Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз 1 сентябр – 250 сомонӣ. СМС-и ширкатҳои мобилӣ ба соҳибони симкортҳо


Як СМС-и ширкатҳои мобилии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки натанҳо нархи симкорт, балки хадамоти аз як ном ба номи дигар гузарондани симкортҳо низ 250 сомонӣ хоҳад шуд.​

Ин нархномаро бояд Хадамоти зиддиинҳисорӣ тасдиқ кунад ва даҳ рӯз пеш аз иҷрои он бояд муштариҳо низ огоҳ карда шаванд

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон бо ирсоли як СМС муштариёни худро огоҳ карданд, ки аз 1-уми сентябр арзиши "переоформление" ё ба номи каси дигар гузарондани симкортҳои "зиёдатӣ"-ашон 250 сомонӣ хоҳад шуд. Чунин огоҳӣ рӯзи 19-уми август асосан ба онҳое дастрас шуд, ки беш аз ду симкорт доранд ва баъзеи ин симкортҳо дар истифодаи каси дигар аст.

  • Ширкатҳои мобилӣ бо ин СМС аз як тараф муштариёнро барои халосӣ аз симкортҳои "зиёдатӣ" огоҳ карда, аз тарафи дигар хабари 250 сомонӣ шудани нархи симкортҳоро тасдиқ намудаанд.

Муҳаммад, як сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, ба номаш чаҳор симкорт сабт шудааст ва яке аз онҳоро ба дӯсти қаринаш дода буд. Аз ширкат хостаанд, ки ин симкорт ба номи нафаре сабт карда шавад, ки онро истифода мебарад.

"Дар ширкати "Мегафон" ба ман фаҳмонданд, ки бо ҳамон дӯст ба идораашон равем ва онҳо симкортро ба номи ӯ сабт мекунанд. Ин корро то аввали сентябр кунем, вагарна нархаш 250 сомонӣ мешудааст", - гуфт ӯ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Видео: "Болоравии нархи сим-корт бар зарари кисаи мардум аст"

Вокс-поп: "Болоравии нархи сим-корт бар зарари кисаи мардум аст"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:20 0:00

Дар ҳоли ҳозир сокинони Тоҷикистон ҳақ доранд, ки ба номи худ танҳо ду симкорт дошта бошанд. Дар гузашта мардум дар хариду фурӯши симкортҳо озод буданд ва як нафар метавонист, соҳиби чанд симкорт гардад. Инчунин, ба номи каси дигар гузарондани симкортҳо танҳо бо пешниҳоди шиноснома ва бе пардохти иловагӣ сурат мегирифт.

Ширкати "Мегафон" рӯзи 19-уми август ба даҳҳо муштарии худ навишт, воқеан, хадамоти ба номи каси дигар гузарондани симкорт то якуми сентябр мисли пешина сурат мегирад ва барои анҷоми ин кор шиносномаи соҳиби симкорт ва истифодабарандаи он зарур асту бас. Аммо ин ширкат ҳушдор додааст, ки чунин хадамот аз якуми сентябри имсол 250 сомонӣ хоҳад шуд.

Дар як ширкати дигари мобилӣ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки як ҳафта боз ба муштариёни дорои беш аз ду симкорт чунин огоҳӣ мефиристанд.

Мусоҳиби мо ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, "бисёриҳо дар вақташ симкорт гирифта, дар ихтиёри худ нигоҳ медоранд ё ба наздиконашон додаанд. Агар симкортҳо 250 сомонӣ шавад, ин афрод метавонистанд бо нархи арзонтар симкортҳои худро ба номи каси дигар гузаронанд. Чунки мардум чизи арзон мекобанд. Аз ин хотир нархи ин хадамот ҳам боло бурда шуд, то фарқ миёни харидани симкорти нав ваё аз номи каси дигар ба номи худ гузарондани симкорт боқӣ намонад."

Ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ маълум шуд, ки мақомоти Тоҷикистон нархи як симкорти телефонҳои мобилиро то 250 сомонӣ муқаррар кардаанд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, қарор аст, ин тасмим пас аз 20-уми август дар Тоҷикистон иҷро шавад ва ширкатҳои мобилӣ муваззаф хоҳанд буд, симкортҳоро бо ҳамин нарх ба фурӯш бароранд.

Муштариёни "Мегафон" мегӯянд, ба ин мазмун СМС гирифтанд, Шумо чӣ?

Ҳамсуҳбати мо дар як ширкати мобилии Тоҷикистон гуфт, ба расмиятдарории ин тасмим каме тӯл кашидааст ва зоҳиран маърака аз 1-уми сентябри имсол шуруъ хоҳад шуд. "Чунки ин нархномаро бояд Хадамоти зиддиинҳисорӣ ҳам тасдиқ кунад ва даҳ рӯз пеш аз иҷрои он бояд муштариҳо огоҳ карда шаванд", - шарҳ дод мусоҳиби мо.

То 250 сомонӣ афзудани нархи симкорт ва ҳамин тавр ба номи каси дигар гузарондани он бисёриҳоро шигифтзада кардааст. Чанде аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, мақомот набояд то ба ин ҳад ба ҷайби мардум дастдарозӣ кунанд.

Аммо баъзе аз мақомот мегӯянд, ин тасмим дар доираи мубориза бо терроризм гирифта шудааст, то "сокинон ҳар дам онро иваз накунанд".

Феълан дар Тоҷикистон чаҳор ширкат – "Бабилон", "Тселл", "Мегафон" ва "Билайн" ба аҳолӣ хадамоти мобилиро пешниҳод мекунанд. Дар Тоҷикистон айни замон 4,1 миллион муштарии фаъоли алоқаи мобилӣ вуҷуд доштааст.

XS
SM
MD
LG