Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соати ҳушманд ба ҷойи телефон – дар мактабҳои Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Баъд аз манъи истифодаи телефони ҳамроҳ дар мактаб, ки аксари волидон барои огоҳ шудан аз ҳоли фарзандон истифода мекарданд, бастани соати ҳушманд дар дасти кӯдакҳо маъмул шудааст. Бархе аз волидон мегӯянд, ки аз ин тариқ натанҳо аз вазъи фарзандон, балки аз куҷо то куҷо рафтани онҳоро зери назар хоҳанд дошт.

Порлумони Тоҷикистон соли 2009 истифодаи телефони ҳамроҳ дар таълимгоҳҳоро манъ кард.

Мавзуна, як сокини шаҳри Душанбе, рӯзона то даҳ соат кор мекунад. Ӯ рӯзи 3-юми сентябр гуфт, барои онки давоми рӯз хотираш ҷамъ бошад, барои писари мактабхонаш соати ҳушманд харид. Ҳоло, ба гуфтаи ин модари ҷавон, ӯ дар баробари кор, ҳамеша аз ҳоли писараш бохабар аст.

“Барои мисол, агар кӯдак дар ҷойи хатарнок аст, бо пахши як тугма метавонад аз ин соат ба телефони наздикон паёмаки худкор фиристад. Дар ин гуна соатҳо аз 3 то 15 шумораи телефон сабт мешавад. Кӯдак метавонад, ки бо пахши тугма ба яке аз аъзои хонавода занг занад. Хубии дигари ин соатҳо ин аст, ки GPS дорад ва макони ҳузури кӯдакро муайян мекунад”, - афзуд ин ҳамсӯҳбати мо.

"Баҳо ба рафтори кӯдак"

Мисли Мавзуна чандин волидони дигар ҳам бо бастани ингуна соат дар дасти фарзандони худ аз ҳоли онҳо дар мактабу боғча бохабар мешаванд. Онҳое, ки тавассути соатҳои кӯдаконаи ҳушманд фарзандони худро назорат мекунанд, мегӯянд, ба он симкорт гузошта, ба интернет пайваст мекунанд. Маъруф Ҳамидов, як падари ҷавон, мегӯяд, ҳадаф аз бастани чунин соат дар дасти писараш танҳо назорати ӯ дар берун аз хона нест. Зеро, ба гуфтаи ӯ, замимаҳои ин соат ҷолибанд ва кӯдакро барои рафтори хуб ва таҳсили намунавӣ ҳам баҳогузорӣ мекунад.

Ӯ афзуд, “дар соат аломати махсус бо рамзи “дил” ҳаст ва рафтори кӯдакро бо ҳамин аломат баҳо мегузорад. Ҳамчунин, ин соатҳо мисли телефон нестанд, ки дар соати дарсӣ ба ӯ занг зада, ба ҷараёни дарс халал расонанд. Вақте онро танзим мекунед, барои мисол аз соати 8-00 то 12-00 касе наметавонад занг занад ё паёмак фиристад. Яъне, назорат тавассути ин соат хеле осон аст чун бо телефони волидон пайваст аст.”

"Хонаводаҳои ҷавон меҷӯянд"

То як соли пеш дар Тоҷикистон қариб касе аз ин соатҳо хабар надошт. Ҳоло таваҷҷуҳи хонаводаҳои ҷавон ба ин навъи соатҳо афзудааст

Ин мусоҳиби мо мегӯяд, чунин соатҳои ҳушманд ҳар як қадами кӯдакро низ ҳисоб мекунад. “Ин худ нишон медиҳад, ки фарзанди шумо имрӯз фақат ба мактаб рафт, ё аз хатти кашидаи шумо берун баромад. Дар ҳолати берун шудан аз минтақаи муайян ба шумо паёмак мерасад”, - афзуд ӯ.

Соатҳои кӯдаконаи ҳушманд, вобаста ба шаклу сохташон бештар аз даҳ замима, аз ҷумла занги соат, харита ва феҳристи рақамҳо доранд. Аммо “SeTracker” барномаи асосиест, ки соати ҳушмандро ба телефони волидон пайваст мекунад. Ҳоло фурӯши ингуна соатҳо дар мағозаҳои Тоҷикистон зиёд маъмул нест, вале онҳое, ки аз он истифода мекунанд, гуфтанд, ки аз хориҷи кишвар дастрас кардаанд.

Азиз Каримов, тоҷире, ки фармоиши чунин соатҳоро қабул мекунад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бештар аз Амрико ва Чин чунин соатҳоро ворид менамоянд. Ӯ гуфт, то як соли пеш қариб касе аз ин соатҳо дар Тоҷикистон хабар надошт, ҳоло таваҷҷуҳи хонаводаҳои ҷавон ба ин навъи соатҳо зиёд шудааст.

Хуб ё бад?

Фариштамоҳ Гулова
Фариштамоҳ Гулова

Аммо на ҳама ҷонибдори назорат кардани фарзандон тавассути чунин фанновариҳо ҳастанд. Маҳноз, як модари ҷавон, мегӯяд, се фарзандаш мактаб мехонанд ва ӯ бовар дорад, ки кӯдакон бидуни чунин соатҳо ҳам, ба қавле аз “хати кашидааш” берун намераванд. Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, беҳтар аст то замони ташаккули комили мағзи наврасон онҳо аз фанновариҳои рақамӣ, аз ҷумла чунин соатҳо, ки бо интернет пайваст ҳастанд, истифода накунанд.

Фариштамоҳ Гулова, мутахассиси фанновариҳои иттилоотӣ, дар ин маврид назари дигар дорад. Ӯ мегӯяд, истифодаи соатҳои ҳушманд барои кӯдакон боис ба он мешавад, ки онҳо аз хурдӣ одоби муошират ва истифодаи фанновариҳоро аз худ кунанд. Гузашта аз ин, ба гуфтаи ӯ, “дар кишваре мисли Тоҷикистон, ки дар баъзе маврид амнияти кӯдакон осебпазир аст, истифода аз чунин дастгоҳ ба манифати кор хоҳад буд”.

Манъи истифодаи телефони ҳамроҳ дар ҳашт соли пеш

Як пурсиши мо ҳам миёни волидоне, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол ҳастанд, муайян кард, ки на дар ҳама мактабу боғча истифодаи чунин соатҳоро иҷозат медиҳанд. Талоши волидон барои назорати фарзандон тавассути фанновариҳо дар ҳолест, ки танҳо дар як соли ахир мақомоти тоҷик нисбат ба ҳудудан 15 ҳазор падару модароне, ки вазифаи худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд, парванда боз намуда, ҷарима бастанд.

Порлумони Тоҷикистон дар соли 2009 истифодаи телефони ҳамроҳ дар таълимгоҳҳоро манъ кард. Аммо мухолифони ин қонун мегӯянд, манъи телефонҳои мобилӣ барои наврасон ва волидони онҳо мушкил эҷод мекунад, чунки бархе аз хонандагон дар масофаи дур аз манзили зисташон таҳсил мекунанд ва доштани телефон пеш аз ҳама ба хотири амнияти кӯдак ва огоҳии волидон аз ҳоли фарзанд хеле зарур аст.

XS
SM
MD
LG