Навбатпоӣ барои хариди симкорт дар Душанбе. АКС, ВИДЕО

Хабари то 250 сомонӣ боло шудани нархи симкорт дар Тоҷикистон ва зарбулаҷали ширкатҳои мобилӣ ба муштариён, даҳҳо нафарро дар марказҳои хидматрасонӣ ҷамъ овардааст.

  • Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар як огоҳӣ гуфтанд, ки аз 1-уми сентябри имсол нархи симкорт ва, ҳамчунин, хадамоти аз як ном ба номи дигар гузарондани он 250 сомонӣ хоҳад шуд.
Бисёре аз сокинон аз тасмими боло бурдани нархи симкортҳо интиқод карданд. Онҳо гуфтанд, ки ин тасмим дар сурати амалӣ шудан ҷайби мардумро холӣ хоҳад намуд.

Баъзе афрод талош доранд, ки дар вақти арзонияш барои худ симкорти нав бигиранд. Дар Тоҷикистон барои як нафар гирифтани ду симкорт иҷозат аст.

Эҳромиддин Фаёзов, сокини шаҳри Душанбе, рӯзи 23-юми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои гирифтани як симкорти дигар ҳақ дорад ва мехоҳад, аз ин ҳаққаш истифода кунад. Аммо ӯ гуфт, дар марказҳои хидматрасонии ширкатҳои мобилӣ одами зиёд ҷамъ омадааст ва ӯ аз субҳ боз интизор аст.

"Ба мо гуфтанд, ки дар навбат истем. Агар ҳоло симкорти нав нагирем, баъдан нархаш гарон мешавад",-гуфт ӯ.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Навбатпоӣ барои хариди симкорт дар Тоҷикистон

"Гуфтанд, ки ба баъди ним сол биё"

Дар ин қатор онҳое низ ҳастанд, ки мехоҳанд симкортҳоеро, ки солҳо боз истифода мекунанду дар номашон нест, ба номи худ сабт намоянд. Чаро ки аз якуми сентябр нархи хадамоти аз як ном ба номи дигар гузарондан ё сабт кардани симкорт ҳам 250 сомонӣ хоҳад шуд.

Гузашта аз ин, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар як тарҳ пешниҳод кардааст, касоне, ки симкорташонро барои истифода ба нафари дигар додаанд ё каси дигар онро ғайриқонунӣ соҳиб шуда, "ба оқибатҳои вазнин оварда расондааст", то 12,5 ҳазор сомонӣ ҷарима ваё аз 2 то 3 сол зиндонӣ шаванд.

Гулсара Ғаффорова, яке дигар аз ҳамсуҳбатони мо мегӯяд, симкорте, ки ҳоло истифода мебарад, ба номи шавҳараш аст. "Хостам, ки онро ба номи худам сабт кунам. Аммо ба ман гуфтанд, ки пас аз шаш моҳ биоям. Шавҳарам дар Русия аст ва ин кор бе ҳузури ӯ имконпазир набудааст",- афзуд ӯ.

"Як симкортамро қатъ мекунанд"

Дар ин миён сокиноне, ки беш аз ду симкорт доранд, бояд фаъолияти симкортҳои зиёдатиро қатъ кунанд. Онҳо аз он норозӣ буданд, ки ин симкортҳо ҳар кадом вазифаи худро доранд ва дар сурати қатъи фаъолияташон, бисёре аз нақшаҳо баҳам хоҳанд зад.

“Ман се симкорт дорам. Мегӯянд, ки фаъолияти якеашро бояд қатъ кунем. Аммо ҳарсеаш ба ман зарур аст. Якеаш барои суҳбат бо аҳли хонавода хона истифода мешавад, дуи дигар барои кор”,-мегӯяд Файзалӣ Азизов, сокини пойтахт.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Олим Бобоев: "Болоравии нархи симкортҳо ба зиёни мардум аст" САДО, ВИДЕО

Талошҳои мо барои суҳбат бо намояндагони ширкатҳои мобилӣ натиҷа надод. Дар чаҳор ширкати мобилии Тоҷикистон касе ҳозир нашуд, ки мавқеи худро дар робита ба нархи симкортҳо ва ҷараёни харидуфурӯши он бо мо суҳбат кунад. Як рӯз пеш як намояндаи Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи онҳо аз қимат кардани нархи симкорт "ба қадр" кардани он аст.

Мақомот чӣ мегӯянд, сокинон чӣ?

Аммо бисёре аз сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз тасмими боло бурдани нархи симкортҳо ба шиддат танқид карданд. Онҳо гуфтанд, ин тасмим дар сурати амалӣ шудан ба ҷайби бе ин ҳам холии мардум зарба хоҳад зад.

Ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ маълум шуд, ки мақомоти Тоҷикистон нархи як симкорти телефонҳои мобилиро то 250 сомонӣ муқаррар кардаанд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, қарор буд, ин тасмим 20-уми август дар Тоҷикистон иҷро шавад, вале баъдан ширкатҳои мобилӣ эълон карданд, ки ин тасмим аз якуми сентябр амалӣ мешавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Аз 1 сентябр – 250 сомонӣ. СМС-и ширкатҳои мобилӣ ба соҳибони симкортҳо

Ширкатҳои мобилӣ дар як огоҳӣ гуфтанд, ин тасмим бар асоси "протокол"-и ҷаласаи якҷояи Вазорати умури дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз 8-уми августи имсол ва бо ҳадафи "таъмини амнияти муштариён", роҳандозӣ мегардад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Пешниҳоди то 3 соли зиндон – барои ба каси дигар додани симкорт дар Тоҷикистон