Тавофуқи Душанбе ва Бишкек ба сохтмони роҳҳо дар мавзеъҳои баҳсӣ

Дар шаҳри Бишкек созишномаи миёни Тоҷикистону Қирғизистон барои сохтмони роҳ ва пул дар мавзеъи баҳсии миёни ин ду кишвар ба имзо расидааст.

Музокираи дурӯзаи роҳбарони комиссияи ҷонибҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи марз ба анҷом расид. Дар анҷоми мулоқоти муовинони нахуствазири Тоҷикистону Қирғизистон Муродалӣ Алимардон ва Абдураҳмон Маматалиев санаде ба имзо расид, ки иҷозат медиҳад дар мавзеъи баҳсии сарҳадии миёни ин ду кишвар Қирғизистон пули мошингузар ва роҳ сохта шавад.

Дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ аз шаҳри Бишкек Абдураҳмон Маматалиев, муовини нахуствазири Қирғизистон гуфт, дар мулоқот онҳо, ки ду рӯз пеш дар шаҳрим Бишкек сурат гирифт, бештар сари сохтмони роҳ ва пулҳо тамаркуз кардаанд:

«Мо асосан, таваҷҷӯҳи бештар ба сохтмони роҳи Куктош-Оқсой- Тамдиқ- Кишмиш ва ду пул дар ноҳияи Лайлак кардем, ки дар охир ҳарду ба як хулосаи умум омадем. Аз ҳама асосӣ мо созишномаеро ба имзо расондем, ки дар он сароҳатан омадааст, ки 10-уми июл сохтмони роҳу пулҳоро шурӯъ мекунем. Ин роҳ дар қисми поёнӣ асосан аз ҳудуди марзи мо мегузарад ва қисми болоии ин роҳро ҳам шаҳрвандони мо ва ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон барои ба чарогоҳҳои тобистона рафатан истифода мекунанд.»

Ба гуфтаи Маматалиев, дар музокира бо ҳайати кории Тоҷикистон ҳамчунин санаде омода шудааст, ки тибқи он роҳи Исфара-Ворухро метавонанд ҳарду ҷониб истифода баранд, аммо ин санад дар ҳоли баррасӣ қарор доштааст. Ғайр аз ин, ҷонибҳо ба пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи истифодаи умуми роҳи Оқсой – Ворух ба тафовуқ омадаанд. Ба гуфтаи вай, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд тавассути мавзеъи аҳолинишини Оқсой ба Ворух раванд.

«Ҳамаи ин тарҳҳо алакай мувофиқа шудааст. Мо протколеро барои ҳамзамон оғоз кардани роҳ ва ду пул дар ноҳияи Лайлак имзо кардем», гуфт Маматалиев.

Тавре сомонаи ҳукумати Қирғизистон иттилоъ медиҳад, тарҳи Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи истифодаи роҳи мошингарди наздимарзии «Куктош-Оқсой- Тамдиқ- Кишмиш» ва «Исфара-Ворух» рӯзи 7-уми июл дар шаҳри Қайроқуми вилояти Суғд дар вохӯрии таҳлилгарону коршиносони ҳарду ҷониб мавриди омӯзиш қарор мегирад.

Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ Мамиталиев дар бораи эълон шудани гунаҳкорони тирпаронии 11-уми яанвар, ки дар баъзе рсонаҳои хабарӣ аз анҷоми тафтиши ҳодиса иттилоъ дода шудааст гуфт: «Вақте маро дар ин бора пурсиданд, гуфтам, ки тафтишот дар ҳоли анҷомёбист ва гунаҳкоронро бояд додгоҳ эълон кунад. Ғайр аз ин касе ҳақ надорад, ки касеро гунаҳкор эълон кунад.» Маматалиев қайд кард, ки аз кори комиссияи байниҳукуматӣ ҳарду ҷониб розияд.

Тоҷикистону Қирғизистон - ду кишвари собиқ шӯровӣ, бо вуҷуди равобити "бародарона" доштан бо сабаби мушаххас набудани бархе аз мавзеъҳои марз сокинони наздимарзӣ го-гоҳе бо ҳам вориди муноқиша мешавад.

Аз ҷумла зӯҳри 11-уми январ муноқишаи байни марзбонҳои тоҷику қирғиз дар марзи байни рустоҳои Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара ва Оқсойи вилояти Бодканд ба тирпарронӣ печид. Дар натиҷа 2 сарбози тоҷик, 5 марзбони қирғиз ва як милисаи қирғиз ҷароҳат бардоштанд. Қирғизистон ба дунбол марзҳояш бо Тоҷикистонро баст ва сафираш Урмат Саралиевро аз Душанбе "барои машварат" фаро хонд.

Мушкилоти асосии Тоҷикистону Қирғизистон дар масоили марзист. То имрӯз аз 976 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон танҳо 504 километраш пурра таъин ва аломатгузорӣ шудааст. Идомаи баҳси ду кишвар бар сари қисматҳои боқимондаи марз, аз ҷумла такяи Қирғизистон ба харитаи соли 1989 ва такя кардани Тоҷикистон ба харитаи қадимтари соли 1924, соли таъсиси Тоҷикистону Қирғизистон, мунҷар ба он шуд, ки Душанбеву Бишкек аз соли 2006 ба ин тараф дар раванди таъин ва аломатгузории марзҳояшон дигар ягон километр пеш нарафтаанд.

Манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ки Қирғизистон ба тақрибан 2,5 ҳазор гектар замин дар дохили қаламрави Тоҷикистон даъво дорад. Тоҷикистон ба навбати худ иддао дорад, ки дар натиҷаи иҷорадиҳии заминҳои кишту чарогоҳ, ки байни ҷумҳуриҳои “дӯст ва бародар”-и Шӯравӣ як амри роиҷ буд, имрӯз дастикам 143 000 гектар заминаш дар Қирғизистон мондааст.