Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ба тамоми марказҳои дилерӣ дастур додааст, ки фаъолияти нуқтаҳои фурӯши симкортҳоро муваққатан қатъ кунанд.
Бар асоси дастури Хадамоти алоқа, ки 30 ноябр содир шуд, аз субҳи имрӯз 1 декабр фаъолияти тамоми марказҳои дилерӣ қатъ шудааст. Феълан дақиқ нест, ки нуқтаҳои фурӯши симкортҳо дубора фаъол мешаванд ё не, аммо тибқи иттилои дарёфтӣ ҳаққи фурӯши симкортҳо танҳо ба ширкатҳои алоҳида вогузор мешавад.
“Гуфтанд ки бо сабаби амниятӣ фаъолиятро қатъ кунед”
Тибқи иттилои дарёфтӣ аз ин ба баъд фурӯши симкортҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва атбои хориҷӣ танҳо ба ду ширкат – "Ошно-групп" ва "О мобайл" дода мешавад.
Як ҳамсуҳбати мо дар ширкатҳои мобилӣ, ки нахост номаш ифшо шавад гуфт, бар асоси дастури хадамот бояд фаъолияти тамоми нуқтаҳои фурӯши симкортҳо, ки ба марказҳои дилерӣ тааллуқ доранд, муваққатан қатъ шавад.
Ба қавли ин ҳамсуҳбати мо, дар дастури Хадамоти алоқа кутоҳ инро ба омилҳои амниятӣ рабт додаанд ва гуфта нашудааст, ки нуқтаҳои фурӯши симкорт дубора фаъол мешаванд ё не. Дар назар аст, ки пагоҳ 2 декабр ин масъала дар Хадамоти алоқа баррасӣ шуда, тақдири идомаи фаъолияти марказҳои дилерӣ маълум шавад.
Дар Тоҷикистон бинобар иттилои ширкатҳои мобилӣ то 100 маркази дилерӣ фаъолият мекунанд, ки тақрибан 80 дарсади онҳо ба соҳибкорони инфиродӣ тааллуқ доранд ва боқимонда дар шакли ширкатҳо фаъолият мекунанд. Ин дилерон ба навбати худ то 10 ҳазор субдилеронро дар ихтиёр доранд. Субдилер – агент ё намояндаи дилер аст, ки аз роҳи миёнаравӣ тиҷоратро ба роҳ мемонад. Бинобар арзёбии ширкатҳои мобилӣ, 80 дарсади SIM-корти муштариён маҳз тавассути дилерон ба фурӯш рафтааст. Иҷозатномаи фаъолияти марказҳои дилериро Хадамоти алоқа содир мекунад. Дар ҳолати аз кор мондани марказҳои дилерӣ садҳо нафар ҷойи кори худро аз даст медиҳанд.
Ба қавли ҳамсуҳбати мо дар яке аз ширкатҳои мобилӣ, ҳоло фурӯши симкорт танҳо тариқи шуъбаҳои кор бо муштариёни ширкатҳо сурат мегирад.
“Дар як ноҳия танҳо як марказ”
Дастури Хадамоти алоқа дар бораи қатъи муваққатии нуқтаҳои фурӯши симкорт дар ҳоле содир мешавад, ки баъзе аз марказҳои хизматрасонии ширкатҳои мобилӣ низ фаъолияти худро дар минтақаҳои кишвар қатъ кардаанд.
Шодибой Қодиров, як масъули маркази хизматрасонии ширкати Тселл дар шаҳри Кӯлоб мегӯяд, субҳи 1 декабр ба онҳо супориш доданд, ки дари коргоҳро маҳкам карда, мувақатан фаъолият накунанд.
Ба қавли ҷаноби Қодиров, “фармон шуд, ки фаъолиятатонро қатъ кунед. Чунки фармон баромадааст, ки дар ҳар шаҳру ноҳия танҳо як маркази хизматрасонии ширкати мобилӣ бошад. Яъне акнун аз ҳар ширкат дар як шаҳр ё ноҳия танҳо як марказ боқӣ мемонад.”
Ин масъули ширкати Тселл мегӯяд, онҳоро муваққатан ба рухсатии бемузд равон кардаанд.
“Бозори фурӯши симкорт ба дасти кӣ мегузарад?”
Масъулини Хадамоти алоқаи Тоҷикистон расман аз ироаи ҳамагуна шарҳ дар бораи ин ин масъала худдорӣ мекунанд. Аммо тибқи иттилои дарёфтӣ аз ин ба баъд фурӯши симкортҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва атбои хориҷӣ танҳо ба ду ширкат – "Ошно-групп" ва "О мобайл" дода мешавад.
Мақомот мегӯянд, бо ин роҳ бозори фурӯши SIM-корти телефонҳоро ба танзим медароранд ва сохторҳои давлатӣ дар бораи ҳар соҳиби телефон иттилои дақиқ ва расмӣ хоҳанд дошт. Ҳадаф – ҷилавгирӣ аз бебандуборӣ, даст ба даст шудани шумораи телефонҳо, ҷилавгирӣ аз истифодаи симкортҳои Тоҷикистон бо ҳадафҳои ҷиноӣ ва ҳам ба дасти гурӯҳҳои ифротгарову террористӣ роҳ ёфтани SIM-кортҳо будааст. Вале мунтақидон мегӯянд, чунин тасмим дар бозори SIM-кортҳо як монополияи нав ҷорӣ мекунад.
Дар ҳамин ҳол, ҳамсуҳбатони мо дар ширкатҳои мобилӣ гуфтанд, Хадамоти алоқаи Тоҷикистон дастур додааст, кулли SIM-кортҳо ба шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи ширкате бо номи “Ошно-групп” фурӯхта шаванд. Соли гузашта Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо ирсоли як нома аз ҳамаи ширкатҳои мобилӣ тақозо кард, ки SIM-кортҳоро ба шаҳрвандони хориҷӣ танҳо тавассути ширкати “О мобайл” бифурӯшанд.
Дар ҳоле ки иттилоъ дар бораи ширкати «О мобайл» дастрас нест, ширкати «Ошно-групп» дар бинои марбут ба “Тоҷиктелеком” – ширкати давлатии мухобиротӣ ҷойгир аст. Вале масъулони ин ширкат аз сӯҳбат бо Радиои Озодӣ худдорӣ карданд. Дар мавриди ин ширкат ҳам маълумоти зиёде дар даст нест. Танҳо тибқи феҳрасти Кумитаи андози Тоҷикистон, ин ширкат моҳи декабри соли 2015 ба шаҳрвандони Тоҷикистон Сиёвуш ва Рамз Зуҳуровҳо тааллуқ дорад.
“Барои кайк пустинро насӯзонед”
Таҳлилгарон мегӯянд, агар ҳадаф ба танзим даровардани бозори фурӯши симкортҳо аст, бояд нуқсонҳои ҷойдоштаро ҳал кард, на инки фаъолияти ҳамаро манъ кунанд.
Ғафурҷон Иркаев, раиси Анҷумани ширкати мобилии Тоҷикистон, қаблан ба Радиои Озодӣ гуфта буд, воқеан дар фурӯши SIM-корт тавассути марказҳои дилерӣ нуқсон ҷой дошт ва он бояд ислоҳ шавад: “Аммо манъ кардан ва таҳти инҳисор қарор додани ин бозор роҳи ҳал нест”, - мегӯяд ӯ.
Иркаев афзуд, беҳтарин роҳ ин муколамаи ширкатҳои мобилӣ бо танзимгари ин соҳа аст, ки дар якҷоягӣ ва бо назардошти манофеи дуҷониба мушкилро ҳал кунанд.
Дар Тоҷикистон ҳоло 4 ширкати бузурги мобилӣ – «Бабилон», «Мегафон», «Тселл» ва «Билайн», ки то баҳори имсол дар маҷмуъ, 4 миллиону 400 ҳазор муштарӣ доштанд. Ҳамзамон бинобар арзёбии коршиносон ҳудудан 1 миллион муштариёни “калаванда” низ вуҷуд доранд, ки барои хидматрасонӣ ба онҳо фаъолияти марказҳои дилерӣ зарур аст.
Соҳаи мухобироти Тоҷикистон то чанд соли пеш аз бахшҳои босуръат рушдкунандаи иқтисоди кишвар маҳсуб меёфт, вале дар як соли охир се ширкат – «Тселл», «Мегафон» ва «Билайн» аз ҷониби сохторҳои андоз барои мушкил дар пардохти молиёт ҷарима шуданд. Аз ҷумла, ширкати «Билайн» 151,3 миллион сомонӣ, «Мегафон» - 155 миллион сомонӣ ва «Тселл» - 155 миллион сомонӣ ҷарима шуданд. Ду ширкати аввал дар баҳсҳои додгоҳӣ мағлуб шуданд. Ширкати «Тселл» гуфтааст, ки нияти тарки бозори Тоҷикистонро дорад, чунки дигар фаъолияти худро дар ин бозор аз назари манфиатҳои молӣ – бефоида арзёбӣ мекунад.