Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти нави Амрико ба равобити ин кишвар бо Тоҷикистон таъсир мерасонад?


Камала Ҳаррис ва Доналд Трамп
Камала Ҳаррис ва Доналд Трамп

5-уми ноябр амрикоиҳо барои интихоби раиси ҷумҳури ояндаи худ пойи сандуқҳои раъй мераванд. Дар ин интихобот Доналд Трамп аз ҳизби Ҷумҳурихоҳон бо Камала Ҳаррис намояндаи Демократҳо рақобат мекунанд.

Касе, ки бар курсии Кохи Сафед такя мезанад, таъсири чашмгире бар сиёсати хориҷӣ хоҳад дошт, аз ҷумла, бо Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ. Коршиносон дар суҳбат бо Радио Озодӣ гуфтанд, ки нигоҳи Вашингтон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон аз дидгоҳи рақобат бо Маскав ва Пекин хоҳад буд.

Аз ҷумла, чунин баҳогузорӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз сӯи сиёсатшинос аз Душанбе гуфта шуд, ки нахост бо сабабҳои амниятӣ номаш бурда шавад.

“Рӯйкарди куллӣ барои ҳукумати ҷумҳурихоҳон (бо роҳбарии Донал Трамп) эҳтимолан тамаркузи бештар ба манотиқи бузург ва бозигарони мавриди ҳадаф ва таваҷҷуҳи камтар ба кишварҳои кучак хоҳад буд. Аз ин рӯ, Тоҷикистон бештар дар иртибот бо Афғонистон ва Русия мавриди таваҷҷуҳ қарор хоҳад гирифт. Агар демократҳо ба қудрат бирасанд, (бо роҳбарии Камала Ҳаррис ) таваҷҷуҳи бештар ба сиёсати хориҷӣ хоҳад буд. Ҳамин тавр сармоягузорӣ ва таваҷҷуҳи бештар ба мушкилиҳои рушди ниҳодҳои демократӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон хоҳад шуд”, - мегӯяд коршинос. Аммо, ба гуфтаи вай, агар раиси ҷумҳури нав бо дастури кории куллан нав биёяд ҳам ӯ наметавонад ба зудӣ ҳамаро бе дар назар гирифтани манфиатҳои марказҳои дигари тасмимгир ба хости худ тағйир бидиҳад.

Муҳаммадҷон Кабиров
Муҳаммадҷон Кабиров

Муҳаммадҷон Кабиров, бунёдгузори пойгоҳи хабарии “Azda.tv” дар суҳбат бо Радиои Озодӣ бо изҳори назари монанд мегӯяд, Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ дар ҳошияи манфиатҳои Вошингтон қарор доранд.

“Дар сурати баранда шудани Ҳаррис сиёсати ҳукумати феълӣ идома меёбад. Ҳоло Тоҷикистон аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо кишварест, ки бо Вашингтон робитаи маҳдуд дорад ва аз эҳтимол дур аст, ки тағйири ҷиддӣ дар он рух диҳад. Агар Трамп интихоб шавад имкони омадани тағйир аст. Дар даврони раёсат ва чаҳорчӯбаи сиёсати ӯ, мо шоҳиди наздикии Тоҷикистон бо Вашингтон будем”, - таъкид мекунад Кабиров.

Бо вуҷуди ин, ӯ бар ин назар аст, ки Вашингтон таваҷҷуҳи бештарро ба ҷанг дар Украина, даргирӣ дар Ховари Миёна ва масъалаи Тайван равона мекунад. Пас аз хориҷ шудани нерӯҳои Амрико аз Афғонистон таваҷҷуҳ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ гумон аст, ки дар сатҳи солҳои қабл бошад.

Муносибати Вашингтон ва Душанбе

Амрико аз соли 2007 ба ин сӯ ба нерӯҳои марзбонӣ ва бозсозии посгоҳҳои сарҳадӣ дар Тоҷикистон даҳҳо миллион доллар ёрӣ кардааст. Акс аз соли 2021
Амрико аз соли 2007 ба ин сӯ ба нерӯҳои марзбонӣ ва бозсозии посгоҳҳои сарҳадӣ дар Тоҷикистон даҳҳо миллион доллар ёрӣ кардааст. Акс аз соли 2021

Вашингтон шарик ва кумакрасони муҳим барои Тоҷикистон аст. Тибқи иттилои Сафорати Амрико дар Тоҷикистон, дар тӯли 29 сол Амрико бештар аз 1,8 миллиард доллар дар ин кишвар сармоягузорӣ кардааст.

“Ин маблағҳо барои тавсеаи иқтисодӣ, амнияти ғизоӣ, тандурустӣ, таъмини оби тоза, омӯзиш, амният, дастрасӣ ба нерӯи барқ ва эҷоди иртибототи мардум бо мардум масраф шудааст”, - гуфта мешавад дар сомонаи намояндагии дипломатии Амрико.

Ба иттилои ҷониби Амрико, дар арсаи амният 330 миллион доллар маблағгузорӣ шудааст. Ин кумакҳо шомили омӯзиш, таҷҳизот ва зерсохтҳое аст, ки ба давлат кумак кардааст, то марзҳои худро эмин нигоҳ дорад, таҳдидҳоро шиносоӣ кунад ва тавоноии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, артиш ва гумрукро барои посух ба таҳдидҳо беҳбуд бахшад.

Ба иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, ҷонибҳо 34 санади ҳамкориҳои дуҷонибаро дар арсаҳои иқтисод ва тиҷорат, ҳамкориҳои низомӣ-фаннӣ, мубориза бо терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир имзо кардаанд. Аз ин теъдод 22 санад қарордоҳои байнидавлатӣ мебошанд. Ғайр аз ин, Амрико чандин барномаи омӯзишӣ ба монанди “Эдмонд Маски”, “Фулбрайт”, “Флекс”, барномаи таҳқиқотии “Кокран” ва барномаи таҷрибаомӯзии “САБИТ”-ро амалӣ мекунад.

Ҳамкориҳои минтақавӣ

Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва раиси ҷумҳури Амрико. Ню-Йорк 19 сентябри соли 2023
Нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва раиси ҷумҳури Амрико. Ню-Йорк 19 сентябри соли 2023

Кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико ё С5+1 бистари аслиест, ки Вашингтон аз даврони раёсати Барак Обама аз тариқи он талош мекунад робитаи худро бо минтақа ҳифз кунад. Нишасти охирин дар ин чаҳорчӯб соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шуд, ки сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо раиси ҷумҳури Амрико Ҷо Байден дидор доштанд. Коршиносон он замон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки бахши муҳиме аз дастури кори ҷаласа бояд мавзӯи давр задани таҳримҳо аз сӯи Русия аз тариқи хоки ин кишварҳо бошад. Бо ин ҳол, дар баёнияи муштараке, ки пас аз ҷаласа мунташир шуд, аз масъалаи амнияти энержӣ дар минтақа мегуфт.

Кетрин Путс, муҳаррири маҷаллаи “Diplomat” дар суҳбат бо бахши қазоқии “Радиои Озодӣ” гуфтааст, на Ҳаррис ва на Трамп дар бораи нишасти C5+1 баёнияи мушаххас нашр накардаанд. Аммо хонум Путс таъкид мекунад, ки ин бистари ҳамкориҳо “новобаста аз он ки чӣ касе дар Кохи Сафед буд, муассир воқеъ шуда буд”.

Кэтрин Путс ҳадс мезанад, ки ин эҳтимол кам аст, ки Ҳаррис дар сурати баранда шудан бо сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳочӯби C5+1 дидор кунад. “Аммо, ман ин интизорро ҳам надоштам, ки Байден бо онҳо дидор дошта бошад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ ин майдонро хеле хуб истифода мекунанд. Сиёсати хориҷаи чандинсамтаи Қазоқистон мисоли рӯшани он аст”, — мегӯяд Путс.

Алишер Ҳомидов, пажӯҳишгари қирғиз баръакси ин иддао C5+1-ро як бистари ноком медонад ва баргузор шудани нишастҳоро пас аз интихобот намебинад.

“Раиси ҷумҳури Русия Путин ва нахуствазири ин кишвар тақрибан ҳар моҳ ба кишварҳои Осиё Марказӣ мераванд. Сарони кишварҳои мо ҳам зуд-зуд ба Русия мераванд, ҳар моҳ мулоқот мекунанд. Аз ин рӯ, дар Русия гуфтугӯҳои шахсӣ ва фишангҳои таъсиррасон зиёд аст. Муҳоҷирони мо онҷо ҳастанд ва мо узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва СПАД ҳастем. Мо бахше аз паҳнои Русия мебошем. Амрико ин вазъиятро хуб медонад ва ба дарки ин расидааст, ки ворид кардани фишор бар мо душвор аст. Ман фикр мекунам, C5+1 аҳамияти худро гум мекунад, чун дар минтақаи мо робитаи дуҷонибаро бештар қадр мекунанд”, — мегӯяд Ҳомидов.

XS
SM
MD
LG