Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин натиҷаҳои интихоботи Амрико эълон шуданд

навшуда

Бар асоси аввалин натиҷаҳои интихобот дар бахше аз штат ё аёлатҳои Амрико, Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ феълан пешсаф аст. Вале аёлатҳое, ки одатан тақдири номзадҳоро ҳал мекунанд, ҳанӯз мавқеи худро муайян накардаанд.

То соати даҳи 6-уми ноябр ба вақти Душанбе, Доналд Трамп аз 538 овози Ҳайати интихобкунандагон 230 ва Камала Ҳаррис, номзади демократҳо 210 овоз ба даст оварданд. Барои ғалаба 270 овози ҳайати интихобкунандагон лозим аст.

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико як қисм аёлатҳо ҳамеша ба ҷумҳурихоҳон ва як қисми дигари аёлатҳо ҳамеша ба демократҳо овоз медоданд. Сарнавишти интихоби Амрико дар ин ҳафт аёлат маълум мешавад: Пенсилвания, Каролинаи Шимолӣ, Мичиган, Висконсин, Ҷорҷио, Аризона ва Невада.

Ба ҳисоби нашрияи New York Times ва хабаргузории “Ассошиэйтед пресс”, Доналд Трамп дар яке аз аёлатҳои калидӣ, дар Каролинаи Шимолӣ ғалаба кардааст. Дар шаш аёлати сарнавиштсоз натиҷаҳои ниҳоӣ феълан маълум нест.

Ба навиштаи баъзе расонаҳои амрикоӣ, аз ҷумла New York Times, ҳисоби овозҳо дар баъзе аёлатҳо метавонад то чанд рӯз идома кунад.

Дар ин харитаи зиндаи интерактивии Радиои Озодӣ натиҷаҳо баробари маълум шуданашон намудор мешаванд.

Ҳавзаҳои раъйдиҳӣ соати сеи баъд аз зуҳри 5-уми ноябр ба вақти Тоҷикистон боз шудаанд ва овоздиҳӣ то субҳи 6-уми ноябр ба вақти Тоҷикистон идома кард. Идораи назаршумории Амрико тахмин мекунад, ки теъдоди бузурги раъйдиҳандгон дар ин овоздиҳӣ иштирок хоҳанд кард, ки аз интихоботи соли 2016 ва 2020-ум бештар хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG