Як вакили порлумони Тоҷикистон аз тасмими боло бурдани нархи симкортҳо интиқод кард ва гуфт, ин кор ба зиёни кисаи мардум аст. Ба қавли Олим Бобоев, вакили Маҷлиси Намояндагон ва вазири пешини нақлиёти Тоҷикистон, боло бурдани нархи симкортҳо "метавонад сатҳи истеъмолии мардумро коҳиш диҳад".
Рақобати озод вуҷуд надорад. Бинобар ин, нархро чи хеле хоҳанд, боло мекунанд. Агар диданд, ки даромадашон кам шуд, боз паст мекунанд
Мақомоти Тоҷикистон нархи як симкорти телефонҳои мобилиро 250 сомонӣ муқаррар кардаанд. Қарор буд, ин тасмим аз 20-уми август дар Тоҷикистон ба иҷро дарояд, вале баъдан ширкатҳои мобилӣ муштариёни худро огоҳ карданд, ки болоравии нархи симкортҳо аз якуми сентябри имсол иҷро мешавад.
Масъалаи боло бурдани нархи фурӯши симкортҳо дар аввали моҳи август дар як ҷаласа бо иштироки менеҷерони сатҳи болоии ширкатҳои мобилӣ, намояндагони Хадамоти алоқа ва мақомоти қудратӣ матраҳ ва ниҳоӣ шудааст.
Вакил: “Рақобати озод вуҷуд надорад”
Олим Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон, рӯзи 22-юми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, боло бурдани арзиши симкортҳо сатҳи хароҷоти мардумро дар кишвар боз ҳам боло мебарад. Дар ҳоле ки ба қавли ӯ, бе ин ҳам сатҳи хароҷоти мардум дар Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои дигар 40-45 дарсад баланд аст.
"Болоравии нарх масъалаи хубе нест. Як андоза таваррумро боло мекунад ва ба буҷети оилаҳо ҳам таъсири манфӣ мерасонад", - афзуд ӯ.
Ин вакили порлумон аз он изҳори таассуф кард, ки дар кишвар индикатори бозор кор намекунад ва нархҳо ҳам монополӣ шудаанд. Олим Бобоев афзуд, “дар инҷо омили монополия аст. Хадамоти зиддиинҳисорӣ нархҳоро тасдиқ мекунад ва бозор ҳамчун индикатори сатҳи хароҷоти молу маҳсулот баромад карда натавониста истодааст.”
Вакили Маҷлиси намояндагон, инчунин, гуфт, боло рафтани нархи тамосу нақлиёт ҳамеша ба ҷайби мардум таъсири манфӣ хоҳад гузошт. Ӯ гуфт, ба ҷойи боло бурдани қимати симкорт беҳтар буд, хароҷоти истеҳсолиро кам карда, рақобатро зиёд намоянд. Инчунин, ба қавли мусоҳиби мо, технологияҳои навро ворид кунанд ва ба ин восита сифати хидматрасониро боло баранд.
"Рақобати озод вуҷуд надорад. Бинобар ин, нархро чи хеле хоҳанд, боло мекунанд. Агар диданд, ки даромадашон кам шуд, боз паст мекунанд", - хулоса кард Олим Бобоев.
Хадамоти алоқа: “Аз қимат шудани симкорт фоида намегирем”
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҳоле аз боло бурдани нархи симкорт интиқод мекунад, ки Хадамоти алоқа онро кори дуруст медонад. Нусратулло Давлатов, як масъули Хадамоти алоқа, рӯзи 22-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт, бо боло бурдани қимати симкорт мехоҳанд, қадри онро бардоранд, то мардум ҳар рӯз симкорти худро иваз накунанд.
Шарҳи намояндаи Хадамоти алоқа дар ин навори видеост:
Давлатов рӯзи 22-юми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо симкорти арзон одамон якдигарро таҳқир мекарданд ва ҳатто оилаҳо аз ҳам ҷудо мешуданд. “Вақте нархи як симкорт 5 сомонӣ буд, баъзеҳо онро харида, шахси дигарро соати 2-3 шаб таҳқир мекарданд ва симкортро мепартофтанд. Ҳодисаҳои зиёде шудааст, ки ба воситаи телефон чанд оила вайрон шудааст. Бинобар ин, нархи симкорт барои боқадр шудан қимат карда шуд”, - гуфт Давлатов.
Ин масъули Хадамоти алоқа иддаои фоида гирифтани ин ниҳодро аз боло рафтани қиммати симкорт рад кард. Ӯ гуфт, маблағи фурӯши симкортро ба ҳисоби ширкатҳои мобилӣ меравад ва аз он танҳо андоз гирифта мешавад.
Аммо ширкатҳои мобилӣ аз ин маблағҳои ҳангуфти ғайриинтизор хушнуд нестанд. Инҳо аз ин нигаронанд, ки сол то сол гарон шудани хадамот ва акнун шадидан боло рафтани қиммати симкорт муштариҳоро мегурезонад. Барои мисол, ба гуфтаи мақомоти Хадамоти алоқа, даромади ширкатҳои мобилии Тоҷикистон дар панҷ соли охир аз 600 миллион то 300 миллион, яъне 50 дарсад коҳиш ёфтааст.
Аз оғози ҳафта ширкатҳои мобилӣ бо ирсоли паёмакҳо муштариёни худро аз гарон шудани арзиши симкортҳо хабар огоҳ карданд. Аммо аз чаҳор ширкати мобилии Тоҷикистон то ҳол касе ҳозир нашудааст, ки мавқеи худро дар робита ба нархи сангини симкорт расман шарҳ диҳад. Дар ҳоле ки масъулони Хадамоти алоқа иддао доранд, ки ширкатҳои мобилӣ ба тасмими онҳо зиддият накарданд.
Аммо масъули яке аз ширкатҳои мобилӣ ба шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ширкатҳои мобилӣ аз боло бурдани қимати симкортҳо ҷиддан норозианд. “Аммо ҳамагуна изҳорот ё норозигӣ ба ин тасмим ба маънои худкушӣ аст. Мо метарсем, ки агар норозигӣ кунем, иҷозатномаҳои баъзе хидматрасониҳои моро бозпас мегиранд. Яъне, бароямон мушкил эҷод мекунанд ва ҳам медонем, ки норозигии мо чизеро тағйир намедиҳад”, - афзуд ӯ.
“Ҷинояткор барои симкорт 250 сомонӣ намеёбад?”
Таҳлилгарон мегӯянд, боло бурдани нархи симкорт роҳи муассири мубориза бо терроризм нест ва танҳо ба ҷайби мардуми оддӣ зарба мезанад. Рустам Гулов, коршиноси арсаи мухобирот дар Тоҷикистон гуфт, онки ин иқдом бо терроризм мубориза мебаранд, аз “популизм” зиёдтар нест.
Ба қавли ин коршиноси тоҷик, «нафаре хоҳад, ки ба ягон ҷиноят даст занад, ҳазорҳо долларро барои хариди ҳаргуна ҷиҳоз сарф мекунад ва омада барои симкорт 250 сомонӣ магар маблағ намеёбад? Ин, албатта, аз мантиқ берун аст ва як роҳи пул кор кардан аст.”
Рустам Гулов мегӯяд, паёмади боло бурдани арзиши симкорт танҳо ба паст шудани суръати рушди бахши алоқа мерасонад.