Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон IMEI-и ҳама телефонҳои мобилиро сабт мекунад


Агар дар гузашта телефони мобилии шумо дуздида шуд ва ё онро гум кардед ва аз пайдо кардани он ноумед шудед, ҳоло сабти рақамҳои IMEI-и телефонҳо аз сӯи мақомот, ин имконро ба шумо медиҳад, ки онро дигарбора дарёфт намоед.

Дар Тоҷикистон тарҳи қароре таҳия мешавад, ки сабти рақами IMEI ҳама гуна телефонҳои мобилӣ ва воситаҳои алоқаи барқиро дар назар дорад. Сабти номи рақами IMEI дар феҳристи ягонаи давлатӣ ба кӣ тааллуқ доштани ин оё он телефонро барои идораҳои давлатӣ ба осонӣ маълум мекунад.

Коршиносон мегӯянд, сабти рақами IMEI ҳамаи телефонҳои айни ҳол дар дасти мардум буда, кори саҳле нест ва маъракаи хеле пурхарҷ хоҳад шуд.

Шакли кӯтоҳшудаи IMEI- Рақами байналмиллалии дастгоҳи мобилӣ аст, ки ҳар телефони мобилии истеҳсолшуда дар ҳар гӯшаву канори ҷаҳон новобаста ба навъу тамғааш, онро дорад. Мақомот ва ширкатҳои мобилӣ тавассути ин рақам як телефони мобилиро аз дигар фарқ мекунанд.

Лоиҳаи қарори ҳукумати Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии IMEI-и алоқаи барқӣ" ном дорад ва моҳи феврали соли равон бо ташаббуси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон таҳия шудааст. Айни замон ин лоиҳа дар баррасии ниҳодҳову идораҳои давлатӣ қарор дорад.

"Ҳеҷ бадие надорад"

Нодир Мирзоев, узви Шӯро оид ба технологияҳои иттилоотиву мухобиротӣ рӯзи 9-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, таҷрибаи сабти номи IMEI дар феҳристи ягонаи давлатӣ дар дигар кишварҳо низ вуҷуд дорад.

Ӯ гуфт: "Дар дигар кишварҳо низ таҷрибаи ба қайдгирии рақами IMEI-и телефонҳои мобилӣ вуҷуд дорад. Ин ҳеҷ бадӣ надорад, мисле, ки ҳар мошине ба кишвар ворид шавад, рақами мушахаси он дар БДА сабт мешавад, рақами ҳар телефон низ ҳамин тавр сабт мешавад".

Таҷрибаи сабти рақами IMEI дар дигар кишварҳо

Нахустин кишваре, ки таҷрибаи сабти номи рақами IMEI-и ҳамаи телефонҳои мобилиро дар қаламраваш ҷорӣ кард, Туркия аст. Бинобар иттилои матбуот, дар ин кишвар дуздии телефонҳои авҷ гирифт ва ҳукумати Туркия барои ҷилавгирӣ аз ин падида, сабти номи рақами IMEI-и ҳамаи телефонҳои мобилро ба роҳ монд.

Туркия бо созмон додани чунин як маркази вижа дар Анкара, шаҳрвандонро муваззаф кард, ки дар муддати муайян рақами IMEI-и телефони худро ба ин марказ ирсол кунанд. Ҳоло ҳама гуна телефонҳои мобилие, ки ба ин кишвар ворид мешаванд, рақами IMEI-ашон ба ин феҳрист ворид карда мешавад.

Ҳар шаҳрванди Туркия ҳаққ дорад танҳо дар ду сол як маротиба аз хориҷа бо худ телефони мобили харида орад, вале муваззаф аст рақами IMEI-и онро дар феҳристи ягонаи давлатӣ сабт кунад.

Чаро IMEI дар Тоҷикистон сабт мешавад?

Масъулони Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ҳадаф аз сабти рақами IMEI-и телефонҳо дар феҳристи давлатиро шарҳ надоданд.

Аммо ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ аз идораҳои давлатии марбут ба мухобирот гуфтанд, ин иқдом ба хотири таъмини аминият рӯи даст гирифта шудааст.

Чун бо густариши обзорҳои мухбиротии ба мисли Вайберу Вотсап шиносии гуфтугӯкунандагон аз рӯи симкорт душвортар мешавад ва аз ин рӯ мақомот мехоҳанд мушахасан ба кӣ тааллуқ доштани телефони мобилиро барои худ яқин кунанд.

"Ин амал паёмадҳои духӯра дорад"

Ғафурҷон Эркаев, роҳбари Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон.
Ғафурҷон Эркаев, роҳбари Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон.

Ғафурҷон Эркаев, роҳбари Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сабти номи рақами IMEI дар кишвар паёмадҳои духӯра дорад. Эркаев гуфт, аз як ҷониб сабти номи ҳама рақамҳои IMEI-и телефонҳо ва таъсиси базаи ягонаи маълумот ҷустуҷӯ ва пайдо кардани телефонҳои дуздиро хеле осон мекунад.

"Вале аз ҷониби дигар таъсиси чунин як марказ пардохти музди маоши коргарон, хароҷоти изофии бе ин ҳам зиёди ширкатҳои мобилиро дар Тоҷикистон зиёд мекунад".

Эркаев гуфт, сабти рақами IMEI-и телефонҳо нав ба кишвар воридшаванда дар марзи гумрукӣ барои сокинон ва ширкатҳо чандон мушкил пеш намеорад. Аммо сабти рақами IMEI ҳамаи телефонҳои айни ҳол дар дасти мардум буда, кори саҳле нест ва маъракаи хеле пурхарҷ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG