Интихоботи президенти имсола рӯзи 5 ноябр баргузор мешавад.

Аз ҳоло шореҳони интихоботӣ тахмин мекунанд, ки эҳтимол дорад номзадҳои президентӣ ройи баробар гиранд.

Дар таърихи интихоботҳо чунин ҳолат соли 1800 рух додааст ва соли 2000-ум ҳам шуморҳо бисёр наздик будааст.

Мувофиқи қонунгузории интихоботии Амрико, шарт нест, ки номзад бештарини овозҳоро ба даст орад. Барандаро ҳайати интихобкунандаҳо эълон мекунад.

Дар ин ҳайат 538 овоз мавҷуд аст ва бурдани 270 овози тарафдор ғалабаи яке аз номзадҳоро таъмин мекунад.

Агар ҳолате пеш ояд, ки масалан, Камала Ҳаррис ва Доналд Трамп 269-овозӣ гирифтанд, дар ин срат барои таъини барандаи интихобот дар Маҷлиси намояндагони Конгресс овоздиҳӣ барпо мешавад.

Маҷлиси намояндагони ИМА 435 узв дорад ва ҳоло шумори ҷумҳурихоҳҳо аз демократҳо каме бештар аст.

Ҳар як викили ин маҷлис на ҷудо, балки ҳамроҳ бо вакилон ва ба намояндагӣ аз аёлати худ дар овоздиҳӣ иштирок мекунад. Ҳар аёлат фақат як овоз дорад.

Масалан, сераҳолитарин аёлати Калифорния ва хурдтарин аёлати Ваёминг ройи баробар доранд.

Агар аз 50 аёлати Амрико 26 ҳайаташ ба як номзад овоз доданд, он баранда мешавад.

Ҳоло ҷумҳурихоҳҳо назар ба демократҳо ҳайати бештари овоздиҳандагонро назорат мекунанд. Дар чунин ҳолат Доналд Трамп имкон дорад баранда шавад.

Агар номзадҳо дар Амрико ройи баробар гиранд, чӣ мешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:09 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG