Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп пирӯзи интихоботи Амрико эълон шуд. Вокуниши роҳбарони ҷаҳон

навшуда

Доналд Трамп ва ҳамсараш Мелания Трамп
Доналд Трамп ва ҳамсараш Мелания Трамп

Расонаҳои амрикоӣ, аз ҷумла хабаргузории "Ассошиэйтед пресс" ва телевизиони CNN гузориш доданд, ки Доналд Трамп 270 овози заруриро ба даст овард ва раиси ҷумҳури баъдии Амрико шуд.

Худи Трамп 6-уми ноябр дар ҳузури тарафдоронаш дар аёлати Флорида ғалабаи худро эълон карда буд. Ӯ гуфт, ба ҷуз курсии президентӣ, Ҳизби ҷумҳурихоҳ аксари курсиҳоро дар ҳарду палатаи Конгресс низ ба даст овардааст.

Ба ҳисоби хабаргузории “Ассошиэйтед пресс”, Доналд Трамп аз 538 овози Ҳайати интихобкунандагон, 277 ройро ба даст овардааст. Барои ғалаба дар интихоботи президентии Амрико, номзад бояд камаш 270 рой ба даст орад.

Камала Ҳаррис, номзади Ҳизби демократ 224 раъйи Ҳайати интихобкунандагонро ба даст овард. Ҳаррис дар назди тарафдоронаш ҳозир нашуд ва ваъда дод, ки субҳи 6-уми ноябр ба вақти Вашингтон суҳбат мекунад.

Дар ин харитаи зиндаи интерактивии Радиои Озодӣ натиҷаҳо баробари маълум шуданашон намудор мешаванд.

Роҳбарони ҷаҳон Трампро табрик гуфтанд

Роҳбарони чанд кишвар пирӯзӣ ва бозгашт ба Кохи Сафедро ба Доналд Трамп табрик кардаанд. Аз ҷумла Милош Вучевич, сарвазири Сербистон бо табрики ғалабаи Трамп дар шабакаи X навиштааст, ин кишвар ҷонибдори равобити наздик бо ИМА аст.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина ҳам Доналд Трампро ба ғалаба дар интихобот табрик гуфтааст. Зеленский аз дидораш бо Трамп дар моҳи сентябри имсол ёд карда навиштааст, дар он дидор «ҳамкории стратегии Амрико ва Украина, нақшаи ғалабаи Киев ва бастани пеши роҳи таҷовузи Русия»-ро баррасӣ карданд.

Президенти Украина изҳори умедворӣ кардааст, ки дар даврони Трамп «дастгирии қавии Амрико» аз Киев идома мекунад.

Амрико яке аз кумакрасонҳои асосии Украина дар ҷанг зидди Русия мебошад. Аммо Доналд Трамп дар маъракаи таблиғотиаш борҳо гуфтааст, зидди кумакҳои бедареғи Амрико ба Украина аст. Трамп бидуни пеш овардани нақшаи мушаххас гуфта буд, ба ҷанги Украина поён медиҳад.

Роҳбарони Фаронса, Гурҷистон, Косово, Озарбойҷон, Олмон, Чехия нахуствазирони Исроил, Арманистон, роҳбари НАТО ва президентҳои чанд кишвари дигар, Доналд Трампро ба унвони президенти 47-уми Амрико шодбош гуфтанд.

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл гуфт, Владимир Путин нияти табрик кардани Доналд Трампро надорад. Песков аз ИМА ҳамчун «кишвари ғайридӯст» барои Русия ном бурд, ки дар ҷанг алайҳи Маскав ширкат дорад.

Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия ба расонаҳои давлатии Русия гуфтааст, аз бозгашти Трамп ба қудрат наметавон интизории зиёд дошт, вале Маскав барои ҳамкорӣ омода аст.

Сухангӯи ҳукумати Эрон ба хабарнигорон гуфтааст, натиҷаи интихоботи Амрико «ба зиндагии мардуми ин кишвар таъсире нахоҳад дошт.»

Иномуллоҳ Самангонӣ, сухангӯи ҳукумати Толибон ҳам дар вокуниш ба натиҷаҳои интихоботи Амрико гуфтааст, «амрикоиҳо омода набуданд, ки идораи кишвари худро ба як зан супоранд.»

Аз миёни сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ Содир Ҷабборов, раиси ҷумҳури Қирғизистон ба Доналд Трамп барқияи шодбошӣ фиристодааст. Ҷабборов умедворӣ кардааст, ки бо бозгашти Трамп, равобити Қирғизистон ва Амрико тақвият меёбад.

Доналд Трамп соли 2016 бори аввал президенти Амрико интихоб шуда буд. Аммо ӯ соли 2020 дар рақобат бо Ҷо Байден шикаст хӯрда буд. Бо ғалаба дар интихоботи рӯзи 5-уми ноябр, Трамп 47-умин раиси ҷумҳури Амрико шуд.

XS
SM
MD
LG